Шархи масодири Дин (хукмхои шариат аз кучо гирифта мешаванд?).
1-Масдари аввалине, ки ҳукмҳои шариъат аз он гирифта мешавад Қуръони карим аст ва онро Аллоҳ таъоло барои пайғамбараш фиристодааст, то ба ончи дар китобаш ба Муҳаммад (с) нишон додааст, ҳукм бикунад. Чуноне дар ояти 105 сураи “Нисо” мефармояд:
{إِنَّا أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِتَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ بِمَا أَرَاكَ اللَّهُ…} )النساء: 105(
“Мо Қуръонро бар ту нозил кардем барои баёни ҳақ то дар миёни мардум ончиро Аллоҳ ба ту нишон додааст, ҳукм бикунӣ”.
Барои зоҳир шудан, ки чигуна уламо дар асоси ин чаҳор масдар ҳукм мекунанд чанд мисол меорем:
1-Дар масдари аввал, ки Қуръони карим аст, Аллоҳ таоло дар ояти 90 сураи “Моида” дар мавриди ҳаром будани хамру қимор ва бутпарастию фолбинӣ чунин фармудааст:
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنْصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ} )المائدة: 90(
“Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамоно шароб, қимор, бутҳо ва тирҳои барои фолбинӣ (тирҳое, ки бо онҳо фол медиданд) палиданд ва аз кори шайтон мебошанд, пас аз он бипарҳезед, то растагор шавед”.
Дар ин оят Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хамрнушӣ, қиморбозӣ, бутпарастӣ ва фолбиниро палид, яъне ҳаром гуфтааст ва дастур додааст, ки аз ин палидиҳо иҷтиноб карда шавад.
2-Дар масдари дуввум, яъне дар суннати Пайғамбар (с) ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) ҳаром будани хамр ва бақияи ашёи масткунандаро чунин баён кардааст:
“كُلُّ مُسْكِرٍ خَمْرٌ، وَكُلُّ مُسْكِرٍ حَرَامٌ. (كذا في صحيح مسلم -3/ 1587 73 – 2003- -عَنِ ابْنِ عُمَرَ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:..)
“Тамоми анвоъи масткунандаҳо хамранд ва тамоми анвоъи масткунандаҳо ҳароманд”.
3-Дар масдари саввум, яъне иҷмоъи уммат ва онро дар “Мавсуъа” чунин таъриф кардааст:
“وفي موسوعة الفقه الإسلامي – 2 / 264: – مصادر الفقه الإسلامي:فالإجماع: هو اتفاق علماء الأمة على حكم شرعي مبني على الكتاب والسنة”.
“Иҷмоъ иборат аз иттифоқи уламои уммат дар ҳукме аз аҳкоми шариъатро мегӯянд ки такя бар Қуръон ва Суннат дошта бошад”.
Ба таври мисол бинобар фармудаи Аллоҳ ва Расулаш тамоми анвоъи масткунандаҳо ҳаром мебошанд ва иҷмоъи уламоро дар ин мавзӯъ дар китоби “Ал-иҷмоъ” чунин зикр кардааст:
“وفي الإجماع لابن المنذر -ص: 67/266- وأجمعوا على أن السكر حرام”.
“Уламо иҷмоъ ва иттифоқ кардаанд, ки масткунанда ҳаром аст”.
4-Мутобиқи қиёс, ки масдари чаҳорум мебошад, бинобар ончи дар Қуръон ва суннат хамр ҳаром шудааст, иллати хабису ҳаром буданаш заъиф ё фалаҷ кардани ақли инсон аст ва чунин иллат дар тамоми ашёи масткунанда низ ёфт мешавад ва онҳо низ мисли хамр ҳаром мегарданд.
Пас агар масъалае пеш ояд, ки дар Қуръон сароҳатан баён нашуда бошад ҳукми онро дар суннат ҷустуҷӯ карда мешавад ва агар дар суннат ёфт нашавад ба иҷмоъ назар карда мешавад. Аммо агар на дар Қуръон бошад ва на дар суннат ва на дар иҷмоъ, дар чунин масъалаҳо қиёс карда мешавад.
Ба таври мисол асл дар масткунандаҳо ва ақли инсонро фалаҷкунандаҳо хамр, яъне шароби аз оби ангӯр аст ва ҳаром будани он ба ҳукми ояти Қуръон собит аст. Бар ин асли собит чизи дигареро, ки мисли хамр масткунанда ё фалаҷкунанда бошад, мисли маводи мухаддир қиёс карда мешавад ва он ҳам, мисли хамр ҳукми ҳаром буданро мегирад.
