Бо даст салом кардан бо зан магар чи бадӣ дорад? Оё дар Ислом салом кардан бо зан иҷоза надорад? Манъи зан аз даст додан бо мардон.

Дасти зан ҷузъе аз бадани ӯст ва ҳар ки дасти занеро ламс карда бошад то кадом андоза нарм будани ҷасади ӯро медонад. Аз ин ҷост, ки бо ин кор дар ба рӯи амали шайтон кушода мешавад. Пас, манъ намудан аз даст додан, манъ намудан аз кушодашавии дарҳои бузурги фитнаву шар аст.
Бинобар ин Ислом даст додани занро ба мардони бегона ҷоиз намедонад, вале гурӯҳе аз маҳоримро мустасно намудааст: монанди падар, бародар, амак ва тағо барои зан ва модар, хоҳар хола ва амма барои мард.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармудаанд:
«Агар сӯзани оҳанине дар сари яке аз шумо халонда шавад, беҳтар аст барояш аз ин, ки дасти занеро, ки барояш ҳалол нест мисос намояд».
Ба тақкиқ собит шудааст, ки расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) бо занон мусофаҳат намекардаанд. Аз Амима бинти Рақиқа ривоят аст, ки мегӯяд:
Бо гуруҳе аз занон назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) омадем, ки бо эшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) бар Ислом байъат кунем, пас занон гуфтанд:
– Эй расули Худо (салаллоҳу алайҳи васалам ) бо ту байъат мекунем бар ин ки ба Худо шарик намеорем, дуздӣ намекунем, зино намекунем, фарзандонамонро ба қатл намерасонем, бӯҳтону тӯҳмат намекунем ва дар ҳар кори неке, ки амр мекунед нофармонӣ намекунем.
Пас, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:
– Дар ин корҳо тавонои ва тоқат доред?
Занон гуфтанд:
– Худованд ва Расули Ӯ бар мо аз худи мо дида раҳимтар ҳастанд, биё то бо ту байъат кунем, эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Пас, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
– Ман бо занон даст намедиҳам, ба таҳқиқ суханони ман барои сад зан монанди сухани ман барои як зан аст[1].
Пас, бояд зан аз даст додан бо мардон имтиноъ варзад. Агар бо дастпӯш ё ғайри он бо мардон салом кунад, беҳтар аст аз ин ки бидуни он даст диҳад. Лекин хубтар ин аст, ки аслан даст надиҳад. Ҳев зарурате нест, ки занро ба даст додан маҷбур созад.
[1]. Ин ҳадисро имом Молик ривоят кардааст.
Аз канали телеграмии Ҳидояти Занон


