Шартхои дохилии Намоз (шархи Чахоркитоб)
Шартҳо ё фарзҳои дохилии намоз, ки риъояи онҳо барои ба тарзи саҳеҳу дуруст анҷом додани намоз шарт мебошанд, шаш фарзанд:
1-Такбири таҳрима, яъне Аллоҳу акбар барои иҳроми намоз гуфтан. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин дастур додааст:
«إِذَا قُمْتَ إِلَى الصَّلاَةِ فَكَبِّرْ، (كذا في صحيح البخاري -1/ 152/757 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ(
“Ҳар вақто барои гузоридани намоз бархестӣ такбир (Аллоҳу акбар) бигӯ”.
2-Қиём, яъне истодан ва мурод аз он истода дар намоз Қуръон хондан аст. Чуноне Аллоҳ таоло мефармояд:
{وَقُومُوا لِلَّهِ قَانِتِينَ} )البقرة: 238(
“Ва фурутанона барои Аллоҳ биистед”.
3-Қироъат, яъне дар намоз Қуръон хондан, ки аз дидгоҳи Имом Абуҳанифа фарзии қироъат ба хондани як ояти Қуръон ҳам ҳосил мешвад, вале бояд сураи Алҳамдро бихонад ва ба он сураи дигарро низ зам бикунад.
Аммо аз дидгоҳи имомон Абуюсуф ва Муҳаммад фарзии қироъат ба хондани як ояти дарозе, мисли “Оятулкурсӣ” ё се ояти кутоҳе, мисли сураи “Кавсар” адо меёбад. Дар “Ҷавҳара” аз ҷиҳати эҳтиёт қавли имомон Абуюсуф ва Муҳаммадро тарҷиҳ додаву чунин гуфтааст:
“وفي الجوهرة النيرة على مختصر القدوري -1/ 58- “قَوْلُهُ: وَقَالَ أَبُو يُوسُفَ وَمُحَمَّدٌ لَا يُجْزِئُ أَقَلُّ مِنْ ثَلَاثِ آيَاتٍ قِصَارٍ أَوْ آيَةٍ طَوِيلَةٍ- كَآيَةِ الْكُرْسِيِّ وَآيَةِ الدِّينِ وَقَوْلُهُمَا فِي الْقِرَاءَةِ احْتِيَاطٌ وَالِاحْتِيَاطُ فِي الْعِبَادَاتِ أَمْرٌ حَسَنٌ”،
“Дар қавли он ду, яъне имомон Абуюсуф ва Муҳаммад дар қироъат риъояи иҳтиёт аст ва эҳтиёкорӣ дар ибодатҳо кори хӯбе аст”.
Бо вуҷуди ин дар қироъати намоз бояд сураи “Алҳамд”-ро бихонад, чун хонданаш воҷиб аст.
Дар ояти 20 сураи “Музаммил” чунин омадааст:
{فَاقْرَءُوا مَا تَيَسَّرَ مِنَ الْقُرْآنِ} )المزمل: 20(
“Пас оне аз Қуръон бароятон муяссар аст, онро бихонед”.
Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«لَا صَلَاةَ إِلَّا بِقِرَاءَةٍ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 297/ 42 – 396 عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،)
“Нест намозе магар бо қироъат”.
4-Рукуъ, яъне баъди ба итмом расидани қироъат такбиргӯён хам шудану рукуъ кардан. Дар ояти 43 сураи “Бақара” чунин омадааст:
{وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ } )البقرة: 43(
“Ҳамроҳи рукуъкунандагон рукуъ бикунед”.
5-Саҷда, яъне дар охири ҳар як ракаъати намоз ду саҷда кардан. Дар ояти 77 сураи “Ҳаҷ” чунин омадааст:
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ارْكَعُوا وَاسْجُدُوا}(الحج: 77)
“Эй касоне, ки имон овардаед рукуъ намоед ва саҷда бикунед”.
6-Қаъдаи ахир. Миқдори хондани “Аттаҳийёт” дар ахири намоз нишастан. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) ба Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:
“إِذَا فَعَلْتَ هَذَا أَوْ قَضَيْتَ، فَقَدْ قَضَيْتَ صَلَاتَكَ،إِنْ شِئْتَ أَنْ تَقُومَ، فَقُمْ، وَإِنْ شِئْتَ أَنْ تَقْعُدَ، فَاقْعُدْ”.(كذا في سنن الدارمي -2/ 846 1380 –”عن عَبْدَ اللَّهِ، وفي تعليق المحقق: إسناده صحيح).
“Ҳар вақто хондани “Аттаҳиёт”-ро ба итмом расонидӣ, намозатро ба итмом расонидаи ва агар бихоҳӣ метавони биравӣ ва ё биншинӣ”.


