Шеърхо аз Орзу Исоев оварда мешаванд, Орзу Исо шеър >>

БОЗИИ АРТИСТ
Дар паноҳи саҳна бо афсунгарӣ,
Ман ба қавли худ надорам боварӣ.
Ханда иҷбориву гапҳоям дурӯғ,
Хастаам аз ваҳшати нақшофарӣ.
Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.
Гаҳ палиду нобакору қотилам,
Гоҳ донишманд, гоҳе оқилам.
Як даме нопок, як дам поки пок,
Гаҳ разолатпарвару гаҳ фозилам.
Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.
Ман дигар кайҳост бо худ нестам,
Ман намедонам, куҷоям, кистам?
Солҳо, эй одамон, эй одамон,
Дар ҳудуди нақшҳоям зистам.
Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.
Гар бадам ё хуб, нақше аз шумост,
Куштаву саркӯб, нақше аз шумост.
Кофарам ё габр, ё дар дафтаре
Ҳарфи шаҳрошӯб, нақше аз шумост.
Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.
Масти мастам, оҳ, як девонаам,
Бо ҳақиқатҳои худ афсонаам.
Нақшҳои ман ҳама нақши шумост,
Ман шумоям в-аз шумо бегонаам.
Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.
МАНУ АНДЕША
Ба ин дастони беҳамдаст ногаҳ
Тамоми номаҳоро пора кардам,
Худамро дар нишеби қиссаҳоям
Ба дастони худам бечора кардам.
Наёрам то каломи кӯҳна бар лаб,
Булӯри вожаҳоямро шикастам.
Раҳо гардида аз афсонаи ноб,
Кунун бо сояи худ аҳд бастам.
Чӣ монд? Оҳанги маҳзуни садое
Дар ин бунбасти бефарҷоми исфанд,
Расиданҳои рӯзи хуш дурӯғ аст,
Вале ман хӯ гирифтам бо ҳамин фанд.
Ба қоби шишаӣ тасвир хомӯш,
Ману андеша дар часпу талошем,
Зи чӯби такдарахти ишқ алъон
Сутуни қасри ғамро метарошем!


