
Мурод аз муъҷизаҳои Қуръон умурест, ки инсонҳо аз донистан ё содиркардани онҳо оҷиз мебошанд. Барои исботи ҳақ будани Қуръони карим Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло аз тариқи ҳодисаҳои рухдода дар олам ва дар нафсҳои фарзандони Одам ва ё аз роҳи кашфиётҳои улуми ҷадид ва ғайра он муъҷизаҳои Қуръониро барои бандагонаш ошкор мекунад ва нишон медиҳад. Зеро дар ояти 53 сураи “Фуссилат” чунин ваъда додааст:
{سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنْفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍشَهِيدٌ} (فصلت: 53)
“Ба зудӣ нишонаҳои худро дар каронаҳои олам ва дар нафсҳои худашон ба онон нишон медиҳем, то барояшон равшан шавад, ки он (яъне Қуръон) ҳақ аст. Оё бар ҳама чиз ҳозир ва гувоҳ будани Парвардигорат кифояткунанда нест”.
Мо дар ин маврид аз китоби “Далоили масоил” чанд мисолҳо меорем.
ПАЙДОИШИ ОЛАМ
Дар ояти 30 сураи “Анбиё” Аллоҳ таоло дар мавриди марҳилае аз марҳилаҳои пайдоиши олам чунин хабар додааст:
{ أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَاهُمَا } (الأنبياء: 30)
“Оё кофирон надидаанд, ки осмонҳо ва замин бо ҳам баста (часпида) буданд ва мо онҳоро кушудем”.
Дар “Саҳеҳи масбур” (3/382) ояти каримаро Ибни Аббос чунин тафсир кардааст:
“وفي الصحيح المسبور من التفسير بالمأثور -3/ 382: أخرج الطبري بسنده الحسن عن علي بن أبي طلحة عن ابن عباس قوله: “… كانتا رتقا” يقول: ملتصقين”.
“Дар ибтидо осмонҳо ва замин бо ҳам часпида буданд”.
Дар масдари собиқ Ҳасани Басрӣ ва Қатода оятро чунин тафсир кардаанд:
وأخرج الطبري بسنده الحسن عن قتادة (أن السموات والأرض كانتا رتقا ففتقناهما) قال: كان الحسن وقتادة يقولان: كانتا جميعاً، ففصل الله بينهما”.
“Осмонҳо ва замин якҷоя буданд ва Аллоҳ таоло онҳоро аз ҳам ҷудо кардааст”.
Дар ояти 104 сураи “Анбиё” Аллоҳ таоло дар мавриди дар охири олам дубора мисли аввала боҳам ҷамъ кардани осмонҳо ва замин чунин хабар додааст:
{ يَوْمَ نَطْوِي السَّمَاءَ كَطَيِّ السِّجِلِّ لِلْكُتُبِ كَمَا بَدَأْنَا أَوَّلَ خَلْقٍ نُعِيدُهُ وَعْدًا عَلَيْنَا إِنَّا كُنَّا فَاعِلِينَ} (الأنبياء: 104)
“Рӯзе, ки осмонро ҳамчун сафҳаи нома дар ҳам мепечем ва ба ҳоли нахустини офариниш боз гардонем. Ин ваъда лозим бар мо ва мо бегумон онро анҷом медиҳем”.
Таҳқиқоти уламои замонӣ ба ин натиҷа расидааст, ки тамоми саёраҳои олам дар ибтидо бо ҳам часпида ва як ҷисмро ташкил медодаанд ва дар асари таркиш ва инфиҷори бузурге аз ҳам ҷудо ва пароканда шудаанд, ки ин иқрор тасдиқи ҳақ хабарҳои дар оятҳои Қуръон аст.
МАВОДИ АВВАЛИЯ ОСМОН
Таҳқиқоти улуми муосир дар як марҳилаи аз мароҳили пайдоиши осмон аз газ иборат будани онро назар додааст. Қуръони карим онро дар ояти 11 сураи “Фуссилат” дӯд гуфтааст, ки гази мазкур мушобиҳи газҳо набуда балки ҳамчуноне Қуръон баён кардааст он дар ҳақиқат дӯд аст. Чуноне Аллоҳ таоло мефармояд:
{ثُمَّ اسْتَوَى إِلَى السَّمَاءِ وَهِيَ دُخَانٌ } (فصلت: 11)
“Сипас Аллоҳ қасди офариниши осмон кард, дар ҳоле ки он дӯд буд”.
