Шартҳои хориҷии Намоз (шарҳи Чаҳоркитоб)

0

Шартхои хоричии Намоз (шархи Чахоркитоб)


Мурод аз шартҳо ё фарзҳои хориҷии намоз ҳафт умурест баъди риъоя ва мутаҳаққиқ шудани онҳо шуруъ кардан ба намоз дуруст мешавад:

1-Даромадани вақти намоз, пас гузоридани намоз қабл аз вақташ дуруст намешавад. Зеро Аллоҳ таоло дар ояти 103 сураи “Нисо” чунин фармудааст:

{فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا} )النساء: 103(

“Пас намозро барпо доред! Ҳамоно намоз бар муъминон дар вақти муъайян фарз аст”.

2-Тоҳир будани бадани намозгузор аз наҷосати ҳақиқӣ, мисли бавл, хамр  ва аз наҷосати ҳукмӣ, мисли ҷанобат ё бетаҳоратӣ. Пас агар ба бадани кас пешоб ё оби хамр расида бошад ва ё ҷунуб бошад ва ё бетаҳорат, ки ҷанобат ва бетаҳоратӣ наҷосати ҳукмӣ, яъне дар шариъат ҳукми наҷосатро доранд, то худашро бо шустан ва ғуслу таҳорат кардан пок насозад ба намозаш оғоз карда наметавонад ва агар бо чунин ҳол намоз бихонад намозаш дуруст намешавад.

{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ مِنْهُ } (المائدة: 6)

“Эй муъминон! Ҳангоме, ки барои намоз бархестед, рӯйҳо ва дастҳои худро ҳамроҳ бо оринҷҳо бишӯед ва бар сарҳои худ масҳ бикашед ва пойҳоятонро ҳамроҳ бо буҷулакҳо бишӯед. Агар ҷунуб бошед ҳамаи бадани худро бишӯед! Ва агар бемор бошед ё мусофир ё ки яке аз шумо аз қазои ҳоҷат баргашт ё бо занон алоқаи ҷинсӣ кардед ва об пайдо накардед, бо хоки пок таямум бикунед. Ба ин тариқа, ки бо хоки пок рӯйҳо ва дастонатонро масҳ бикашед…”.

3-Тоҳиру пок будани либосаш. Пас агар либоси тоҳир, ки онро дар урф либоси намозӣ мегӯянд надошта бошад ба намоз оғоз карда наметавонад.  Дар мавзӯъи шарт будани намозӣ кардани либос дар ояти чаҳоруми сураи “Мудассир” чунин омадааст:

{وَثِيَابَكَ فَطَهِّرْ } )المدثر: 4(

“Ва либосатро тоҳир бикун”.

4-Тоҳир будани макони намоз. Пас агар дар макони наҷосатдор болои наҷосат, мисли дар оғили гову гусфандон ё болои қолин ё ҷойнамози бенамозшуда намоз бихонад, намозаш дуруст намешавад.

Дар ривояти “Саҳеҳи Буухорӣ” омадааст, ки аъробие дар масҷид пешоб кардааст ва Пайғамбар (с) барои тоҳир кардани замини масҷид чунин амр кардаааст:

“دَعُوهُ وَهَرِيقُوا عَلَى بَوْلِهِ سَجْلًا مِنْ مَاءٍ،أَوْ ذَنُوبًا مِنْ مَاءٍ،”. (كذا في صحيح البخاري -1/ 54 عن ابي هريرة)

“Вайро бигузоред ва ба макони пешоб кардааш як сатили хурд ё як сатили бузург об бирезед”.

5-Сатри аврат. Шариъат барои мардон аз зери ноф то зери зонуяшон ва барои занон ба ҷуз рӯйҳояшон ва кафҳои дастон ва кафҳои пойҳояшон тамоми бадашонро аврат ҳукм кардааст. Пас агар мавзеъҳои шариъат аврат муқарраркарда сатр набошанд,  намоз дуруст намешавад. Дар ояти 31 сураи “Аъроф” Аллоҳ таоло чунин фармудааст:

{يَا بَنِي آدَمَ خُذُوا زِينَتَكُمْ عِنْدَ كُلِّ مَسْجِدٍ} (الأعراف: 31.. وَالطَّوَافُ مَخْصُوصٌ بِمَسْجِدٍ وَاحِدٍ وَلَا يُفْعَلُ فِي غَيْرِهِ فَدَلَّ عَلَى أَنَّ مُرَادَهُ الصَّلَاةُ الَّتِي تَصِحُّ فِي كُلِّ مَسْجِدٍ وَيَدُلُّ عَلَيْهِ مِنْ جهة السنة كذا في أحكام القرآن للجصاص -4/ 206 )

“Эй фарзанди Одам!Аврати худро ҳангоми ҳар намозе сатр бикун”.

6-Истиқболи қибла. Намозро ба тарафи хонаи Каъба гузоридан фарз аст, пас агар бидуни узри муътабар дар шариъат  ба тарафи ғайри Каъба намоз бихонад, намозаш дуруст намешавад. Дар ин мавзӯъ дар ояти 150 сураи “Бақара” Аллоҳ таоло чунин амр кардааст:

{فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ } )البقرة: 150(

“Пас ба сӯи масҷиди ҳаром рӯй бигардон”.

7-Нияти намоз. Бояд қабл аз шуруъ кардан дар дилаш нияти иҷобати амри Аллоҳ таолоро, ки дастури намоз хонданро додаст ва барои касби ризои Ӯ таъоло ва ҳосил кардани аҷру савобашро бикунад ва сипас шуруъ намояд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«إِنَّمَا الأَعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ …”. (كذا في صحيح البخاري -1/ 6- عن عُمَرَ بْنَ الخَطَّابِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)

“Ҷуз ин нест, ки дуруст шудани амалҳо ба ниятҳо вобастагӣ дорад”.


Шартҳои намоз / Шартхои намоз (шархи Чоркитоб)

Мақолаи қаблӣШартҳои воҷиб шудани намоз (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣШартҳои дохилии Намоз (шарҳи Чаҳоркитоб)