Шеър дар бораи ЗАН – Ифтихори одами аз зан бувад

Ифтихорӣ одамӣ аз зан бувад,
Эътиборӣ одамӣ аз зан бувад.
Дар ҷаҳони пурмалоли пурфиреб,
Гирудори одамӣ аз зан бувад.
Дар замони хеш Фиръавни лаин,
Хонд худро Холиқи рӯи Замин.
Осия ӯро зи тахти зар фиканд,
Гашт ӯ бар оташи дӯзах қарин.
Ёд овар Марями вологуҳар,
Нахли хушк омад барояш дар самар.
Дохили маъбад нахустин бор шуд,
Кард қонуни бадӣ зеру забар.
Он, ки аввал Каъбаро обод кард,
Номи Ҳақро пеши Каъба ёд кард.
Нек медонем Ҳоҷар будааст,
Замзаму Марва, Сафо бунёд кард.
Зан дили худро ба қурбон додааст,
Дар раҳи ислому дин ҷон додааст.
Ҷуз Сумайя як каси дигар набуд,
Хешро бар марг осон додааст.
Буд рӯзу шаб қарини Мустафо,
Моли худро кард баҳри дин фидо.
Буд ин бону Хадича, он ки буд
То ба мурдан дар паи сидқу сафо.
Буд нури чашми поки Мустафо,
Фотима, ки буд ҷуфти Муртазо.
Бар Муҳаммад буд аз ҷон ҳам қарин,
Бӯстони ҳастиро дода ҷило.
Хутбаи Зайнаб шудӣ ғулғулфикан,
Шуд Язид бечора пеши шерзан.
Тахти ӯ дар ларза омад дар замон,
Дар фиғон омад тамоии марду зан.
Зан бувад ҳамчун чароғи нурбор,
Зан бувад бадри хуше дар шоми тор.
Ҳаст олам равшан аз нури рухаш,
Гар ту мардӣ, модаронро пос дор!
Ифтихорӣ одамӣ аз зан бувад,
Эътиборӣ одамӣ аз зан бувад.
Дар ҷаҳони пурмалоли пурфиреб,
Гирудори одамӣ аз зан бувад.


