|
|
|
| Зодрӯз: | 01.02.1974 |
| Зодгоҳ: | н.Ш.Шоҳин, Ҷ. Тоҷикистон |
| Касб: | сароянда |
| Вазъи оилавӣ: | оиладор, соҳиби 6 фарзанд |
Қадами Қурбон (01.02.1974, н.Ш.Шоҳин, Ҷ.Тоҷикистон) яке аз сарояндагони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ асосан сурудҳои туёнаи ҳазломез месарояд.
Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагам, ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини минтақаи Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби № 11, ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 – 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмати ҳарбиро адо кардааст.
Онҳо 10 бародарону хоҳарон буда, Қадами Қурбон фарзанди 8 – уми оила мебошад. Қадами Қурбон оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд: чор писару ду духтар аст. Духтари калониашро ба шавҳар дода, писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш сурудхонӣ мекунад, оиладор ва донишҷӯи Донишкадаи санъат аст. Фарзандони дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд.
Қадами Қурбон яке аз пурбаҳстарин овозхонҳои тоҷик аст, ки соли гузашта ба далели роҳ ёфтани чанд видеояш ба интернет маъруф шуд. Тамошобинони ҳунарнамоиҳои ӯ, ки маъмулан дар маҳфилу маъракаҳои хусусӣ, на дар студияҳои касбӣ сабт шудаанд, асосан ба ду тақсим шудаанд.

Як гурӯҳ шеваи ҳунарнамоии ӯро шадидан ба боди танқид кашида, онро хилоф бо меъёрҳои фарҳангиву ҳунарӣ арзёбӣ мекунанд. Тарафдоронаш аз ӯ ҳимоят карда мегӯянд, ки Қадами Қурбон як овозхони озод аст ва мисли як ҳунарпеша аз роҳи тақдими ғайримаъмулии таронаҳояш барои тамошобин “спектакл”-и хурде намоиш медиҳад.
Сарояндаи тоҷик Қадами Қурбон дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион нафар тамошо карданд. Акнун ӯро барои таблиғоти хеш ширкатҳои бузург ва машҳур даъват менамоянд ва ӯ дар хориҷи кишвар барномаи консертӣ дода, албоми нахустини сурудҳояшро омода карда истодааст.
Дар асл тақдири ин сароянда басо ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез аст: Қадами Қурбон, муаллими мусиқии деҳа, дар деҳаи худ, ҷануби кишвар зиндагӣ дошт. Дар тӯйҳои мардум сурудхонӣ карда, зиндагиашро пеш мебурд. Мардуми минтақа ӯро хеле зиёд дӯст медоштанд. Баъдан наворҳои сурудхонии ӯ ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва миллионҳо тамошобин пайдо кард. Ба ӯ рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мусоҳиба анҷом доданд ва аз ин пас ҳаёти ӯ тағйир ёфт. Баъзе аз “манаққидони санъат” сурудҳои ӯро бемаънӣ ва шухиҳояшро ноҷо арзёбӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод намуданд. Қадами Қурбонро он қадар зиёд танқид карданд, ки яке аз сарояндаҳои машҳури кишвар Олег Фезов маҷбур шуд аз ӯ ҳимоя кунад. Ҷонибек Муродов, сарояндаи дигари машҳури кишвар низ ба ҳимояи Қадами Қурбон садо баланд кард ва аз ӯ даъвати ҳамкорӣ намуд. Ширкатҳои бузург ҳам ба шуҳрати Қадами Қурбон таваҷҷуҳ карда, барои лавҳаҳои таблиғотии худ акси ӯро истифода намуданд.
Кадами Курбон, маълумот дар бораи Кадами Курбон, суруди нави Кадами Курбон, Кадами Курбон 2020, кадам курбон, кадами курбон, кадам курбон скачать, кадами курбон mp3, кадам курбон малика, кадам курбон 2020, мино кадами курбон.



