Се амале ки одамро солим ва умрро дароз мекунанд

0

Шояд вақтҳои аввал ҳангоми иҷрои онҳо худро ноҳинҷор ҳис кунед, аммо дере нагузашта на танҳо одат мекунед, балки афсӯс мехӯред, ки чаро барвақттар сар накардед. Зеро онҳо ҳам барои саломатӣ ва ҳам табъи хуш басо амалҳои муфиданд.


??? Тозасозии забон

Ҳар саҳар дандон тоза кардан бароямон амали муқаррарӣ шудааст. Акнун забонро низ ҳатман тоза мекунем. Мумкин бо чуткаи дандоншӯӣ ё белчаи махсус. Ин корро ҳанӯз Сино ҳангоми шустани даҳон ҳатмӣ мешумурд.

1. Ба ин васила аз бактерияҳое халос мешавед, ки ба меъда рафта, бемориҳои гуногун меангезанд.

2. Бактерияҳои забон сабаби асосии бӯйи бад ва бемориҳои даҳон мебошанд.


??? Як пиёла оби ҷӯш

Ҳар саҳар ба як пиёла оби сахт наҷӯшида як пора лимон ё каме шарбати онро илова карда, 20 дақиқа пеш аз наҳорӣ кам – кам нӯшед.

1. Об кори меъдаро ба меъёр оварда, организмро ба қабули ғизо омода месозад.
2. Мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва ба харобшавӣ мусоидат мекунад.
3. Ҷигарро тоза менамояд.
4. Дар шарбати лимӯ бошад, миқдори зиёди калтсий, фосфор, натрий, калий, магний, оҳан, инчунин витаминҳои гурӯҳи B ва С мавҷуданд, ки барои организм басо муфиданд.


? Асал пеш аз наҳорӣ

Даҳ дақиқа пеш аз наҳорӣ як қошуқча асали тоза хӯред.

1. Асал махзани витамину микроэлементҳост. Он ба миқдори зиёд фруктоза ва глюкоза дорад, ки ба организм неру бахшида, фаъолияти майнаи сарро беҳтар ва қобилияти кории онро бештар мекунад.
2. Иммунитетро қавӣ мегардонад.
3. Асал хусусияти зиддиоксидантӣ дошта, пиршавии организмро бозмедорад.

Ин амалҳоро ҳеҷ гоҳ ба худ раво набинед!

Мақолаи қаблӣБеҳтарин неъмате, ки ба одам дода шудааст чист?
Мақолаи баъдӣДуо аз падару модар барои фарзанд