Чун Абубакру Умару Усмон,
Муртазо дон алайҳимур-ризвон.
БАЁНИ МАЪНО
Мурод аз чаҳорёри Муҳаммад (с), чаҳор халифаи бузургвораш ҳазрати Абубакри Сиддиқ, ҳазрати Умари Форуқ, ҳазрати Усмони Зунурайн ва ҳазрати Алии Муртазо ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин мебошанд.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Тарҷумаи мухтасари ҳоли ин бузургон қарори зайл аст:
ТАРҶИМАИ ҲОЛИ ҲАЗРАТИ АБӮБАКР
Номаш Абдуллоҳ ва номи падараш Усмон (Абӯқуҳофа) ва лақабаш Сиддиқ ва кунияташ Абӯбакр аст. Дар соли 573 милодӣ, яъне 51сол қабл аз оғоз шудани солшумории ҳиҷрӣ ба дунё омадааст ва дар соли 634 милодӣ, мутобиқ бо соли 13 ҳиҷрӣ дар сини 63 солагӣ бо ҳисоби қамарӣ ва 61 солагӣ ба ҳисоби милодӣ вафот кардааст.Дар мақому мартаба аз дидгоҳи аҳли суннат шахсияти аввали уммати исломӣ дониста мешавад ва аз ҷумлаи башоратдодашудагон ба биҳишт аст. Аввалин марди болиғест, ки дини мубини исломро пазируфтааст ва наздиктарин дӯст ва падарарӯс (хусур)-и Пайғамбар, (с), яъне падари ҳазрати Оиша, (р) мебошад. Дар китобҳои ҳадис аз вай 142 ҳадис ривоят шудааст.
Дар рӯзи вафоти Пайғамбар, (с), дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ аввалин халифа ва ҷонишини он ҳазрат интихоб гардидааст ва хилофату роҳбарияташ то замони вафоташ ду солу се моҳу понздаҳ рӯз идома кардааст.
Дар даврони хилофаташ туғёни муртадони муддаиёни нубувват ва мункирони закотро саркӯб намуда ва баъзе мантақаҳои сарзаминҳои Шом ва Ироқро дар қаламрави ислом даровардааст.
ТАРҶИМАИ ҲОЛИ УМАР ИБНИ ХАТТОБ
Номаш Умар ва номи падараш Хаттоб ибни Нуфайл, лақабаш Форуқ ва кунияташ Абӯҳафс аст. Дар соли 584 милодӣ дар Маккаи мукаррама ба дунё омадааст ва дар соли 23 ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 644 милодӣ дар Мадинаи мунаввара ба шаҳодат расидааст. Панҷ сол қабл аз ҳиҷрат дар соли 616 милодӣ дини мубини исломро пазируфтааст ва сабаби қудратманд гардидани шавкати мусулмонон дар Макка шудааст. Дувумин халифаи Пайғамбар, (с), хусураш, яъне падари модари муъминон Ҳафса (р) ва домоди духтараш, яъне шавҳари Умму Кулсум бинти Фотимаи Заҳро, яке аз башоратдодашудагон ба биҳишт ва баъди ҳазрати Абӯбакр дувумин шахсияти уммати исломӣ шинохта шудааст.
Ҳазрати Умар аз Умму Кулсум – хоҳари имомон Ҳасан ва Ҳусайн як писар ба номи Зайд ибни Умар ва як духтар ба номи Руқайя бинти Умар дошт.Дар соли 13 ҳиҷрӣ дар рӯзи вафоти ҳазрати Абӯбакр халифа интихоб шуда ва то соли 23 ҳиҷрӣ, яъне муддати даҳ сол хилофаташ идома кардааст. Дар муддати хилофаташ тамоми сарзамини Шому Ироқ, Мадоину Миср ва тамоми ҷазираи Араб дар қаламрави ислом дароварда шудааст ва бузургтарин императорҳои олами замонаш – императории Эрону Рум шикаст дода шуданд.
Дар соли 23 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 644 милодӣ ҳангоми гузоридани намоз ба ҷонаш сӯиқасд сурат гирифтааст ва дар асари он се рӯз баъд ба шаҳодат расидааст.
ТАРҶИМАИ ҲОЛИ ҲАЗРАТИ УСМОН
Номаш Усмон ва номи падараш Аффон, лақабаш Зуннурайн ва кунияташ Абуамр ё АбуАбдуллоҳ ва Абӯлайло низ гуфта шудааст. Маънои “зуннурайн” соҳиби ду нур мебошад ва мурод аз он ду духтари Пайғамбар, (с) аст, ки якеро баъди вафоти дигараш Ҳазрати Усмон издивоҷ карда буд.
