Дар ин саҳифа маълумот дар бораи сачдаи тиловат, дуои сачдаи тиловат ва тарзи саҷда кардан оварда мешавад. Хонед ва ба дӯстонатон сомонаи мо – www.DONISH.su-ро тавсия диҳед.
Дар чаҳордаҳ сураи Қуръон ояти саҷда аст, ҳар гоҳ шахсе яке аз он ояттҳоро бихонад ва ё бишунавад, чӣ қасди шунидани онро дошта бошад ё не, баъд аз тамом шудани тиловати он, бояд саҷдаи тиловатро ба ҷо орад. Дар Қуръони карим оятҳо аломат ва нишонгузорӣ шудаанд.
Тарзи саҷдаи тиловат ба ин равиш аст:
Дар ибтидо чунин ният мекунад: “Навайту ан асҷуда саҷдата-т-тиловати мутаваҷҷиҳан ило ҷиҳати-л-каъбати холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар”-гӯён дастҳоро баланд накарда ба саҷда меравад ва як саҷда ба ҷо меорад. Сипас такбиргӯён сарашро аз саҷда мебардорад.
Саҷдаи тиловат ташаҳҳуд ва салом надорад.
Дуои саҷдаи тиловат чунин аст:
“Саҷдату ли-р-Раҳмони ва оманту би-р-Раҳмони фағфирли зунуби ё Раҳмон самиъно ва атаъно ғуфронака Раббано ва илайка-л-масир”.
Сураҳое, ки ояти саҷда доранд инҳо мебошанд:
- Аъроф, ояти 206;
- Раъд, ояти 15;
- Наҳл, ояти 50;
- Исро, ояти 109;
- Марям, ояти 58;
- Ҳаҷ, ояти 18 ва 77;
- Фурқон, ояти 60;
- Намл, ояти 26;
- Саҷда (Алиф Лом Мим), ояти 15;
- Сод, ояти 24;
- Фуссилат, ояти 38;
- Наҷм, ояти 62;
- Иншиқоқ, ояти 21;
- Алақ, ояти 19.



