Дар мавриди ҳукми тарк кардани намоз ҳадисҳои саҳеҳе ворид шудааст, ки баъзеи онҳо ба таври мутлақ ба ҳукми аз дин хориҷ будани бенамоз далолат мекунанд ва баъзе дигараш ба ҳукми дар дин боқӣ будани бенамоз далолат доранд. Аз ҳамин ҷиҳат уламо барои амал кардан бо тамоми ҳадисҳои воридшуда дар ҳукми бенамозон мутобиқи ҳоли бенамозон он ҳадисҳоро шарҳу баён додаанд.
Мутобиқи он шарҳу баён бенамозон аз ду ҷиҳат намозро тарк мекунанд ва дар ҳақиқат ду тоифа мебошанд:
Тоифаи аввал
Тоифаи аввал бо ақидаҳои мухталиф тарки намоз мекунанд, ки чунин мебошанд:
1-Ба фарз будани гузоридани намоз имон надорад.
2- Гузоридани намозро зарур намедонад.
3- Тарки намозро гуноҳ намедонанд.
4- Ба фарзи фаврӣ будани гузоридани намоз эътиқод надорад ва мағрур ба ин ҳастанд, ки баъди ба нафақа баромадан намоз мехонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то он вақт зинда мондан ё намондан ва ё агар зинда бимонад дар он вақт намоз хондан ё нахонданашро ба ҷуз Аллоҳ таоло касе намедонад. Пас чунин ашхос кадом вақте худашон гузоридани намозро лозим бидонанд онро фарз муътақиданд на кадом вақте Аллоҳ таоло фармудааст.
Дар мавриди ашхоси мазкур ин ҳадисҳои саҳеҳ ҳамл карда мешаванд:
1- «العَهْدُ الَّذِي بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمُ الصَّلَاةُ، فَمَنْ تَرَكَهَا فَقَدْ كَفَرَ» (كذا في سنن الترمذي ت شاكر -5/ 13/ 2621 عن بُرَيْدَةَ .حسن صحيح و حكم المحقق: صحيح).
“Паймони фарқкунанда дар байни мо ва онҳо (дар байни мусулмонон ва мунофиқон) гузоридани намоз аст. Пас касе намозро тарк бисозад куфр варзидааст”.
2- «إِنَّ بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكَ الصَّلَاةِ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 88/ 134/ 82- عن جابر)
“Ҳамоно байни марди муъмин ва байни куфру ширк тарки намоз аст”.
Тоифаи дуввум
Тоифаи дуввуми бенамозон иборат аз чунин ашхосанд:
1- Ба фарзи фаврӣ будани гузоридани намоз иқрор ва иътиқод доранд, вале аз ҷиҳати заъиф будани имону эътиқодашон намозро тарк месозанд.
2- Ба фарзи фаврӣ будани намоз иқрор ва иътиқод доранд, вале аз ҷиҳати танбалӣ ва ғофилияшон намозро тарк месозанд.
3-Ба фарзи фаврӣ будани намоз иқрор ва иътиқод доранд, вале аз ҷиҳати ба масруфиятҳои дунявӣ дода шудан ва вақти худро қурбонии ҷамъ кардани сарвату мол ва мансабу кор карданашон намозро тарк месозанд.
Уламо дар мавриди чунин ашхос ин ҳадисҳоро ҳамл кардаанд:
1- «خَمْسُ صَلَوَاتٍ كَتَبَهُنَّ اللَّهُ عَلَى الْعِبَادِ، فَمَنْ جَاءَ بِهِنَّ لَمْ يُضَيِّعْ مِنْهُنَّ شَيْئًا اسْتِخْفَافًا بِحَقِّهِنَّ،كَانَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ أَنْ يُدْخِلَهُ الْجَنَّةَ،وَمَنْ لَمْ يَأْتِ بِهِنَّ فَلَيْسَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ،إِنْ شَاءَ عَذَّبَهُ،وَإِنْ شَاءَ أَدْخَلَهُ الْجَنَّةَ”. (كذا في سنن أبي داود -2/ 62 1420 – – عن عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ،وحكم المحقق : صحيح).