Дар ин мавзӯъ дар “Сунани Абудовуд” бо санади аз дидгоҳи Ҳофиз ҳасан ва аз дидгоҳи баъзе муҳаққиқони муосир заъиф ҳадисе ривоят шудааст, ки ба эътибори таҳсини Ҳофиз ба ончи бо қиёс дар ҳақи маводи мухаддир собит мешавад, далолат мекунад. Дар он ҳадис чунин омадааст:
” عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ، قَالَتْ: «نَهَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنْ كُلِّ مُسْكِرٍ وَمُفَتِّرٍ”. (كذا في سنن أبي داود -3/ 329- بِسَنَدٍ حَسَنٍ كما في فتح الباري لابن حجر -10/ 44 3686 – وفي جامع الأصول -5/ 93- وقد حسنه الحافظ في ” الفتح “والمعنى: كل شراب يورث الفتوروالخدر في الجسم،ويظهر أثره بفتور الجفون كالحشيش،وذكر في “عون المعبود” شرح سنن أبي داود كلاماً نفيساً في بيان المفتر وأنواعه، واستطراد للكلام على الحشيشة والافيون ونحوهما مما يستعمله أوباش الناس للتخدير والإسكار.وفي جمع الفوائد من جامع الأصول ومجمع الزوائد -2/ 376- وفيه شهر بن حوشب،وثقه الإمام أحمد بن حنبل، ويحيى بن معين، وتكلم فيه غير واحد، والترمذي يصحح حديثه،وضعفه الألباني في “ضعيف أبي داود”).
Пайғамбар (с) истиъмоли ҳамаи анвоъи масту заъифкунандаҳоро манъ кардааст”.
Асл дар ин масъала фуқаҳо ҳадисеро бо ривояти “Сунани Абудовуд” ҳуҷҷат қарор додаанд, ки санади он аз дидгоҳи аксари уламо заъиф ва аз дидгоҳи баъзе уламо ҳуҷҷат қароргиранда мебошад. Дар он ҳадис аз ҷумлаи чунин омадааст:
“عَنْ أُنَاسٍ مِنْ أَهْلِ حِمْصٍ، مِنْ أَصْحَابِ مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَمَّا أَرَادَ أَنْ يَبْعَثَ مُعَاذًا إِلَى الْيَمَنِ قَالَ: «كَيْفَ تَقْضِي إِذَا عَرَضَ لَكَ قَضَاءٌ؟»، قَالَ: أَقْضِي بِكِتَابِ اللَّهِ، قَالَ: «فَإِنْ لَمْ تَجِدْ فِي كِتَابِ اللَّهِ؟»، قَالَ: فَبِسُنَّةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «فَإِنْ لَمْ تَجِدْ فِي سُنَّةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَلَا فِي كِتَابِ اللَّهِ؟» قَالَ: أَجْتَهِدُ رَأْيِي، وَلَا آلُو فَضَرَبَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ صَدْرَهُ،وَقَالَ: «الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي وَفَّقَ رَسُولَ، رَسُولِ اللَّهِ لِمَا يُرْضِي رَسُولَ اللَّهِ» ،(كذا في سنن أبي داود -3/ 303- 3592 – وفي التعليق على جامع الأصول -10/ 179: اختلف الناس في هذا الحديث، فمنهم من قال: إنه لا يصح، ومنهم من قال: هو صحيح، والدين القول بصحته، فإنه حديث مشهور يرويه شعبة بن الحجاج، رواه عنه جماعة من الفقهاء والأئمة، منهم يحيى بن سعيد، وعبد الله بن المبارك، وأبو داود الطيالسي، والحارث بن عمرو الهذلي الذي يروي عنه، وإن لم يعرف إلا بهذا الحديث، فيكفي برواية شعبة عنه، وبكونه ابن أخ للمغيرة بن شعبة في التعديل له والتعريف به، وغاية حظه في مرتبته أن يكون من الأفراد، ولا يقدم ذلك فيه ولا أحد من أصحاب معاذ مجهولاً، ويجوز أن يكون في الخبر إسقاط الأسماء عن جماعة، ولا يدخله ذلك في حيز الجهالة، إنما يدخل في المجهولات إذا كان واحداً، فيقال: حدثني رجل، حدثني إنسان ولا يكون الرجل للرجل صاحباً حتى يكون له به اختصاص، فكيف وقد زيد تعريفاً بهم أن أضيفوا إلى بلد، وقد خرج البخاري الذي شرط الصحة في حديث عروة البارقي: سمعت الحي يتحدثون عن عروة ولم يكن ذلك الحديث في جملة المجهولات، وقال مالك في القسامة: أخبرني رجال من كبراء قومه، وفي الصحيح عن الزهري: حدثني رجال عن أبي هريرة: من صلى على جنازة. أقول: وقد صححه ابن القيم في ” إعلام الموقعين “، وممن صححه من المتأخرين الشيخ زاهد الكوثري في مقالاته).
“Ҳангоме Пайғамбар (с) хост ҳазрати Муъозро (ҳамчун намояндаи худаш) ба Яман бифристад ба вай гуфт: Агар дар масъалае ҳукм кардан бароят пеш ояд чигуна дар он ҳукм мекунӣ? Ҳазрати Муоз гуфт: Мутобиқи Қуръон ҳукм мекунам. Пайғамбар (с) гуфт: Агар он масъаларо дар Қуръон наёфти чӣ кор мекунӣ? Ҳазрати Муоз гуфт: Мутобиқи Суннат ҳукм мекунам. Пайғамбар (с) гуфт: Агар он масъаларо дар Суннат наёфти чӣ кор мекунӣ?
Ҳазрати Муоз гуфт: Иҷтиҳод мекунам ва бо назари ҳосилшуда аз иҷтиҳодам ҳукм мекунам ва кӯтоҳ намеоям. Пайғамбар (с) бар синаи ҳазрати Муъоз зад ва гуфт: Сипос Аллоҳ таъолорост, ки фиристодаи Расулашро ба ончи Расулашро розӣ месозад муваффақ гардонидааст”.


