ЛАК АГАРЧӢ ЗЕБОӢ МЕБАХШАД…
Мутахассисони Донишгоҳи Стэнфорди Амрико зимни тадқиқот ба хулосае омаданд, ки истифодаи лак, ё худ ҷилобахш ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Хусусан, ҳангоми ороиши нохун ба безурётӣ ва ҳатто ба бемории саратон оварда мерасонад.

Эпидемиолог Чу Куач мегӯяд, ки маҳсулоти барои нигоҳубини нохунҳо лозимбуда дар худ моддаҳои токсинӣ доранд, ки ба организми шахс таъсири манфӣ мерасонад.
Таъсири формалдегид, дибутилфталат ва толуол бошад, осебпазирии системаи асаб ва вайроншавии фаъолияти ҳормонҳоро вусъат мебахшад.
Чу Куач ба занони ҳомиладор маслиҳати истифода набурдани асбоби ороиши нохунро медиҳад. Бахусус, аз лакҳои ҷилобахш бояд эҳтиёт шуд.
Ӯ ба ороишгару машшотаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҳама бештар хатари ба мушкилии хотира, камақлӣ, нишонаҳои асабоният ва дилбеҳузурӣ дучор шуданашонро муайян намудааст.
“Чунин мушкилот ҳангоми нафаскашии мунтазами моддаҳои хавфноки бухоршудаи асбоби ороишӣ ба амал меоянд, – иброз намудааст ӯ.


