Масдари динии Ахли Суннат ва Чамоъат.
Масоили динӣ ду навъ мешаванд:
1-Эътиқодӣ;
2- Амалӣ.
Масъалаҳои эътиқодӣ тавқифӣ мебошанд, яъне донистани онҳо мавқуф ба Қуръон ва Суннат аст ва дар ҳамин асос масдари масъалаҳои эътиқодӣ танҳо Қуръон ва Суннат мебошанд ва бо қиёс кардан дониста намешаванд ва қиёс кардан дар чунин масъалаҳо хатост.
Ба таври мисол қиёс кардан ва гуфтан, ки агар ҳазрати Азроил зиндаву дар ҳамаҷо ҳозир аст ва ҷони бандагонро мегирад, пас Муҳаммад (с), ки аз ӯ бузургтар мебошад ба тариқи авло зиндаву дар ҳамаҷо ҳозир аст ва моро мешунавад ва мебинад. Зеро ҳаёти пайғамбарон, як навъ ҳаёти хоси барзахӣ мебошад, ки мо кайфияти онро намедонем.
Дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«إِنَّ لِلَّهِ مَلَائِكَةً سَيَّاحِينَ فِي الْأَرْضِ يُبَلِّغُونِي عَنْ أُمَّتِي السَّلَامَ”. (كذا في سنن الدارمي -3/ 1826 2816 – – وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح”. عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:)
“Ҳамоно Аллоҳ таоло фариштагоне дорад, ки дар рӯи замин гардиш мекунанд ва саломи умматам ба ман фиристодаро бароям мерасонанд”.
Агар рӯҳи Муҳаммад (с) дар ҳамаҷо ҳозир мебуд ҳеҷ зарурате набуд, ки Аллоҳ таоло фариштаҳоеро муваззаф бисозад то саломи фиристодаи моро ба он ҳазрат бирасонанд.
Масъалаҳои фиқҳӣ низ ду навъ мебошанд:
1- Фиқҳии тавқифӣ. Мурод аз масъалаҳои фиқҳии тавқифӣ он масоилест, ки дар Қуръон ва Суннат возеҳу равшан баён шудаанд ва барои донистанашон зарурат ба иҷтиҳоди муҷтаҳид нест. Ба таври мисол фарз будани шустани даст, рӯй, пой ва масҳи сар дар таҳорат, чаҳор моҳу даҳ рӯз будани иддаи зане, ки шавҳараш вафот кардааст, нисфи ҳиссаи мард будани ҳиссаи зан дар мирос, дар панҷ вақт хондани намоз ва ғайра аз ҷумлаи ин масъалаҳост.
Асли чунин масъалаҳо тавқифиянд ва ҷузиёти онҳо, мисли ҳамаи сарро масҳ кашидан ё баъзеи онро, дар аввали вақт хондани намози бомдод ё то равшан шудан таъхир кардан ва сипас хонданаш ва ғайра, ки ҷузъиёти масъалаҳои мазкуранд, иҷтиҳодӣ мебошанд.
2- Фиқҳҳии иҷтиҳодӣ. Мурод аз масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ он масъалаҳои дар Қуръон ва суннат омадааст, ки барои ҳама возеҳу равшан намебошанд ва донистани онҳо зарурат ба иҷтиҳод дорад ва дар чунин масъалаҳо аҳли суннат ва ҷамоъат ба чаҳор мазҳаби фиқҳии машҳур; ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ тақсим шудаанд.
Ба таври мисол дар ояти 228 сураи “Бақара” чунин омадааст:
{وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ….} )البقرة : 228(
“Ва занони талоқшуда (бояд) хештанро то се қуръ (ҳайз ё покӣ) дар интизор нигоҳ доранд…”.
Дар луғати араб калимаи “қуръ” ба ду маъно меояд; маънои ҳайз ва покӣ, ки аз зоҳири оят ба кадоми ин ду маъно буданаш возех нест. Барои зоҳир карданаш уламои чаҳор мазҳаб иҷтиҳод кардаанд ва уламои ҳанафӣ ва ҳанбалӣ ба маънои ҳайз буданашро фатво додаанд ва уламои моликӣ ва шофеъӣ ба маънои покии дар байни ду ҳайз буданаш фатво додаанд.
Масдари масоили фиқҳии иҷтиҳодӣ чаҳор чиз мебошанд:
- Қуръони карим;
- Суннати набавӣ;
- Иҷмоъи уммат;
- Қиёси саҳеҳ. Муфассал >>
Мо аз ду ҷиҳат барои он қиёси саҳеҳ гуфтем:
1-Қиёс кардан дар масъалаҳои эътиқодӣ дуруст нест, зеро чуноне қаблан ёдоварӣ шуд масъалаҳои эътиқодӣ тавқифӣ мебошанд ва қиёс масдари масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ аст ва масдари масъалаҳои эътиқодӣ нест.
2-Қиёс кардан дар масъалаҳои дар Қуръон ва Суннат сароҳатан омада ҷоиз нест, магар он ҳолате, ки зикри қиёс барои таъйиди муқтазои оят ё ҳадис зикр шавад ва мухолифи муқтазои оят ё ҳадис қарор нагирад.
Шарҳи масодири Дин (ҳукмҳои шариат аз куҷо гирифта мешаванд?)


