Дуруст аст, ки мегӯянд: “Тақдир ҳаст ва Тақдирҷунбон ҳаст”. Ҳарчанд дар ин мақоли мардумӣ киноя аз Худованд аст, аммо амалҳои зеринро метавон тақдирҷунбон номид:
Гуфтаҳо -> фикр -> эҳсосот -> рафтор -> одат -> арзиш -> хислат -> ТАҚДИР!
Муфассалтар:
Ба гуфтаҳоятон диққат бикунед, зеро табдил ба фикр мегарданд;
ба фикрҳоятон диққат бикунед, зеро ба эҳсосот табдил мегарданд;
ба эҳсосотатон диққат бикунед, зеро эҳсосот ба рафтор табдил мегардад;
ба рафторатон диққат кунед, зеро ба одат табдил мегардад;
ба одатҳоятон диққат бикунед, зеро ба арзишҳо табдил мегарданд;
ба арзишҳоятон диққат бикунед, зеро ба хислат табдил мегарданд;
ба хислататон диққат бикунед, зеро ба ТАҚДИР табдил мегардад.
“Одамон барои хатоҳои хеш гунаҳкоре меҷӯянд ва номи онро тақдир гузоштаанд.” Шумо аз ин зумра одамон нашавед, ба гуфтаҳоятон, ки сарчашмаи тақдир ба ҳисоб мераванд, аҳмият диҳед, зеро дар охир тақдири шумо хоҳанд шуд!
Манбаъ: Хазинаи маърифат.
Таҳияи Mohammad Sharifzadeh.
Беҳтарин суханҳо!