
Инсон ҳангоми хоб бештар ба кадом паҳлу мехобад ва дар кадом ҳолат чунин тарзи хоб хатарнок аст? Ҳамаи ин дар ин мақола аз сомонаи Суи Дониш – www.donish.su
Инсонҳо шабонгоҳ бо чор тарз хоб мераванд:
- Баъзе одамон бо шикам хоб мераванд.
- Баъзе одамон ба пушт хоб мераванд.
- Баъзе одамон ба тарафи дасти чап хоб мераванд.
- Баъзе одамон ба тарафи дасти рост хоб мераванд.
Одамоне ки бо шикам хоб мераванд:
Онҳо нафаскашии худро эҳсос мекунанд, зеро вазни пушт ва скелетҳо ба шушҳо фишор меоранд. Аз рӯи илми тиб ба шикам хобидан умуман мумкин нест. Аз рӯи ислом ва мушоҳидаҳо бошад, бо шикам хоб рафтан ба ҳолати руҳm ва ҷисмонии инсон, инсоне ки болиғ аст сахт таъсири манфӣ мерасонад.
Одамоне ки ба пушт хоб мераванд:
Чунин инсонҳо вақте хобашон мебарад бо даҳони худ нафас мегиранд, агар одам ба воситаи даҳон нафас гирад, чӣ мешавад?
Ин афрод нисбат ба дигарон бештар хунукӣ мегиранд милки дандонҳо хушк мешавад, агар хушк шавад милк аз дандон дур мегардад, ки боиси пайдоиши бемориҳои милки дандонӣ мегарданд. Пас, ба пушт хобидан ҳам хуб нест. Аз нигоҳи ислом бошад бо пушт хоб рафтан, ҳолати оромии ҷисмро аз байн мебарад ва боиси нороҳатӣ дархоб ва изтироб мегардад.
Одамоне ки аз тарафи дасти чап хоб мераванд:
Ғизо одатан дар меъда аз 2 то 4 соат мемонад, аз ин рӯ, агар шахс бо дасти чап хоб кунад, барои ҳазм кардани ғизо 5 то 8 соат лозим мешавад, зеро шуши рост, ки калон аст, ба дил ва ҷигар фишор меорад, бинобар ин дар холати изтироб мемонад. (Тасвири болоро бубинед). Пас бо дасти чап хобидан ҳам зараровар аст.
Одамоне ки аз тарафи дасти рост хоб мераванд:
Шуши чап хурдтар ва сабуктар аст, ҷигар, ки яке аз бузургтарин узв дар бадан аст, дар рӯи замин устуворона қарор мегирад, ки ин боси хуб ҳазм гардидани ғизо дар меъда мегардад. Пас ин беҳтарин роҳи хоб аст, ки дар ин ҳолат Шумо комилан истироҳат менамоед.?
Инак ҳадиси тасдиқкунандаи ҳақиқати хоби солимро меорем:
Паёмбар Муҳаммад (с.а.в) фармуд:
“Агар ба бистари худ меравед баъд аз намоз ба тарафи дасти рост хобида бигӯед: “Эй Худо, ман рӯи худро ба ту медиҳам ва корамро ба ту вогузорам”.
Мегуянд:
Ба пушт хобидан орзуи шоҳон аст.
Хоб ба шикам хоби шайтон аст.
Хоб бо дасти чап хоби пурхурон аст, зеро онҳо бисёр мехӯранд.
Хоб бо дасти рост хоби парҳезгорону донишмандон аст. Ин хоби Расули Худо (с.а.в) аст.
Паёмбар (с.а.в) ба паҳлӯи рост хобида, дасташро зери рухсораи гиромиаш мегузошт…
Аз гурӯҳи фейсбукии “Олами табиат”


