Агар шабона пораҳои пиёзро зери пой (кафи пой) гузоред, чӣ мешавад?

Пиёз бо вуҷуди бӯи тунд, ки бисёриҳо бад мебинанд, аммо фоида ва хосиятҳои шифобахши аҷибе дорад. Фоидаи буридаи пиёз ба пойҳо барои рафъи шамолхӯрӣ ва гармии он собит шудааст.
Дарди гӯш
Агар Шумо аз дарди шадиди гӯш азоб мекашед, шабона як пораи пиёзро ба пои худ гузоред ва худ беҳбудиро пай хоҳед бурд.
Барои хориҷ кардани токсинҳо аз бадан кумак мекунад, ҳамон тавре ки барои хориҷ шудани кислотаи меъда мусоидат мекунад.
Табобати муассир барои ғадудҳои варам дар бадан низ ҳаст.
Дар зери пой нуқтаҳои истинод вуҷуд дорад, онҳо мустақиман бо баъзе узвҳои бадан алоқаманданд, азбаски пой дар зер “хатҳои тӯлонӣ” дорад, ки онро бо тамоми узвҳои бадан мепайвандад, зеро ҳудуди 7000 хатти тулонӣ ҳисоб карда шудааст.
Дигар фоидаи гузоштани як дона пиёз дар зери пои худ он аст, ки аз бадани токсинҳо пок мешавад, онҳоро мекушад, барои онҳое, ки гирифтори фишори баланди хун ҳастанд, ин усул шиддат, хатари фишори баланди хунро коҳиш медиҳад, инчунин ҳарорати махсусан баланди кӯдаконро паст мекунад.
www.donish.su
Пас аз гузоштани як порча пиёз, пиёз амали худро дар бадан оғоз намуда, ҷисмро аз заҳрҳо пок ва ба бафаолияти беҳтари узвҳои даруни бадан роҳ мекушояд.
Микробҳо, бактерияҳо ва вирусҳоро, ки боиси бемориҳо, аз ҷумла зуком мешаванд, махсусан дар фасли зимистон аз байн мебарад.
Ин усул барои эҳёи бадан пас аз як рӯзи тӯлонии талошҳо, давутозҳо кӯмак мекунад, то рӯзи навро бо нерӯи бештар пешвоз гиред.
Сатҳи холестиринро дар хун паст мекунад, ба ин васила барои аз даст додани вазн барои онҳое, ки роҳи осонтарини аз даст додани вазнро меҷӯянд, кӯмак мекунад.
Ҳар касе, ки ба бӯи бади пой гирифтор аст, кумак мекунад, зеро ин бемориро дар онҳо табобат мекунад.
Пиёзро, хоҳ сафед бошад, хоҳ сурх, ҳамвор бурида, ба кафи пой гузоред, бо латае банденд ва аз болояш ҷӯроб пушед.
Хунро аз ҳаргуна микробҳо тоза ва пӯстро низ шаффоф месозад. Фосфор дар таркиби пиёз бештар аст, ки ин боиси тоза шудани хун аз бактерия, микробҳо мегардад ва заҳрҳои баданро ҷаббида мегирад, ин усул ба пойҳоятон бӯи беҳтар мебахшад, ҳангоми хоб оромиро бар мегардонад ва аз бадан ҳаргуна моддаро хориҷ месозад…


