Ҳукми кутоҳ кардани муйи сар барои зан дар Ислом

0

Буридани муи сари зан дар Ислом, оё иҷоза ҳаст? Ҷавоб ба ин суол дар ин мақола

Хукми буридани муи сари зан дар ислом

✨ Алҳамдулиллаҳ ва салату ва саллам Ала Расулуллоҳ, аммо баъд:

?Кутоҳ кардани муй барои зинату зебоӣ ё сабук кардани машаққати шустушу ва ғайра, ҷоиз аст.

?Ба шарте, ки ба ҳадди ташаббуҳ ва монанди ба мардон нарасад ва ё зан қасди ташаббуҳ ба занони кофирро надошта бошад.

?Зеро Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси саҳеҳ “Занонеро, ки худро ба мардон ташбиҳ мекунанд лаънат кардаанд”

?Инчунин дар ҳадиси дигар мегуянд: ”Ҳарки худро ба қавме ташбиҳ кунад пас у аз ҷумлаи он қавм аст.”

? Ривояти Абудовуд.

❗️❕Агар кутоҳ кардани муй аз ин ду амали мамнуъ холӣ бошад пас кутоҳ кардани он ҷоиз аст.

 ?Зеро дар шариъат аз он манъ наомадааст. Балки дар Саҳеҳи Муслим аз Абусалама Ибни Абдурраҳмон омадааст, ки

 ?«Занони Паёмбар алайҳиссалом муйҳои худро то нармии гуш кутоҳ мекарданд. Шориҳон мегуянд: Занони Паёмбар алайҳиссалом муйҳои худро баъди вафоти ҳазрат кутоҳ карда буданд»

 ?Инчунин аз ин ҳадис маълум шуд, ки кутоҳ кардани муй барои зан то нармии гуш ҷоиз аст агар бо иҷозаи шавҳар бошаду аз барои шавҳараш, вале набояд барои зебоӣ ва барои нишон додан ба мардони бегона бошад зеро ин амал харом ва мавриди лаънати Парвардигор мегардад!

 ?Аммо аз нармии гуш зиёдтар кутоҳ кардан ҷоиз нест ва дар ташаббуҳ ба мардон дохил мешавад.

Аз канали Ҳидояти занон


Мақолаи қаблӣБадбинӣ байни зану шавҳар
Мақолаи баъдӣБо даст салом кардан бо зан магар чи бадӣ дорад?