ОТАШ ГИРИФТАН ВА ИНФИҶОР КАРДАНИ БАҲРҲО
Дар Қуръони карим дар ояти 6 сураи “Таквир” Аллоҳ таоло аз оташ гирифтани баҳрҳо ҳамчун аломати барпо шудани қиёмат чунин хабар додааст:
{وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ } )التكوير: 6(
“Ва ҳангоме, ки баҳрҳо афрухта шаванд”.
Дар ояти 3 сураи “Инфитор” даҳшатноктарин аз оташ гирифтани баҳрҳо, яъне аз инфиҷор ва таркиш карданашон чунин хабар додааст:
{وَإِذَا الْبِحَارُ فُجِّرَتْ} )الانفطار: 3(
“Ва ҳар вақто баҳрҳо мунфаҷир гарданд”.
Инҷо чунин савол ба миён меояд: Чигуна имкон дорад, ки обе ки зидди оташ аст ва бо об оташро хомӯш карда мешавад худаш ба оташ мубаддал гардад ва ҳатто инфиҷор ва таркиш бикунад?
Бояд дониста шавад, ки таркиби обҳо иборат аз гидроген, оксиген, атомҳо ва дигар маводҳо мураккаб аст. Пас агар дар натиҷаи таъсири чизе об ду тақсим бишавад ва гидрогену оксигена аз он ҷудо гардад ва яке аз атомҳояш бишиканад, гидроген дар ҳол оташ мегирад ва оксиген дар ин амр ҳамроҳияш мекунад ва дар як чашм пушидан тамоми обҳои баҳрҳо, дарёҳо, кулҳо, наҳрҳо ба оташи бисёр бузург мубаддал мешаванд. Ҳеҷ шаке нест, ки бо чунин суръат оташ гирифтани обҳои уқёнусҳои бузург хоҳ нохоҳ инфиҷорҳоро ба дунбол дорад.
АЗ БАЙН РАФТАНИ СИТОРАҲО
Дар ин мавзӯъ дар оятҳои 1-3 сураи“Инфитор” аз рӯзи қиёмат чунин хабар додааст:
{إِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ . وَإِذَا الْكَوَاكِبُ انْتَثَرَتْ . وَإِذَا الْبِحَارُ فُجِّرَتْ} )الانفطار: 1 – 3(
“Ҳангоме осмон пора шавад ва ҳангоме ситорагон фуру резанд ва ҳангоме дарёҳо мунфаҷир шаванд”.
Мутобиқи таҳқиқоти улуми ҳозира агар як протони манфӣ аз осмон бо протони мусбате дар яке аз атомҳо тамос пайдо кунад, чунин як вайронии ғайри маҳдуд бо суръати фавқулода сар хоҳад зад, ки тамоми коинотро дар бар мегирад.
АЗ БАЙН РАФТАНИ ОБҲО
Дар ояти 18 сураи «Муъминун» Аллоҳ таоло чунин фармудааст:
{وَأَنْزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً بِقَدَرٍ فَأَسْكَنَّاهُ فِي الْأَرْضِ وَإِنَّا عَلَى ذَهَابٍ بِهِ لَقَادِرُونَ} )المؤمنون: 18(
«Обро ба андозаи муъайяне аз осмон нозил кардем, пас онро дар замин сукунат додем ва бегумон мо ба аз байн бурдани об қодир мебошем».
Чуноне медонем оби шӯр дар уқёнусҳо захира мешавад ва миқдоре аз он дар асари гармии офтоб бухор мешавад ва ба осмон мебарояд ва қувваи ҷозибаи замин онҳоро дар фосилаи муъаяне дар байни осмон ва замин нигаҳ медорад ва иҷозаташон намедиҳад, ки бардавом боло бираванд. Дар осмон бухорҳо абрҳои бузургеро ташкил медиҳанд ва ба кадом минтақаи замин, ки Аллоҳ таоло бихоҳад шамолро дастур медиҳад онҳоро меронанд ва дар онҷо аз худ борон хориҷ мекунанд.
