Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид

0

Хаёт ва фаъолияти Мухаммади Ходизода Навид


Хаёт ва фаъолияти Мухаммади Ходизода Навид
Муҳаммадӣ Навид

Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид соли 1955 дар деҳаи Нушори Болои ноҳияи Тоҷикободи кишвари Тоҷикистон, дар хонадони яке аз шахсиятҳои маъруфи илм ва ирфон, Ҳоҷӣ Мулло Мирзоҳодӣ Лоиқзода ба дунё омадааст.

Донишҳои ибтидоӣ ва фиқҳиро назди падар ба итмом расонида, аз маҳзари донишмандони машҳуре ҳамчун, Махдуми Бурҳониддини Утолӣ ва дигар бузургон, ақида ахлоқ, сарф ва наҳв, ҳадис ва тафсир, мантиқ ва фалсафа, балоғату баён, сияр ва таърихро фаро гирифтааст.

Дар натиҷаи сафарҳо ба мамолики шарқ ва ширкат дар ҳалқаҳои илмӣ ва суҳбат бо донишмандони риштаҳои гуногун, дониш ва малакаи илмии худро сайқал додааст. Ҳамзамон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи забонҳост.

Аз соли 1998 то 2001 муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дипломдор дар улуми сиёсатшиносӣ, аз кишвари Ҷопон ва давлати Қувайт.

Дипломдор — муҳаққиқ дар риштаи дастхатшиносӣ аз Донишгоҳи шарқшиносии Федератсия Руссия ва Институти шарқшиносӣ ва дастхатшиносии Фаронса ва Тоҷикистон.

Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви иттиҳоди рузноманигорони Ҷумҳурӣ.

То кунун беш аз ҳафтод мақола ва пажуҳишҳои илмии ӯ дар мавзуоти гуногун ба нашр расидааст.

Аз муаллиф панҷ китоб дар назм ва наср бо номҳои: «Ҳадиси ишқ», «Милоди нур», «Андешаҳо» ва «Шарҳи саду як ҳадиси набавӣ бо таълиқот», манзури хонандагон гардидааст.

Бархе аз китобҳои муаллиф аз қабили “Милоди нур”, Шарҳи саду як ҳадиси набавӣ”, “Иборот ва ишорот” дар хориҷ аз кишвар ба чоп расидаанд.

Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид соли 2016 дунёи фониро падруд гуфтанд.

Мақолаи қаблӣШоҳбайтҳо #3