“Гузоридани панҷ вақт намозро Аллоҳ таоло бар бандагонаш фарз кардааст. Пас касе ин панҷ вақт намозро бигузорад ва ҳеҷ кадом аз ин намозҳоро ночиз нашуморад ва тарк насозад, ӯ бо Аллоҳ таоло паймон бастааст, ки вайро ба биҳишт медарорад. Аммо ҳар касе ин панҷ вақт намозро нагузорад, бо Аллоҳ таоло ҳеҷ аҳде надорад, агар бихоҳад ӯро азоб медиҳад ва ё агар бихоҳад (мебахшад ва) ба биҳишт медарорад”.
Ба биҳишт даромадани тарккунандаи намоз далолат бар бақои имони ӯ мекунад, албатта ҳамчуноне гузашт агар ба фарзи фаврӣ будани намоз ақида дошта бошад ва худашро барои тарк кардани намоз осиву гунаҳгор бидонад ва ҳангоми ҳаёташ дар андешаи тавба кардану намоз хондан бошад ва бо чунин ақида вафот карда бошад.
2 -“يَدْرُسُ الْإِسْلَامُ كَمَا يَدْرُسُ وَشْيُ الثَّوْبِ، حَتَّى لَا يُدْرَى مَا صِيَامٌ، وَلَا صَلَاةٌ، وَلَا نُسُكٌ، وَلَا صَدَقَةٌ، وَلَيُسْرَى عَلَى كِتَابِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ فِي لَيْلَةٍ، فَلَا يَبْقَى فِي الْأَرْضِ مِنْهُ آيَةٌ،وَتَبْقَى طَوَائِفُ مِنَ النَّاسِ الشَّيْخُ الْكَبِيرُوَالْعَجُوزُ، يَقُولُونَ: أَدْرَكْنَا آبَاءَنَا عَلَى هَذِهِ الْكَلِمَةِ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، فَنَحْنُ نَقُولُهَا ” فَقَالَ لَهُ صِلَةُ: مَا تُغْنِي عَنْهُمْ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَهُمْ لَا يَدْرُونَ مَا صَلَاةٌ، وَلَا صِيَامٌ، وَلَا نُسُكٌ،وَلَا صَدَقَةٌ؟ فَأَعْرَضَ عَنْهُ حُذَيْفَةُ،ثُمَّ رَدَّهَا عَلَيْهِ ثَلَاثًا،كُلَّ ذَلِكَ يُعْرِضُ عَنْهُ حُذَيْفَةُ،ثُمَّ أَقْبَلَ عَلَيْهِ فِي الثَّالِثَةِ،فَقَالَ:يَا صِلَةُ،تُنْجِيهِمْ مِنَ النَّارِ ثَلَاثًا”.(كذا سنن ابن ماجه -2/ 1344/ 4049 -عَنْ حُذَيْفَةَ بْنِ الْيَمَانِ،وحكم المحقق:صحيح)
“Ислом аз байн меравад, ҳамчуноне нақшу нигори либосҳо фарсуда мешаванд ва аз байн мераванд. Кор ба ҷое мерасад, ки мардум намедонанд, ки рӯзаву намоз ва ҳаҷҷу закот чист? Дар як шаб китоби Аллоҳ таоло аз замин бардошта мешавад ва дар рӯи замин як ояте ҳам аз он боқӣ намемонад.
Гуруҳҳои пирамардон ва пиразанон боқӣ мемонанд, ки мегӯянд: Аз падаронамон калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро шунидаем ва мо ҳам онро мегӯем”.
Ин ҳадисро ҳазрати Ҳузайфа ибни Ҳасал разияллоҳу анҳумо аз Пайғамбар (с) ривоят кард ва яке аз ҳозирон Сила ибни Зуфар ба нишони иътироз ба ӯ гуфт: Калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” ба онҳо чӣ манфиате меорад, ки надонанд намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот чист? Ҳазрати Ҳузайфа аз шунидани чунин савол ба нишони норозигӣ рӯяшро ба дигар тараф гардонид, вале Сила ин саволашро се маротиб такрор мекард ва ҳазрати Ҳузайфа рӯяшро мегардонид. Баъди саввум маротиб ҳазрати Ҳузайфа рӯяшро ба тарафи Сила гардонид ва се бор гуфт:Эй Сила! ”Ло илоҳа иллаллоҳ” онҳоро аз оташи дузах наҷот медиҳад”.