Масоили хилол – шархи Чоркитоб

1-Маърифати ҳилол
Арабҳо моҳтобро дар ибтидои зоҳир шуданаш, ки дар оғози моҳҳои қамарӣ аст ҳилол меноманд ва баъди нимдоира шуданаш қамар меноманд ва баъди доираи комил шуданаш бадр меноманд.
Аз ибтидои моҳҳои қамарӣ ҳилол бузург шудан мегирад ва дар нисфи моҳи қамарӣ ба доираи комил, яъне бадр мубаддал мешавад ва баъди ин дубора то охири моҳ ба тадриҷ хурдтару хурдтар мешавад ва дар ибтидои моҳи ҷадид дубора ба шакли ҳилол зоҳир мешавад ва аз даромадани моҳи ҷадид хабар медиҳад. Аз ин ҳаракати аҷибу ғариби маҳтоб ҳамаи рӯзҳои моҳро, ки якум аст ё даҳум ё бистум ё биступанҷум дониста мешавад, ба хилофи ҳаракати офтоб ки аз он соъатҳои қисмати рӯзро дониста мешавад на рӯзҳои моҳҳоро.
2- Маърифати рӯзҳои моҳҳои қамарӣ
Рӯзҳои моҳҳои қамарӣ аз шаб оғоз мешаванд ва замоне рӯзи охири моҳи шаъбон фаро бирасад шоми он рӯз ҳилоли моҳи рамазон зоҳир ва моҳи рамазон расман оғоз мешавад, гарчанде рӯзаро дар рӯзи он рӯз гирифта мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат намози таровиҳро қабл аз рӯза гирифтан шабона, ки шаби рӯзи аввали моҳи рамазон аст, хонда мешавад.
3-Оғози рӯзаи моҳи рамазон
Оғози рӯзҳои моҳи рамазон баъди дидани ҳилоли моҳи рамазон собит мешавад, на ба ҳисобҳои тақвимӣ. Ҳисобҳои тақвимӣ барои донистани вақти зоҳир шудани ҳилол кумак мекунанд ва баъди дидани ҳилол даромадани моҳи рамазон эълон мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ، فَإِنْ غُبِّيَ عَلَيْكُمْ فَأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثَلاَثِينَ»(كذا في صحيح البخاري -3/ 27/ 1909 –عن أَبَي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)
“Бо дидани ҳилоли рамазон рӯза бигиред ва бо дидани ҳилоли шаввол рӯзаро тамом бикунед. Пас агар ҳаво абрнок бошад (ва шумо ҳилоли моҳи рамазонро дида натавонистед) моҳи шаъбонро си рӯз ҳисоб бикунед”.
4- Шаҳодати дидани ҳилол рӯзона
Пас агар мардум аз бегоҳ ҳилоли моҳи шавволро дида натавонистанд ва моҳи рамазонро сӣ рӯз ҳисоб карданд ва фардо рӯза гирифтанд. Баъди ин рӯзона мусофироне аз роҳ омаданд ва гуфтанд, ки шаби гузашта онҳо ҳилоли моҳи шавволро дида буданд, инҷо назар карда мешавад. Агар қабл аз завол шаҳодат бидиҳанд дар ҳол рӯзаро ифтор ва намози идро хонда мешавад, вале агар баъди завол шаҳодат бидиҳад рӯзаро ифтор карда мешавад, лекин намози идро фардо хонда мешавад. Дар ин ҷо ду ҳадиси саҳеҳро зикр мекунем:
1- “اخْتَلَفَ النَّاسُ فِي آخِرِ يَوْمٍ مِنْ رَمَضَانَ، فَقَدِمَ أَعْرَابِيَّانِ، فَشَهِدَا عِنْدَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِاللَّهِ لَأَهَلَّا الْهِلَالَ أَمْسِ عَشِيَّةً، «فَأَمَرَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ النَّاسَ أَنْ يُفْطِرُوا» (كذا سنن أبي داود -2/ 301/ 2339 – عَنْ رِبْعِيِّ بْنِ حِرَاشٍ، عَنْ رَجُلٍ، مِنْ الصحابة:..وحكم المحقق: صحيح).
“Дар охирин рӯзи моҳи рамазон мардум ихтилоф карданд. Дар ин асно ду аъробие пеш омаданд ва дар назди Пайғамбар (с) шаҳодат доданд, ки дирӯз ҳилоли шаввол баромада буд. Пайғамбар (с) мардумро дастур доданд, ки рӯзаро ифтор бикунанд”.
2- “أُغْمِيَ عَلَيْنَا هِلَالُ شَوَّالٍ، فَأَصْبَحْنَا صِيَامًا، فَجَاءَ رَكْبٌ مِنْ آخِرِ النَّهَارِ،فَشَهِدُوا عِنْدَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُمْ رَأَوُا الْهِلَالَ بِالْأَمْسِ «فَأَمَرَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ يُفْطِرُوا،وَأَنْ يَخْرُجُوا إِلَى عِيدِهِمْ مِنَ الْغَدِ»(كذا في سنن ابن ماجه -1/ 529/ 1653 – عَنْ أَبِي عُمَيْرِبْنِ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ، عن عُمُومَتِه، مِنْ الصحابة …وحكم المحقق: صحيح).
“Ҳаво абр буд ва мо баромадани ҳилоли моҳи шавволро дида натавонистем ва он рӯзро рӯза гирифтем. Дар охири рӯз гуруҳе омаданд ва дар назди Пайғамбар (с) шаҳодат доданд, ки дирӯз ҳилоли моҳи шавволро дидаанд. Пайғамбар (с) дастур доданд, то рӯзаро ифтор бикунанд ва фардо барои гузоридани намози ид бароянд”.
5- Дуъое, ки ҳангоми дидани ҳилоли моҳи рамазон ҳонда мешавад:
«اللَّهُمَّ أَهْلِلْهُ عَلَيْنَا بِاليُمْنِ وَالإِيمَانِ وَالسَّلَامَةِ وَالإِسْلَامِ، رَبِّي وَرَبُّكَ اللَّهُ» (وفي سنن الترمذي -5/ 504/ 3451 – عَنْ طَلْحَةَ بْنِ عُبَيْدِ اللَّهِ، حَدِيثٌ حَسَنٌ وحكم المحقق: صحيح).
“Аллоҳумма аҳлилҳу алайно билюмни вал имон вассаломати вал ислом, Раббӣ ва Раббукаллоҳ”.
“Парвардигоро! Моҳи навро барои мо бо баракат ва имон ва саломатӣ ва ислом баровар! Эй Моҳ! Парвардигори ман ва Парвардигори ту Аллоҳ аст”.