Дар соли 577 милодӣ, яъне 47 сол қабл аз оғоз шудани солшумори ҳиҷрӣ ба дунё омадааст ва дар соли 35 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 656 милодӣ дар сини 79 солагӣ бо солшумории милодӣ ва 82 солагӣ бо солшумории ҳиҷрӣ аз тарафи шӯришчиёни авбоши исёнгар ба шаҳодат расидааст.
Дар соли 23 ҳиҷрӣ баъди шаҳодати ҳазрати Умар халифа интихоб гардидааст ва то соли шаҳодаташ, яъне соли 35 ҳиҷрӣ дар муддати дувоздаҳ сол ифои масъулияти хилофат кардааст.
Аз ҷумлаи мусулмонони аввал, шавҳари ду духтари Пайғамбар, (с) – Руқайя ва Умму Кулсум ва аз ҷумлаи бузургтарин ва наздиктарин саҳобагони он Ҳазрат (с) ва бузургтарин мададгорони молӣ ва иқтисодии Пайғамбар, (с) ва давлати рисолату хилофат ба шумор меравад. Аз дидгоҳи аҳли суннат дар мақому мартаба баъд аз Ҳазрати Абубакру Умар савумин шахсияти уммати исломӣ маҳсуб мешавад ва дар ҷумлаи даҳ нафари башоратдодашуда ба биҳишт шомил аст.
Даврони хилофати вай замони густариши қаламрави ислом дар Африқо ва Қафқоз ва даврони пешрафту тараққиёти ҳаёти моддӣ ва маънавии мусулмонон дониста мешавад. Аз ҷумлаи бузургтарин хидматҳои ин бузургвор ҷамъ кардани Қуръони карим мебошад, ки бо чунин амалаш Аллоҳ, субҳонаҳу ва таоло тавассути ҳазрати Усмон Қуръони каримро аз хатари мавриди таҳриф қарор гирифтан ҳифз кардааст.
Бо вуҷуди чунин бузургворияш баъзе ҳосидон ва мансабталабон бар муқобили ӯ шӯриш карданд ва ӯро ба қатл расонида, фитнаи қатли ба ноҳақро дар таърихи ислом бунёд гузориданд, ки асари он то кунун мусулмонони оламро ором намегузорад.
Ҳазрати Усмон нахост аввалин халифае бошад, ки бар муқобили мардуми исёнгару ношукр лашкар бикашад ва аввалин амире бошад, ки ба дастури вай хуни мусулмон резонида шавад. Аз ҳамин ҷиҳат борҳо талаби шӯришгаронро иҷро кард ва ба амири қудратмандаш Ҳазрати Муъовия иҷозати саркӯб кардани шӯришгаронро надод, вале ин сабру таҳаммули ӯро шӯришгарони ҷоҳилу мансабталаб аломати заъфу нотавонияш талақӣ карда, ғофилгирона болояш ҳамла карданд ва ӯро дар ҳолати қироати Қуръон сар буриданд ва китоби Аллоҳ Таъолоро бо хуни поки ин бандаи маҳбубаш рангин сохтанд.
Ҳазрати Усмон босаброна ин мусибатҳоро пушти сар кард ва ҷони худро ба ҷонофарин таслим кард, вале ба ҳеҷ касе иҷозат надод, ки дар дифоъ аз нафси вай хуни мусулмонеро бирезонад.
ТАРҶИМАИ ҲОЛИ ҲАЗРАТИ АЛӢ (Р)
Ҳазрати Алӣ писари Абутолиб (600-661 милодӣ) писари амаки Пайғамбар (с) ва домодаш, тибқи он чӣ дар китоби “Ал-ъалом” (4/295) омадааст, дар соли 600 милодӣ дар Макка ба дунё омадааст ва дар соли 661 милодӣ, мувофиқ бо 17 моҳи рамазони соли 40 ҳиҷрӣ дар Куфа маврид терори Ибни Мулҷам қарор гирифтааст ва дар асари он ба шаҳодат расидааст.
Ибни Мулҷам яке аз амирони лашкари ҳазрати Алӣ (р) ва шиъаёни собиқаш ҳаст, ки талабгори ҷанг буд ва баъди ақди сулҳ мухолифи ҳазрати Алӣ шуд ва ҳазрати Алиро барои сулҳаш бо ҳазрати Муовия ҳукм ба куфр кард ва пешвои хавориҷиҳои такфирӣ гардида буд.
Ҳазрати Алӣ (р) дар оғуши Пайғамбар (с) ба воя расидааст ва дар даҳ солагияш қабл аз ба балоғат расидан дини мубини исломро пазируфтааст. Қабл аз ҳиҷрат яке аз ёварони Пайғамбар (с) буданд ва он ҳазратро дар тамоми мушкилоти даъват ҳамроҳӣ мекарданд ва барои фиребидани мушрикон ҷонашро дар хатар гузошта дар бистари он Ҳазрат (с) хобиданд ва Пайғамбар (с) имкони ҳиҷрат кардан пайдо карданд.
