Григорий Перелман олиме, ки аз 1 миллион доллар даст кашид

0

Дар замони мо ҳам касоне ҳастанд, ки ҳаёташон афсонаи орифонаро мемонад. Аз ҷумла, гӯшанишинӣ, аз халқ канора ҷустан, ба молу мулки дунё беэътино будан ва либосҳои фақирона хоси онҳост. Масалан, математики маъруфи рус Григорий Перелман, ки ҳанӯз ҳам дар танаш костюми замони шӯравист, имкон дошт аз ҳисоби бо теоремаи худ ҳал намудани яке аз муаммоҳои ҳазорсола сарватманд шавад. Вале аз ин кор худдорӣ кард.  Воқеан, ба «Ҳазорсола» 7 масъалаи ҷаҳонӣ ворид мешавад, ки ба ҳар яке 1 миллион долларӣ мукофот ҷудо шудааст ва он дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Клэя баррасӣ мешавад. Вақте Перелман яке аз масъалаҳоро ҳал кард, аз гирифтани миллион доллар даст кашид. Ҳатто рӯзи ҷоизасупорӣ, ки дар шаҳри Мадрид бо иштироки шаҳзодаи Испания мегузарад, ҳозир нашуд ва ҳамаро дар ҳайрат гузошт.

Ӯ ин муамморо тавассути гипотезаи Пуанкаре солҳо қабл ҳал карда буд. Барои ин соли 2006 ба Перелман «Медали Филдс», яке аз мукофоти сатҳи олиро, ки бо Нобел паҳлу мезанад, тақдим доштанд. Аммо онро ҳам рад кард.

Перелман ҳоло бо модари бемораш дар Санкт – Петербург, дар бинои куҳнае ба сар мебарад ва гоҳ – гоҳ барои харид берун мебарояд. Берун шудани ӯро рӯзноманигорону мухлисони дохиливу хориҷӣ ҳафтаҳо мунтазир мешаванд. Чун баромад, саволборон мекунанд, то аз сад суол ба якеаш раҳораҳ ақаллан ҷавоби кӯтоҳ бигиранд.

Мақолаи қаблӣБо 3D-принтер деҳа месозанд
Мақолаи баъдӣҚадами Қурбон

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед