Пайгамбаршиноси. Маънои Пайгамбар

1- Маънои луғавии калимаи пайғамбар. Маънои луғавии калимаи пайғамбар, бинобар ончи дар “Фарҳанги Муъин” -2/41/ 7985 омадааст, некпаём аст. Яъне аз ҳайси маънои луғавии шахси паёмҳои нек ва хӯбу муфид расонандаро пайғамбар меноманд. Бо вуҷуде, ки пайғамбарон башир, яъне паёмҳо ва муждаҳои шодкунанда ва назир, яъне хабарҳои ба азобу машаққатҳои мудҳиш гирифторшавандаро мерасонанд, ҳамаи паёмҳо ва хабарҳояшон барои бандагони Аллоҳ таоло неку муфид мебошанд. Зеро хабарҳои овардаи онҳо бандагони солеҳу некӯкорро ба омода шудану бештар амал кардан водор мекунанд ва бандагони толеҳу бадкирдорро ба тарсидану тавба кардан ва ислоҳ шудану имон овардан даъват мекунанд.
2-Пайғамбар аз дидгоҳи шариъат. Аз дидгоҳи шариъат пайғамбар шахсест, ки ягона воситаи ҳақу рост дар байни Аллоҳ таоло ва бандагонаш қарор дорад. Пайғамбар паёмҳо ва китобҳои Аллоҳ таолоро барои бандагонаш мерасонад ва мутобиқи таълимоти китобҳо ва дастурҳои илоҳӣ мардумонро ба роҳи рост роҳнамоӣ ва роҳбарӣ мекунад.
3-Ақидаи мо нисбат ба пайғамбарон.
1-Пайғамбарон аз ҷумлаи беҳтарин ва бузргтарин афроди башар мебошанд, ки Аллоҳ таъоло худаш онҳоро барои адои ин бузургтарин ва муҳимтарин масъулияти башарӣ лоиқу сазовор медонад ва интихобу таъин мекунад. Пас ҳамаи башарият дар якҷоягӣ дар интихоб ва ихтиёри пайғамбар хеҷ дахолат ва ҳақи ихтиёр надоранд.
2-Пайғамбарон дар умури дин ва расонидани паёмҳо ва китобҳои Аллоҳ таъоло ба бандагонаш, маъсуманд, яъне маҳфузи аз хиёнату хато мебошанд ва ҳамаи онҳоро бекаму кост, бо илму ҳикмат, ҳамчуноне лоиқу лозим ва муфиду муҳим аст, ба мо мерасонанд. Аз онҳо дар таблиғ ва расонидани дастурҳои илоҳӣ ҳеҷ саҳву хатое сар намезанад.
3- Аз пайғамбарон гуноҳе, ки куфру ширк бошад ё гуноҳи кабира, мисли қатли қасдани ба ноҳақ ё зино кардан ва ғайра содир намешавад. Аммо агар аз пайғамбаре ба таври қиллат ва нудрат лағжише сар бизанад, онро Аллоҳ таъоло бо фиристодани оят ва мавриди итобу сарзаниш қарор додани пайғамбараш дар ҳол ислоҳ месозад.
Чунин лағжишҳо ба табиъати башарӣ доштан ва ҷумлаи башар будани пайғамбарон шаҳодат медиҳанд ва он лағжишҳо, мисли лағжиши камсабрии ҳазрати Юнус алайҳиссалом, камтарин халале дар мақому мартабаи онҳо ворид намесозанд ва дар ҳол бахшида ва ислоҳ карда мешаванд.
4- Пайғамбарон дар умури дунё маъсум, яъне маҳфузи аз хато намебошанд ва дар умури дунявӣ аз онҳо саҳван саҳву хато сар мезанад, валекин қасдан ҳеҷ кадомашон қасду нияти анҷом додани кори хаторо намекунанд.
Ба таври мисол дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” саҳобии бузургвор Рофеъ ибни Худайҷ разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:
“عن رَافِعُ بْنُ خَدِيجٍ قَالَ:”قَدِمَ نَبِيُّ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الْمَدِينَةَ،وَهُمْ يَأْبُرُونَ النَّخْلَ،يَقُولُونَ يُلَقِّحُونَ النَّخْلَ، فَقَالَ:«مَا تَصْنَعُونَ؟»قَالُوا:كُنَّا نَصْنَعُهُ، قَالَ:«لَعَلَّكُمْ لَوْ لَمْ تَفْعَلُوا كَانَ خَيْرًا» فَتَرَكُوهُ، فَنَفَضَتْ أَوْ فَنَقَصَتْ، قَالَ فَذَكَرُوا ذَلِكَ لَهُ فَقَالَ: «إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ،إِذَا أَمَرْتُكُمْ بِشَيْءٍ مِنْ دِينِكُمْ فَخُذُوا بِهِ،وَإِذَا أَمَرْتُكُمْ بِشَيْءٍ مِنْ رَأْيِي،فَإِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ» (كذا في صحيح مسلم -4/ 1835/ 140 – 2362) .
