Мақому мартабаҳои пайғамбарӣ

0

Макому мартабахои пайгамбари

Пайғамбарӣ се мақому мартаба дорад:

1- Мақоми нубувват. Пайғамбари дар ин мақом қарордоштаро набӣ мегӯянд, ки сиғаи ҷамъаш “Анбиё” мешавад. Набӣ паёғамбарест, ки китобу шариъати мустақил надорад ва аз китобу шариъати пайғамбари қабл аз худаш оварда пайравӣ мекунад. Дар инҷо метавон ҳазрати Лӯт алайҳис-саломро зикр кард, ки тобеъӣ ҳазрати Иброҳим алаҳиссалом буд ва ё ҳазрати Ҳорун алайҳиссаломро, ки тобеъи ҳазрати Мусо (а) буд ва ғайра.

2-Мақоми рисолат. Пайғамбари дар ин мақом қарордоштаро расул меноманд ва сиғаи чамъи расул, русул мешавад. Пайғамбарони дар ин мақом қарордошта соҳиби китобу шариъат мебошанд, мисли ҳазрати Мусо, ҳазрати Довуд ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу таъоло алайҳим аҷмаъин.

3-Улулъазм.[1] Панҷ пайғамбар дар ин мақом қарор доранд; Ҳазрати Нӯҳ, ҳазрати Иброҳим, ҳазрати Мусо, ҳазрати Исо ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳим аҷмаъин.

Кадом пайғамбаре, ки улулъазм аст ӯ расул ва набӣ низ мебошад ва кадом пайғамбаре, ки расул аст набӣ низ мебошад, вале кадом пайғабаре, ки танҳо набӣ бошад дар мартабаи пайғамбари расул ва ё улулъазм  қарор намегирад.  Аз ҳамин ҷиҳат баландтарин мақоми пайғамбарӣ улулъазмӣ ва баъди он расулӣ ва баъди он нубувват, яъне набӣ будан аст.


АВСОФИ ПАЙҒАМБАРОН

1- Пайғамбарон мисли бақияи башар мехуранд ва хоб мераванд, издивоҷ мекунанд ва талоқ медиҳанд, сарватманд ё фақир мебошанд, заъифу бемор мешаванд ва бидуни кадом сабабе мемиранд ва ё мисли ҳазрати Закарийё ва Яҳё алайҳимассалом кушта мешаванд ва ғайра.

2- Пайғамбарон ба таври мустақил ва бидуни ваҳий илми ғайбро намедонанд ва аз умури ғайбӣ танҳо ончиро медонанд, ки Аллоҳ таоло хабардорашон кардааст. Пас агар пайғамбарон илми ғайбро медонистанд ҳаргиз аз душман шикаст намехӯрданд ва мисли Муҳаммад (с) гӯшти заҳролудшударо намехӯрданд ва дар асари он касалу бемор намешуданд.

Ба таври мисол Муҳаммад (с) аз хато кардани тирандозони ҷавон бехабар буд ва дар асари он ба онҳо дар ҳимоя кардан аз пушти лашкар эътимод кард, вале хатои кардаи онҳо сабаби шикасти дар “Ҷанги Уҳуд” гардид.

Аз мавриди туҳмат қарор гирифтани ҳамсараш бехабар буд ва баъди хабардор шуданаш барои донистани ҳақиқат дар интизори хабари ваҳйи Аллоҳ таоло замонеро сипарӣ кард ва ҳеҷ тасмиме нагирифт.

Ҳазрати Нӯҳ аз ғарқ шудан ва кофир мурдани фарзандаш бехабар буд, ки нидо барои наҷоташ кард ва ҳазрати Иброҳим аз ғайб бехабар буд, ки фариштагони ба сурати башар ба наздаш омадаро нашинохт ва аз онҳо хавф бурд ва барояшон гӯсола бикушт ва ғайра.

3- Шумораи дақиқи пайғамбарон ба таври қатъӣ маълум нест, вале мо ба ҳамаашон имон дорем ва чунин эътиқод дорем, ки ҳамаи онҳо аз ҷинси мард буданд ва аввалин набӣ ҳазрати Одам (а) ва аввалин расул ҳазрати Нӯҳ (а) ва охирини ҳамаи пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Пас касе баъди вафоти Муҳаммад (с) идаои пайғамбарӣ бикунад ва касе чунин муддаъии каззобро бовар бикунад ва ё аз вай талаби муъҷиза нишон додан бикунад, аз дин хориҷ мешавад.

Дар китоби “Маноқиби Маккӣ: ҷ.1 саҳ. 161 омадааст, ки дар замони ҳазрати Имом касе даъвои пайғамбар будан кардааст ва аз мардум хостааст, ки вайро муҳлат бидиҳанд ва бигзоранд, то муъҷизаҳо нишон бидиҳад. Чун ин хабар ба ҳазрати Имом Абуҳанифа расид гуфт: Касе аз вай талаби муъҷиза мекунад кофир мешавад! Зеро Пайғамбар (с) хабар кардаанд, ки баъди вай ҳеҷ пайғамбаре нахоҳад буд.”

Имом Таҳовӣ ақидаи ҳазрати Имом ва ёронашро дар ин мавзӯъ чунин баён мекунад: Тамоми идаоҳои пайғамбарӣ баъди Пайғамбар (с) ғайю ҳаво, яъне туғёну ҳавопарастӣ буда, даъвои ботил ва мардуд мебошанд.


[1] . Улулъазм: Соҳибони  ъазму тасмими қаввӣ.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣПайғамбаршиносӣ. Маънои Пайғамбар
Мақолаи баъдӣМункар ва Накир, саволҳои онҳо дар қабр