Манфиатҳои ухравии (охирати) намоз

0

Манфиатҳои ухравии намоз, манфиатхои намоз дар охират.

фарз намоз

Намоз дар раъси амалҳои солеҳе қарор дорад, ки онҳо “Алҳасанот юзҳибна сайиот”, яъне амалҳои некеанд, ки гуноҳонро маҳв месозанд. Дар мавзуи манфиатҳои ухравии намоз ду ҳадиси саҳеҳи Пайғамбар (с)-ро зикр мекунем:

1-«مَا مِنْ مُسْلِمٍ يَتَوَضَّأُ فَيُحْسِنُ وُضُوءَهُ،ثُمَّ يَقُومُ فَيُصَلِّي رَكْعَتَيْنِ،مُقْبِلٌ عَلَيْهِمَا بِقَلْبِهِ وَوَجْهِهِ،إِلَّا وَجَبَتْ لَهُ الْجَنَّةُ»(كذا في صحيح مسلم-1/ 209عَنْ عُقْبَةَ.. “بِقَلْبِهِ” : أَيْ: بَاطِنِهِ “وَوَجْهِهِ” : أَيْ ظَاهِرِهِ .كذا في مرقاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح -1/ 348)

“Ҳар касе ба таври накӯ таҳорат бикунад ва ду ракаъат намозе бигузорад, ки бо қалбу рӯяш, яъне бо ботину зоҳири худ дар намозаш бошад, даромадани биҳишт барояш ҳатмӣ мешавад”.

Мурод аз бо қалбу рӯяш, яъне ҳамчуноне рӯяш ба тарафи қибла ва намоз аст, дилу замираш низ чунин бошанд ва машғул ба дигар умур набошанд, ки чунин таваҷҷуҳи матлуб на ҳама вақт муяссар мешавад.

  2-«اتَّقُوا اللَّهَ رَبَّكُمْ،وَصَلُّوا خَمْسَكُمْ،وَصُومُوا شَهْرَكُمْ، وَأَدُّوا زَكَاةَ أَمْوَالِكُمْ، وَأَطِيعُوا ذَا أَمْرِكُمْ تَدْخُلُوا جَنَّةَ رَبِّكُمْ»،(كذا في سنن الترمذي -2/ 516- 616 – عن أَبي أُمَامَةَ « حَسَنٌ صَحِيحٌ» وحكم المحقق: صحيح).

“Аз Аллоҳ битарсед ва панҷ вақт намозатонро бигузоред ва моҳи рамазонро рӯза бидоред ва закоти амволатонро бипардозед ва амирони худро итоъат намоед, ба биҳишти Парвардигоратон медароед”.

Мақолаи қаблӣМанфиатҳои дунявии намоз
Мақолаи баъдӣТарки намоз. Ҳукми намоз нахондан