Ҳамсарам панҷ ҷумларо ҳамеша бароям мегуфм аммо ман дар ҷавобаш ин ҷумларо мегуфтам …

1. Ту медони ман туро тамоман дӯст надорам!…
Аммо ман барояш мегӯфтам: Ман ба ту ифтихор мекунам!
2. Ба ғайр аз ман ҳеҷ кас ҳозир набуд бо ту издивоҷ кунад! Аммо ман барояш мегӯфтам: Пас бояд аз ту сипосгузор бошам!
3. Ҳеҷ ҳавсалаи туро надорам! Аммо ман барояш мегӯфтам: (Ман ҷуз ту касеро надорам)!
4. Медони падару модар хоҳару бародаратро ҳеҷ дӯст надорам?!…
Ман дар ивазаш барояш мегӯфтам: Ман аз хонаводаат хело рози ҳастам ва дӯсташон медоштам!
5. Ҳар гоҳ болоям қаҳр мешуд бо вуҷуде, ки иштибоҳ аз шавҳарам буд, барояш мегӯфтам: Лутфан маро бубахш узр мехоҳам
✍?Як рӯз хона омад баъд болоям бисёр қаҳр шуд ва ғулмуғул кард ва ман бо чашмони пур аз ашк гуфтам: лутфан маро бубахш бо вуҷуде, ки иштибоҳ аз ман набуд…
Якбор ба тарафам нигоҳ карду гуфт: Бовуҷуде, ки иштибоҳ аз ман аст ту чаро бахшиш мепурсӣ?
– Ман барояш гуфтам: Чун ҳадиси Паёмбар ﷺ ҳамеша дар қалбам аст ва монеъ мешавад бо ту забондарози кунам чун ҳақу ҳуқуқи ту болоям бисёр аст, ки Паёмбар с.а.в мефармояд: «Ҳар зане, ки намоз бихонад рӯзаи моҳи мубораки рамазонро бигирад ва иффати худро ҳифз кунад ва шавҳарашро итоат кунад дар рӯзи қиёмат Аллоҳ амр мекунад, ки аз ҳар дарвозаи биҳишт ки мехоҳи вориди биҳишт шав»
Баъд шавҳарам бо чашмони пур аз ашк пешониамро бусид ва аз ман бахшиш пурсид ва гуфт: «Ба ту ифтихор мекунам фариштаам ва аҳд кард, ки дигар ҳеҷ гоҳ болоям қаҳр нашавад»

