
1. Ламинария (карами баҳрӣ) яке аз обсабзҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, ки то 5 метр қад мекашад.
2. Арчаҳо зиёда аз 1000 сол умр мебинанд.
3. Дар Бразилия дарахте мерӯяд, ки бо захмӣ шуданаш аз бадани он шир мерезад, таркиби ин шир ба монанди шири гов аст. Агар чанд ҷои ин дарахтро захмӣ кунем, он то 4,5 – 5 литр шир медиҳад.
4. Барои то 3 метр қад кашидани арча зиёда аз 100 – 120 сол вақт лозим аст.
5. Дарахти тут 200 – 300 сол умр мебинад.
Таҳияи Мардонҷон БОТИРОВ


