Тарчумаи холи / зиндагиномаи хазрати Абубакри Сиддик
Номаш Абдуллоҳ ва номи падараш Усмон (Абӯқуҳофа) ва лақабаш Сиддиқ ва кунияташ Абӯбакр аст. Дар соли 573 милодӣ, яъне 51 сол қабл аз оғоз шудани солшумории ҳиҷрӣ ба дунё омадааст ва дар соли 634 милодӣ, мутобиқ бо соли 13 ҳиҷрӣ дар сини 63 солагӣ бо ҳисоби қамарӣ ва 61 солагӣ ба ҳисоби милодӣ вафот кардааст.
Дар мақому мартаба аз дидгоҳи аҳли суннат шахсияти аввали уммати исломӣ дониста мешавад ва аз ҷумлаи башоратдодашудагон ба биҳишт аст. Аввалин марди болиғест, ки дини мубини исломро пазируфтааст ва наздиктарин дӯст ва падарарӯс (хусур)-и Пайғамбар, (с), яъне падари ҳазрати Оиша, (р) мебошад. Дар китобҳои ҳадис аз вай 142 ҳадис ривоят шудааст.
Дар рӯзи вафоти Пайғамбар, (с), дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ аввалин халифа ва ҷонишини он ҳазрат интихоб гардидааст ва хилофату роҳбарияташ то замони вафоташ ду солу се моҳу понздаҳ рӯз идома кардааст.
Дар даврони хилофаташ туғёни муртадони муддаиёни нубувват ва мункирони закотро саркӯб намуда ва баъзе мантақаҳои сарзаминҳои Шом ва Ироқро дар қаламрави ислом даровардааст.