“Пайғамбар (с) замоне ба Мадина омад, ки сокинони ин шаҳр дарахтони хурморо ба таври сунъӣ бордор мекарданд ва он ҳазрат ба онҳо гуфт: Чӣ кор мекунед? Онҳо гуфтанд: Мо қаблан (бо омехта кардани гардҳои нарина ва модинаи дарахтон) онҳоро ба таври сунъӣ бордор мекардем. Пайғамбар (с) гуфт: Шояд чунин накунед хӯбтар бошад. Баъди шунидани ин назар аҳолии Мадина бордоркунии сунъиро тарк карданд ва дар он сол ҳосили кам ба даст оварданд. Ҳангоме аз ин кор Пайғамбар (с)-ро хабар карданд, ӯ гуфт: Ҷуз ин нест, ки ман аз ҷумлаи афроди башарам. Аз ҳамин ҷиҳат чун шуморо аз амре аз умури динатон амр кардам ба он амал бикунед ва ҳангоме бо назару иҷтиҳоди худам чизеро гуфтам, пас бидонед, ки ман башарам”.
ТАНБИҲИ МУҲИМ
Баъзе уламо ба ин қавли Пайғамбар (с) “….ҳангоме бо назару раъйи худам чизеро гуфтам, пас бидонед, ки ман башарам” ва инчунин дигар ҳадисҳои саҳеҳро, далел оварда гуфтаанд, ки дар масоили иҷтиҳодии дар умури дин низ ба таври нудрат ва қиллат (нодир, бисёр кам) сарзадани лағжиш аз пайғамбарон эҳтимол дорад. Дар ин маврид саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (6/67 рақами ривоят:4670) чунин ривоят кардааст:
“وفي صحيح البخاري -6/ 674670 – :عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: لَمَّا تُوُفِّيَ عَبْدُ اللَّهِ بْنُ أُبَيٍّ، جَاءَ ابْنُهُ عَبْدُ اللَّهِ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَسَأَلَهُ أَنْ يُعْطِيَهُ قَمِيصَهُ يُكَفِّنُ فِيهِ أَبَاهُ، فَأَعْطَاهُ، ثُمَّ سَأَلَهُ أَنْ يُصَلِّيَ عَلَيْهِ،فَقَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِيُصَلِّيَ عَلَيْهِ،فَقَامَ عُمَرُ فَأَخَذَ بِثَوْبِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ تُصَلِّي عَلَيْهِ، وَقَدْ نَهَاكَ رَبُّكَ أَنْ تُصَلِّيَ عَلَيْهِ؟ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:” إِنَّمَا خَيَّرَنِي اللَّهُ فَقَالَ: {اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لاَ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ، إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً} (التوبة: 80) وَسَأَزِيدُهُ عَلَى السَّبْعِينَ” قَالَ: إِنَّهُ مُنَافِقٌ، قَالَ: فَصَلَّى عَلَيْهِ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَأَنْزَلَ اللَّهُ: {وَلاَ تُصَلِّ عَلَى أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا،وَلاَ تَقُمْ عَلَى قَبْرِهِ} (التوبة: 84)
“Ҳангоме Абдуллоҳ ибни Убай (роҳбари мунофиқон) вафот кард, писараш саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ (р) назди Пайғамбар (с) омад ва аз ӯ хоҳиш кард то куртаи худашро ба вай бидиҳад ва онро барои падараш кафан бикунад. Пайғамбар (с) куртаашро ба вай дод ва ӯ боз хоҳиш кард, ки Пайғамбар (с) намози ҷанозаашро низ бигузорад.
Ҳангоме Пайғамбар (с) хост намози ҷанозаашро бигузорад, ҳазрати Умар аз гушаи ҷомааш гирифт ва гуфт: Эй Пайғамбари Аллоҳ, Парвардигорат туро аз гузоридани ҷанозаи вай манъ кардааст!? Пайғамбар (с) гуфт: Ҷуз ин нест, ки маро дар гузоридан ё нагузоридан (дар ояти 80 сураи “Тавба”): “Барояшон истиғфор бикунӣ ё истиғфор накунӣ ва агар барояшон ҳафтод маротиб истиғфор бикунӣ…”, ихтиёр додааст ва ман барояш бештар аз ҳафтод маротиб истиғфор мекунам. Ҳазрати Умар гуфт: Ин, яъне Ибни Убайи мунофиқ аст.