Пас агар Аллоҳ таоло қуввати ҷозибаи заминро андаке кам бикунад ё суръати гурези бухорро аз қувваи ҷозибаи замин, ки дар як сония 11 км. аст каме бештар бисозад бухорҳо беист боло мераванд ва ҳатто имкон дорад аз мадори замин хориҷ бишаванд ва дар кадом саёраи дигаре абрҳоро ташкил бидиҳанд ва борон биборанд. Агар чунин бишавад тамоми обҳои уқёнусҳо дар муддати андаке бухор мешаванд ва одаму олам ба хушксолӣ ва садҳо мусибати дигар гирифтор мешаванд ва рӯ ба нобудӣ меоранд.
Пас вуҷуду бақои мо ба фазлу раҳмати Аллоҳ таоло ва хосту машияташ вобастагӣ дорад ва мо ҳатто миқдори як нафас кашидан ва як чашм задан ҳам аз фазлу раҳматаш бенаёз шуда наметавонем. Инро бояд бидонем, ки Аллоҳ таоло одаму оламро бидуни камтарин машаққат офаридааст ва агар бихоҳад бидуни камтарин машаққат ҳамаро нобуд мекунад. Бо пешрафти кашфиёти улуми дунявӣ мо бештару бештар қудратмандии Аллоҳ таъолоро дарк мекунем, ки бо ин тарзи баёншуда аз байн бурдани об танҳо яке аз онҳост.
КӮҲҲОИ ОСМОНӢ
Дар ояти 43 сураи «Нур» Аллоҳ таоло чунин фармудааст:
{ أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُزْجِي سَحَابًا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيْنَهُ ثُمَّ يَجْعَلُهُ رُكَامًا فَتَرَى الْوَدْقَ يَخْرُجُ مِنْ خِلَالِهِ وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ جِبَالٍ فِيهَا مِنْ بَرَدٍ} (النور: 43)
“Оё надиди, ки Аллоҳ аз ҳар тараф абрро меронад ва аҷзои онро ҷамъ мекунад ва бо ҳам мепайвандад ва дар ҳам мефушурад онгоҳ мебинӣ, ки борон аз миёни абр фуру мерезад ва низ аз кӯҳҳои осмон жола (таграг) фуру меборад”.
Оре, абрҳо кӯҳҳои осмонӣ мебошанд, ки ҳазорон тон об аз онҳо ба сифати борон ва жола ба замин мерезад ва ин ҳам дар ҳоле, ки мисли куҳҳои замин сар ба фалак кашидаанд, вале муаллақ дар байни осмон ва замин қарор доранд ва боз ҳаракат ҳам мекунанд ва ҳазорон километро тай мекунанд. Албатта ин қудрати илоҳӣ ҷои таъаҷҷуб надорад, зеро замин бо ин ҳама бузургияш ва офтоб, ки чандин маротиб аз замин бузургтар аст ва ҳазорон ситораҳои дигари бузургтару вазнинтар аз замину офтоб, мисли абрҳо муаъаллақ дар фазо мебошанд ва ҳамеша дар ҳаракат қарор доранд.
Кадом қудрате ҷуз қудрати илоҳӣ ин абрҳо, саёраҳо ва ситораҳоро муъаллақ нигоҳ дошта метавонад?
Кадом қудрате ҷуз қудрати илоҳӣ метавонад ҳазорон мавҷудоти миллиардҳо тон вазн доштаро ба ҳаракат дарорад?
Ин чигуна ҳаракатест, ки болои замин савор ҳастӣ ва аз ҳаракат карданаш хабардор намешавӣ?
Оре, ин ҳамон ҳаракатест, ки Аллоҳ таоло дар ояти 88 сураи “Намл” дар бораи он чунин хабар додааст:
{وَتَرَى الْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً وَهِيَ تَمُرُّمَرَّالسَّحَابِ صُنْعَ اللَّهِ الَّذِي أَتْقَنَ كُلَّ شَيْءٍ إِنَّهُ خَبِيرٌبِمَا تَفْعَلُونَ} )النمل: 88(
“Кӯҳҳоро мебинӣ ва онҳоро сокини беҳаракат мепиндорӣ ҳоло он, ки монанди абрҳо дар сайр ва ҳаракатанд. Ин офариниши Аллоҳ аст, ки ҳама чизро дар камоли устуворӣ падид овардааст, бидуни шак Ӯ таоло аз ончи анҷом медиҳед хабардор аст”.