Баъди ҳиҷрати Пайғамбар (с) пои пиёда аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кардааст ва дар аксари набардҳо дар даврони ҳаёти Пайғамбар (с) парчами лашкар ба дасти ӯ қарор доштааст. Ҳазрати Алӣ аз ҷумлаи бузургтарин имомон ва пешвоёни асҳоби киром, олимони дин ва қаҳрамони набардҳо ва хусусан ҷанги Бадру Хайбар ва чаҳорумин халифа ва ҷонишини рошиду ростини Пайғамбар (с) аст.
Ҳангоме дар соли 35 ҳиҷрӣ, баробар бо 656 милодӣ, ҳазрати Усмон аз дасти шуришчиёни авбош ба шаҳодат расид ва ҳазрати Алӣ ба ҷои вай чаҳорумин халифаи Пайғамбар (с) интихоб гардид. Аммо ҳазрати Алӣ аз оғози хилофаташ ба сабаби таъхир карданаш қисоси қотилони ҳазрати Усмонро ва дар сафи лашкари хилофат қарор додани баъзе роҳбарон ва аксари лашкари шуришчиёни дар қатли ҳазрати Усмон ширкат карда, мавриди интиқоди сахти баъзе саҳобагон қарор гирифтааст.
Дар асари ин интиқодҳо ихтилофҳо сар зад ва дар соли 36 ҳиҷрӣ дар Басра дар байни лашкари ҳазрати Алӣ ва лашкари қисосталабони хуни ҳазрати Усмон ҷанги маъруф бо номи “Ҷанги Ҷамал” сурат гирифт ва дар он гуруҳи ҳазрати Алӣ дастболо шуданд.
Дар соли 37 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 657 милодӣ, дар яке аз минтақаҳои ҳудудии байни Ироқ ва Сурия, ки бо номи “Сиффин” маъруф мебошад, бори дуввум ду лашкари мусулмон даргир шуданд ва ҷанги шадиде ба вуқуъ пайваст ва мунҷар ба сулҳе гардид, ки он сулҳ бо номи “Таҳким” маъруф мебошад.
Баъди “Сулҳи таҳким” як гуруҳе аз шиъаёни ҳазрати Алӣ (р) ба нишони норозигӣ аз ин сулҳ, аз итоъати ҳазрати Алӣ хориҷ мешаванд ва ӯро ҳукм ба куфр мекунанд ва дар минтақае бо номи Наҳравон барои ҷанг бо ҳазрати Алӣ (р) омода мешаванд. Ҳазрати Алӣ (р) барои баҳсу мунозараи онҳо меравад ва онҳоро даъват ба баргаштан мекунад ва аксарашон бармегарданд, вале баъзеи онҳо дар мавқеашон собит мемонанд.
Дар натиҷа дар соли 38 ҳиҷрӣ мувофиқ бо 658 милодӣ дар “Наҳравон” дар байни лашкари ҳазрати Алӣ (р) ва ин ҷамоъати такфирӣ, ки бо номи “Хавориҷ” маъруф мебошанд, ҷанг дар гирифт ва дар асари он ба ҷуз чанд нафаре аз хавориҷ тақрибан ҳамаашон, ки 1800 нафар буданд, кушта шуданд.
Ҳангоме ки хавориҷиҳо ҳазрати Алиро шикаст дода натавонистанд, нақшаи терор карданашро кашиданд ва чуноне гузашт ӯро терор кардаанд.
Баъди шаҳодати ҳазрати Алӣ (р) писараш Имом Ҳасан (р) халифа интихоб гардид ва дере нагузашта он бузургвор бо ҳазрати Муовия сулҳ кард ва ҳазрати Муовия халифа ва Имом Ҳасан ҷонишини ӯ интихоб гардид ва дар асари ин сулҳ якпорчагии мусулмонон баъди 5 соли ихтилоф дубора барқарор гардид ва дар ҷомеа амнияту осоиштагӣ ҳоким гардид.
Дар китоби “Ал-ъалом” (4/295) шаклу сурати ҳазарати Алиро чунин сифат кардааст: Ранги пӯсташ гандумгин, шикамкалон ва чашмкалон, қоматаш ба паст будан наздик ва ришаш ончунон бузург буд, ки мобайни китфҳояшро сатр мекард. Аз ҳазрати Алӣ (р) 28 фарзанд боқӣ мондааст, ки 11 нафари онҳо писар ва 17 нафараш духтаронаш буданд.
Шоире чигуна дӯст доштани ин чаҳор саҳобии бузургворро чунин баён кардааст:
Ин чаҳорёр чаҳор сутунанд баҳри дин,
Ҳар як чароғи масҷиду миҳробу минбар аст.
Ҳар кас, ки зин чаҳор якеро хилоф кард,
Ӯро яқин бидон зи яҳудони Хайбар аст.