Бо вуҷуди ин Пайғамбар (с) бар вай намози ҷаноза гузорид ва дар асари он ояти 84 сураи “Тавба”: Ва ҳаргиз бар ҳеҷ яке аз онҳо, ки бимирад, намоз магузор ва бар гӯри вай маист! ” нозил гардид.
Ин оятҳо бар хилофи раъй ва назару иҷтиҳоди Пайғамбар (с) дар масъалаи хондани ҷанозаи мунофиқон нозил гардидаанд, ки далолат бар эҳтимоли лағжиши пайғамбарон дар масъалаҳои иҷтиҳодӣ мекунад.
Дар ояти 78-79 сураи “Анбиё” дар мавриди бо иҷтиҳод ва раъйи худ ҳукм кардани ду пайғамбари Аллоҳ таоло; ҳазрати Довуд ва Сулаймон алайҳимуссалом омадааст ва аз дуруст будани ҳукми баровардаи яке аз онҳо ва хато баромадани иҷтиҳоди дигараш чунин хабар додааст:
{وَدَاوُودَ وَسُلَيْمَانَ إِذْ يَحْكُمَانِ فِي الْحَرْثِ إِذْ نَفَشَتْ فِيهِ غَنَمُ الْقَوْمِ وَكُنَّا لِحُكْمِهِمْ شَاهِدِينَ .فَفَهَّمْنَاهَا سُلَيْمَانَ} (الأنبياء: 78، 79)
“Ва дар ёд биёр ҳукми Довуд ва Сулаймонро дар мавриди киштзоре, ки гусфандони мардум шабона дар он чарида буданд, доварӣ карданд ва мо дар доварии онҳо ҳозир будем. Пас шеваи ҳукми дурустро ба Сулаймон фаҳмонидем”.
Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (8/156/6769) қиссаи ду зане, ки дар мавриди як тифл мунозиъат мекарданд ривоят шудааст. Дар он ривоят низ иҷтиҳоди ҳазрати Сулаймон дуруст ва аз ҳазрати Довуд (а) хато баромадааст, ки далолат ба маъсум набудани пайғамбарон дар масоили иҷтиҳодӣ мекунад.
ТАНБИҲИ БАР ТАНБИҲ
Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ҳеҷ муҷтаҳиде дар иҷтиҳодаш маъсум намебошад ва касе гумон мекунад, ки имоме аз имомони машҳур дар иҷтиҳод, амсоли Имом Абуҳанифа ё Молик ё Шофеъӣ, ё Аҳмад ва ғайра дар иҷтиҳодашон маъсум ва бехатоянд ва ҳамаи масъалаҳои иҷтиҳодкардаашон фақат дуруст мебошад, мақоми онҳоро дар ин масъала аз мақоми ҳазрати Муҳаммад, ҳазрати Довуд ва бақияи пайғамбарон алайҳимуссалом баланд бардоштааст.
Аз ҷиҳати маъсум набудани ин имомон дар чандин масъалаҳои фиқҳи ҳанафӣ фатво ба қавли Имом Абуҳанифа нест, балки ба қавли шогирдони ӯ мебошад ва ё шогирдонаш хилофи назари вайро назар додаанд. Дар се мазҳаби дигар; моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ низ айни ҳамин ҳол аст.
Ақидаи мо нисбат ба мазҳаб ва нисбат ба имомони муҷтаҳиди мазҳабро Имом Абулбаракоти Насафӣ (соли вафоташ 710 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 1310 милодӣ) дар китобаш “Алмусаффо” чунин баён мекунад:
“قال الامام عبد الله بن أحمد بن محمود النسفي:إذَا سُئِلْنَا عَنْ مَذْهَبِنَا وَمَذْهَبِ مُخَالِفِينَا فِي الْفُرُوعِ ،يَجِبُ عَلَيْنَا أَنْ نُجِيبَ بِأَنَّ مَذْهَبَنَا صَوَابٌ يَحْتَمِلُ الْخَطَأَ وَمَذْهَبَ مُخَالِفِينَا خَطَأٌ يَحْتَمِلُ الصَّوَابَ ؛لِأَنَّك لَوْ قَطَعْت الْقَوْلَ لِمَا صَحَّ قَوْلُنَا إنَّ الْمُجْتَهِدَ يُخْطِئُ وَيُصِيبُ.وَإِذَا سُئِلْنَا عَنْ مُعْتَقَدِنَا وَمُعْتَقَدِ خُصُومِنَا فِي الْعَقَائِدِ يَجِبُ عَلَيْنَا أَنْ نَقُولَ :الْحَقُّ مَا نَحْنُ عَلَيْهِ وَالْبَاطِلُ مَا عَلَيْهِ خُصُومُنَا .”هَكَذَا نُقِلَ عَنْ الْمَشَايِخِ رَحِمَهُمْ اللَّهُ تَعَالَى”. (كذا في الأشباه والنظائر لابن نجيم:1 / 381نقلا عن الْمُصَفَّى للنسفي”.والنسفي هو أبوالبركات النسفي الأصغر(000 – 710 ه = 000 – 1310 م) وهو صاحب الْمُصَفَّى عبد الله بن أحمد بن محمود النسفي، أبوالبركات، حافظ الدين: فقيه حنفي، مفسر، من أهل إيذج ووفاته فيها.نسبته إلى” نسف “ببلاد السغد، بين جيحون وسمرقند).
“Ҳар вақто аз мазҳаби мо ва мазҳаби мухолифи мо дар масоили фурӯъи иҷтиҳодӣ ( яъне аз мазҳаби моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ) пурсида шавад, бар мо воҷиб мегардад, ки чунин ҷавоб бидиҳем: “Мазҳаби мо дуруст аст, вале эҳтимоли хато буданро дорад ва мазҳаби мухолифи мо хато аст, валекин эҳтимоли дуруст буданро дорад. Зеро агар ту бигӯӣ, ки мазҳаби мо ҳаққе мебошад, ки эҳтимоли хаторо надорад, бо ақидаи мо дар бораи муҷтаҳид, ки гоҳ хато мекунад ва гоҳ ба ҳақ мерасад мувофиқ намешавад ва онро инкор мекунад.
Аммо агар аз эътиқоди мо ва аз эътиқоди мухолифини мо, (амсоли ақидаи шиъаён, муътазила, хавориҷ ва ғайра) пурсида шавад мегӯем, ки ақидаи мо ҳақ ва ақидаи мухолифони мо ботил мебошад. Ин ақида аз машоих, яъне имомони баъди се имоми аввал омада нақл шудааст.”
Дар асли худ масоили шариъатро метавон се тақсим кард:
1- Масъалаҳои эътиқодӣ. Масъалаҳои эътиқодӣ возеҳу равшан ва ба таври осон фаҳмидашаванда дар Қуръон ва Суннат баён шудааанд ва донистани онҳо зарурат ба иҷтиҳоди муҷтаҳид надоранд. Чунин масоилро масдарашон Қуръон ва Суннат аст ва донистани онҳо мавқуф ба Қуръон ва суннат аст. Аз ҳамин ҷиҳати онҳоро тавқифӣ меноманд ва дар ин масъалаҳо чаҳор мазҳаб иҷмоъ ва иттифоқ доранд ва муҳолифини мо дар масъалаҳои эътиқодӣ мазҳаби ташайюъ, муътазила ва хавориҷ аст.
2-Масъалаҳои фиқҳии ғайри иҷтиҳодӣ. Масъалаҳои фиқҳии ғайри иҷтиҳодӣ мисли фарз будани таҳорат барои намоз, се ҳайз будани муддати моҳёнаи занон, чаҳор моҳ будани иддаи зани шавҳараш вафоткарда ва ғайра, ки дар Қуръон ва Суннат ба таври возеҳу равшан баён шудаанд, зарурат ба иҷтиҳоди муҷтаҳид надоранд ва чаҳор мазҳаб дар асли чунин масъалаҳои фиқҳӣ ҳамназаранд.
3- Масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ. Масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ аз оятҳо ва ҳадисҳои мушкилфаҳми фиқҳӣ гирифта шудаанд, ки он оятҳо ва ҳадисҳо ба чанд маъно далолат мекунанд ва барои зоҳир кардани маънои дурусти онҳо зарурат ба иҷтиҳодӣ муҷтаҳид аст.
Ихтилофи чаҳор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат дар чунин масъалаҳост ва ҳукми ин масъалаҳо, ки дар асари иҷтиҳоди муҷтаҳид зоҳир шудаанд, эҳтимоли дуруст ё хато буданро доранд. Зеро муҷтаҳидон дар иҷтиҳодашон маъсум ва бехато намебошанд ва ихтилофи аз чунин масъалаҳо сарзада дар байни асҳоби киром низ вуҷуд дошт ва чунин ихтилоф аз ҳудуди шариъат хориҷ нест.
Аммо масоили эътиқодӣ ва масъалаҳои фиқҳии ғайри иҷтиҳодиро аз лафзи сариҳи Қуръон ва Суннат гирифта мешавад ва касе дар чунин масъалаҳо бо мо ихтилофи назар дорад, ҳамчуноне шиъаён, хавориҷ ва муътазила ба ҳамин сифат мебошанд, дар ҳақиқат бо Қуръон ва Суннат ихтилоф доранд ва ақидаи мухолифи Қуръон ва Суннатро муътақид мебошанд ва дар ҳамин асос ақидаашон ботил аст.


