Манфиатҳои дунявии намоз

0

Манфиатхои дунявии намоз


Агар бандаи мусулмон намозашро бо ихлосу дилбастагӣ ва бо риъояи фарзҳо ва суннатҳояш ба таври накӯ анҷом бидиҳад, чунин намоз сабаби ислоҳ шудани ӯ ва хӯб шудани диндорияш мешавад ва ӯро аз корҳои нописанду ношоиста манъ мекунад. Дар ин мавзӯъ дар ояти 45 сураи “Анкабут” Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло чунин мефармояд:

{وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ} (العنكبوت: 45)

«Ва намозро барпо дор, ҳамоно намоз аз корҳои нописанд ва ношоиста боз медорад».

Намози мусулмони содиқ албатта ӯро аз корҳои зишт амсоли зино, дуздӣ ва ғайра ба ин тариқа боз медорад, ки боиси пайдо шудани нафрат дар қалбаш нисбат ба корҳои нописанд ва беҳаёиҳо мегардад ва дар асари он аз чунин умури зишт даст мекашад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ саҳобии бузургвор ҳазрати Абуҳурайра разияллоҳу анҳу чунин ривоят кардааст:

“عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قال:قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:”جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ،فَقَالَ: إِنَّ فُلَانًا يُصَلِّي بِاللَّيْلِ،فَإِذَا أَصْبَحَ سَرَقَ قَالَ:”إِنَّهُ سَيَنْهَاهُ مَا تَقُولُ “. (كذا في مسند أحمد ط الرسالة -15/ 483/ 9778 – واسناده صحيح).

«Марде назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: Ҳамоно фалонӣ шабона таҳаҷҷуд мехонад, пас чун субҳ шавад дуздӣ мекунад. Пайғамбар (с) гуфт:Анқариб хондани намоз вайро аз он чи мегӯӣ манъ мекунад».

Аммо он намозе, ки ҳеҷ таъсир дар ислоҳи инсон надорад намозҳои риёкорон ва мунофиқон аст, ки онро аз барои Аллоҳ таоло намехонанд, балки барои дар чашми мардум мусулмон ё намозхон нишон додани худашон намоз мегузоранд. Чунин намоз боиси хашму ғазаби Аллоҳ мегардад ва риёкору мунофиқро аз раҳмати Аллоҳ таоло бештар дӯр месозад. Аз ҳамин ҷиҳат саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Масъуд дар ҳадиси мавқуфи саҳеҳи дар ҳукм марфуъ чунин гуфтааст:

“وفي مجمع الزوائد ومنبع الفوائد -2/ 258 3558 – – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ قَالَ: مَنْ لَمْ تَأْمُرْهُ صَلَاتُهُ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَهُ عَنِ الْمُنْكَرِ لَمْ يَزْدَدْ مِنَ اللَّهِ إِلَّا بُعْدًا.” (رَوَاهُ الطَّبَرَانِيُّ فِي الْكَبِيرِ، وَرِجَالُهُ رِجَالُ الصَّحِيحِ. وفي تخريج أحاديث الإحياء = المغني عن حمل الأسفار-ص: 178-أخرجه عَلّي بن معبد فِي كتاب الطَّاعَة وَالْمَعْصِيَة من حَدِيث الْحسن مُرْسلا بِإِسْنَاد صَحِيح وَرَوَاهُ الطَّبَرَانِيّ وأسنده ابْن مرْدَوَيْه فِي تَفْسِيره من حَدِيث ابْن عَبَّاس بِإِسْنَاد لين وَالطَّبَرَانِيّ من قَول ابْن مَسْعُود «من لم تَأمره صلَاته بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَهُ عَن الْمُنكر لم يَزْدَدْ من الله إِلَّا بعدا» وَإِسْنَاده صَحِيح. وصححه ابن كثير في -التفسير 6/290 ط الشعب).

«Касеро намозаш ба анҷом додани амалҳои писандида (мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайра) амр накунад ва ӯро аз умури нописанд (мисли зино, дуздӣ, ливота ва ғайра) манъ намекунад, ин гуна намоз аз Аллоҳ таоло ӯро дӯр месозад».

Аз ҳамин ҷиҳат дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) дар мавриди намозе, ки барои мусулмонон манфиат намерасонад, ба Аллоҳ таоло паноҳ бурдаву чунин гуфтааст:

“عن انس قال:قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: «اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ صَلَاةٍ لَاتَنْفَعُ»، (كذا في سنن أبي داود -2/ 921549 –وحكم المحقق: صحيح).

“Ё Аллоҳ! Ҳамоно ман паноҳ мебарам ба ту аз намозе, ки манфиат намерасонад”.

Аммо намози содиқонаи хос барои ризои Аллоҳ таоло гузоридашуда ғайр аз монеъи аз корҳои гуноҳ шуданаш дар раъси амалҳои тақво ва худотарсӣ қарор дорад. Аз ин рӯ побандӣ ба гузоридани намоз сабаби нузули файзу баракати илоҳӣ дар ҳаёту иқтисодии мардум аст. Аз ҳамин ҷиҳат Аллоҳ таъоло дар ояти 96 сураи «Аъроф» чунин фармудааст:

{وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَى آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ} (الأعراف: 96)

“Ва агар аҳолии шаҳру ободиҳо имон меоварданд ва парҳезгорӣ мекарданд, баракатҳоеро аз осмон ва замин барояшон мекушудем”.

Агар ба ончи гузашт баъзе дигар манфиатҳои дунявии намозро ба таври сариъ ва бо ихтисор бихоҳем зикр бикунем, чанд нуктаи дигарро низ бояд қайд кард, ки  чунинанд:

1- Намоз хондан ин чандин маротиб саҷда кардан аст, ки дар ҳар саҷдаи он ҷозибаи замин энержиҳои ба мағзи сар таъсири манфӣ доштаро ҷазб мекунад ва мағзи сар тоза мешавад.

2-Намоз хондан чанд маротиб дар як рӯз таҳорат кардану узвҳои ниҳонӣ ва баъзе узвҳои муҳими зоҳирии худро шустану бо назофат кардан аст.

3- Намоз хондан ин хоби дарози шабонаро кутоҳ кардан ва дар асари он хатари гирифтор шудан ба сактаи мағзиро, ки ношӣ аз ғализ шудани хӯн аст, кам кардан аст.

4-Намозро бо тааммул ва мутобиқи суннат хондан ин рукуъ ва саҷдаву қиёмро ба таври накӯ анҷомдодан ва дар асари он муҳраҳои сутунмуҳраи ноҷошударо ба тадриҷ ба ҷои худ баргардонидан аст.

5- Гузоридани панҷ вақт намоз дар вақташ бо машаққати зиёд болои нафс ҳосил мешавад ва сабаби пайдо кардан тасаллут болои нафси саркаш аст ва намозхони воқеъиро амири бар нафси худ мегардонад ва ғайра.

Мақолаи қаблӣҲукми намоз
Мақолаи баъдӣМанфиатҳои ухравии (охирати) намоз