Дар ин оят аз ҳаракати куҳҳо, ки ҷузъи замин мебошанд хабар дода шудааст ва бо зикри ҷузъ иродаи ҳаракати ҳамаи замин карда шудааст, ҳамчуноне қоидаи зикри ҷуз ва иродаи кул чунин тафсир кардани оятро ҷоиз медорад ва таҳқиқоти фазонавардон, ки баъзеи онҳо мисли космонавти малезиягӣ мусулмононанд ва ҳангоми сафарашон дар коинот ба тарафи замин намоз низ хондаанд, чунин буданашонро тасдиқ менамояд.
ҚУРЪОН ВА ОҲАН
Дар як қисмати ояти 25 сураи “Ҳадид” Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:
{وَأَنْزَلْنَا الْحَدِيدَ فِيهِ بَأْسٌ شَدِيدٌ وَمَنَافِعُ لِلنَّاسِ} )الحديد: 25(
“Ва мо оҳанро фурӯ овардем, ки дар он нерӯи сахт ва манфиатҳо барои мардум аст”.
Дар ин қисмати ояти карима Аллоҳ таоло 14 аср қабл аз се чизи муҳим хабар додааст, ки башарият бештар аз даҳ аср баъд ба он расидааст:
1.Элементи оҳан дар асли худ ба олами мо аз дигар ҷо фуруд омадааст.
Дар оҳан нерӯи бисёр сахт вуҷуд дорад, ки дар дигар маводҳо нест.
3.Дар оҳан барои башарият манфиатҳои бисёр аст.
Дар ин мавзӯъ бояд чанд нуктаро дониста шавад:
1.Муҳақиқони маркази ҳавонавардии Амрико баъди таҳқиқ ба ин натиҷа расидаанд, ки оҳан барои саёраи замин аз дигар саёраҳо фуруд омадааст ва мисли бақияи мавҷудоти дар рӯи замин дар замин пайдо нашудаст. Зеро барои пайдоиши оҳан ҳарорати 600 милион дараҷа лозим аст ва чунин ҳарорат ҳатто дар офтоб ва нуҳ саёраи дар атрофи он дар якҷоягӣ нест ва он дар ситораҳои ҷисмашон чанд баробар аз офтоб бузургтар пайдо мешавад. Пас аввалан оҳан дар он ситораҳо пайдо шудааст ва сипас ҳамчуноне Қуръони карим хабар додааст ба замин нозил карда шудааст.
2.Аз китоби “Nature’s Destiny” таълифи Michael Denton дониста мешавад, ки оҳан аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои бақои ҳаёт дар рӯи замин аст. Зеро вуҷуди оҳан дар маркази ситора сабаб мешавад, ки инфиҷорҳо ва таркишҳои бузург ба вуҷуд биоянд ва аз онҳо атомҳои бисёр барои ҳаёт муҳим дар кайҳон пароканда мешаванд. Ҷозибаи замин онҳоро ба сӯи маркази худаш мекашад ва ин омили пайдоиши гармоиши дар маркази замин аст. Ба дунболи ин газҳое ба тарафи ҳавои замин боло рафтаанд ва сабаби пайдоиши об дар замин шудаанд ва инчунин сохта шудани пардаҳои дифоиро дар мадори замин боис гардидаанд.
3.Қуръони карим дар бораи манфиати оҳан барои мардум 14 аср қабл хабар додааст ва башарият ба таври бояду шояд ду ё се аср мешавад, ки аз ин ҳақиқат хабардор шудаанд.
4.Доктор Зағлул Наҷҷор дар мавриди оҳан таҳқиқоти бо тафсиле дорад ва як шумораи риёзии дигарро дар мавриди иртиботи хабари дар бораи оҳан дар Қуръон кашф кардааст, ки чунин аст: Сураи “Ҳадид” 57-ӯм сураи Қуръон аст ва агар ададҳои абҷадии калимаи “Ал ҳадид”-ро ҷамъ карда шавад натиҷа 57 мешавад. Аммо ҷамъи ҳуруфи “Ҳадид” (бидуни алифлом) 26 мебошад ва 26 адади атоми оҳан аст.
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Дар ин навор низ якчанд муъҷизаҳои Қуръонро метавонед фаҳмида бошед:


