Маслиҳатҳои муфид #1 (ё лайфхаки точики)

0

Силсилаи маслиҳати муфидро дар мақолаҳои навбатӣ таҳия месозем, ки метавонед дар ҳар мақола якчанд маслихати муфид ё худ лайфхакро омузед. Маслихати муфид >>

лайфхаки точики


Агар дар гирди бехи буттаи помидор сода бирезед, он хеле ширину бомазза мешавад.


Агар ҳангоми ҷӯшондани тухм як қошуқча сода андозед, вақти тоза кардани тухм пӯчоқаш осон ҷудо мешавад.


Агар бо маҳлули сода (1 қошуқ ба 10 литр об) бодирингро об занед, зардшавии бармаҳали баргҳояш пешгирӣ мегардад, ки ин ба бардоштани ҳосили бештар мусоидат мекунад.


Ду ҳисса сода, як ҳисса крахмали ҷуворимакка ва 10 ҳисса обро якҷоя карда то маҳлули ғафс шудан ҷӯшонед. Чун сард кардед, он беҳтарин “гил” мешавад, ки аз он кӯдакатон бо ёрии шумо ҳар гуна бозича сохта метавонад.


Агар теғи кундгаштаи ришгиракро ба матои куҳнаи ҷинс молиш диҳед, онро тез мекунад.


Агар қошуқи чӯбиро рӯи деги хӯрок гузоред, оби ҷӯшида намерезад. Зеро қошуқ ҳубобҳои дамандаро мекафонад.


Дар хонадон сода на танҳо мушкилкушои бонувон аст, балки манфиати зиёди дигар низ дорад. Агар пойҳоро дар маҳлули сода гузоред, арақкунӣ ва бӯйи пой меравад,. Барои ин, ба 5 литр оби тағора 2 – 3 қошуқ сода андохта, дар он пойро 15 – 20 дақиқа нигоҳ доред. Ин амал на танҳо барои рафъи бӯйи нохуш, балки барои мубориза бо бемории замбурӯғи кафи пой фоидаовар аст.


Агар телефони мобилиро ба режимии парвоз гузоред, неругирияш ду маротиба тезтар мегардад.


Агар ба харошҳои хурди мебел чормағз молед, онҳо номаълум мешаванд.


Агар дар свитери дӯстдоштаи шумо пар ҷамъ шуда бошад, онро бо санги оддии пемза тоза кардан мумкин аст.


Чизҳои аз замш тайёршударо метавонед бо ёрии нони сахт тоза кунед. Фақат канори нони сахтро гирифта, бо он рӯйи замшаро эҳтиёткорона пок кунед.


Шарбати лимӯ барои бартараф кардани доғҳои зард дар либосҳои сафед кӯмак медиҳад. Пеш аз шустани либос шарбатро ба ҷойҳои доғ пошидан лозим.


Лайфхаки точики ё маслихатхои муфидро дар сомонаи www.DONISH.su дарёфт ва мутолиа намоед.

>>

Се амале ки одамро солим ва умрро дароз мекунанд

лайфхаки точики лайфхакхои точики масдихатхои муфид маслихати муфид

Мақолаи қаблӣ27 июн Рузи Вахдати милли (иншо)
Мақолаи баъдӣҲафт мӯъҷизаи модар (сухан дар бораи Модар)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед