Он Худованде, ки ҳангоми саҳар, Кард қавми Лӯтро зеру забар

0

Матни муқаддима

Он Худованде, ки ҳангоми саҳар,
Кард қавми Лӯтро зеру забар.


Шарҳи матн

1-Он Худои поки сазовори ҳамду сано ва воҷибулпарастиш бандагони саркаши кофиру фоҷирашро ҳангоми саҳар ва дар кадом вақту ҳолати дигаре худаш муносиб бидонад ҷазои подоши амалҳояшонро медиҳад.

2- Аз ҷумлаи қавмҳои фоҷиру бадкоре, ки Аллоҳ таоло онҳоро ҳангоми саҳар несту нобуд кардааст қавми Лӯт (а) аст.


Далелҳои матн

1-Ному насаби ҳазрати Лӯт.  Лӯт ибни Ҳорон ибни Озар, яъне Ториҳ ибни Ноҳур  ибни Арғӯ ибни Сориҳ ибни Фолиҳ ибни Обир ибни Шолиҳ ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанаъон ибни Шис ибни Одам алайҳимуссалом аст.  Аз инҷо дониста мешавад, ки ҳазрати Лӯт писари бародари ҳазрати Иброҳим, яъне писари Ҳорон аст ва ҳазрати Иброҳим амаки ҳазрати Лӯт аст.

2- Маркази даъвати ҳазрати Лӯт. Ҳазрати Лӯт ҳамроҳи амакаш ҳазрати Иброҳим ба Миср ва Фаластин ҳиҷрат кардааст ва саранҷом дар Димишқ қарор гирифтааст ва барои даъвати аҳолии Муътафикот фиристода шудааст.

3-Қавми Лӯт. Мурод аз қавми Лӯт сокинони шаҳри Садӯм, ки дар атрофи шаҳри Ҳалаби Сурия воқеъ шудаааст ва номаш дар замони мо Сармин аст, мебошад. Ҳоло тоифаи шиъаёни исмоъилияҳо дар панҷ қарияи ин минтақа зиндагӣ мекунанд, ки дар якҷоягӣ он панҷ қарияро бо номи муътафикот шинохта мешавад.

4- Иллати гумроҳии қавми Лӯт. Гумроҳии қавми Лӯт (а) ба куфру ширк мунҳасир набуд, балки дар ливотагарӣ ва роҳзанӣ кардан ба қасди ливота ва озори ҷинсӣ додани роҳгузарон маъруф буданд ва ҳатто то ба андозае ба ин мусибат гирифтор буданд, ки робитаи алоқаи ҷинсӣ бо занонро қатъ карда буданд. Аз ҳамин ҷиҳат дар оятҳои 28, 29 ва 30 ҳазрати Лӯт онҳоро чунин хитоб кардааст:

{وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُمْ بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِنَ الْعَالَمِينَ .أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ وَتَقْطَعُونَ السَّبِيلَ وَتَأْتُونَ فِي نَادِيكُمُ الْمُنْكَرَفَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُواائْتِنَا بِعَذَابِ اللَّهِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ.قَالَ رَبِّ انْصُرْنِي عَلَى الْقَوْمِ الْمُفْسِدِينَ} (العنكبوت : 28 – 30)

“Ва Лӯтро фиристодем, ки ба қавмаш гуфт:Шумо фоҳишагарӣ (ливотагарӣ) мекунед, ки ҳеҷ касе аз ҷаҳониёни қабл аз шумо гузашта чунин накардааст. Шумо бо мардон алоқаи ҷинсӣ анҷом медиҳед ва роҳи ҳалоли алоқаи ҷинсиро (ки бо занон аст) тарк месозед ва дар маҳфилҳои худ кори зиштро анҷом медиҳед? Посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: Агар аз ростгӯҳо мебошӣ (ки Аллоҳ моро ҳалок месозад) азоби Аллоҳро  болои мо биёвар! Лӯт гуфт:Парвардигорам! Маро бар муқобили қавми фасодкор ёрӣ бидеҳ”.

5- Шайх Аттор бо назмаш: “Он Худованде, ки ҳангоми саҳар….. Кард қавми Лӯтро зеру забар” ишора ба ояти 66 сураи “Ҳиҷр” кардааст, ки дар он Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:

{وَقَضَيْنَا إِلَيْهِ ذَلِكَ الْأَمْرَ أَنَّ دَابِرَ هَؤُلَاءِ مَقْطُوعٌ مُصْبِحِينَ} )الحجر: 66(

 “Ва ин амрро ба вай (ба Лӯт) ваҳӣ кардем, ки бомдодон решаи онҳо қатъ карда хоҳад шуд”.

Дар идомаи зикри ҳалокати онҳо дар оятҳои 73, 74 ва 75 сураи “Ҳиҷр” Аллоҳ таоло чунин хабар додааст:

{فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ مُشْرِقِينَ . فَجَعَلْنَا عَالِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِنْ سِجِّيلٍ . إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِلْمُتَوَسِّمِينَ} (الحجر: 73 – 75)

“Пас ҳангоми тулуъи офтоб фарёди маргбор ононро фаро гирифт ва шаҳри онҳоро зеру забар кардем ва бо сангу гил онҳоро сангборон кардем. Ҳамоно дар ин (қиссаи ҳалокати қавми Лӯт) барои соҳибхирадон ибратҳост”.

6-Ибрат аз қиссаи қавми Лӯт. Қавми Лӯт ливотаро асос гузоштаанд ва барои чунин кори зишташон Аллоҳ таоло ҳалокашон кардааст, вале мутаасифона қиссаи шармовар ва ҳалокатбори онҳо барои бисёриҳо ибрат нашудааст ва баъзеҳо ба он гирифторанд ва бақияи мусулмононро хатари гирифтор шудан ба ин амали ҳарому зишт таҳдид мекунад. Хусусан дар замони мо, ки ливота бо номи ҳамҷинсгароӣ дар олам бо суръат интишор меёбад ва ҳеҷ шакке нест, ки дар дунё ва охират оқибати талхи ҳалокатбореро ба дунбол хоҳад дошт. Аз ҳамин ҷиҳат Пайғамбар (с) дар ривояти “Мустадрак” бо санади саҳеҳ чунин гуфтааст:

«إنَّ أَخْوَفَ مَا أَخَافُ عَلَى أُمّتِي عَمَلُ قَوْمِ لُوطَ.» (أخرجه  الحاکم في المستدرك “4/357” عن جابر وقال: صحيح الإسناد ووافقه الذهبي)

“Хавфтарин хавфе, ки аз гирифтор шудан ба он барои умматам хавф мебарам, амали қавми Лӯт аст”.

Дар ривояти Имом Аҳмад, Табаронӣ ва Баззор бо санади аз дидгоҳи Ҳайсамӣ саҳеҳ Пайғамбар (с) расидани дар қафои занонро “Лутии суғро” гуфтааст:

“وفي مجمع الزوائد -4/ 298- 7591 – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو «أَنَّ النَّبِيَّ – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ – قَالَ: ” هِيَ اللُّوطِيَّةُ الصُّغْرَى ” – يَعْنِي: الرَّجُلُ يَأْتِي امْرَأَتَهُ فِي دُبُرِهَا» -. رَوَاهُ أَحْمَدُ، وَالْبَزَّارُ، وَالطَّبَرَانِيُّ فِي الْأَوْسَطِ، وَرِجَالُ أَحْمَدَ، وَالْبَزَّارِ رِجَالُ الصَّحِيحِ”.

“Пайғамбар (с) онро (расидани дар қафои занонро) лутии суғро, яъне ливотаи хурдтар гуфт”. Яъне ливотаи мисли амали қавми Лӯт ҳаром аст, вале гуноҳаш нисбат ба он камтар аст.

Ривояти мазкурро Имом Таҳовӣ аз имомони мо низ ривоят кардааст ва аллома Бадруддини Айнӣ санади онро саҳеҳ гуфтааст, ки чунин аст:

“وفي عمدة القاري (18/ 117) وَمِنْهَا: حَدِيث عَمْرو بن شُعَيْب عَن أَبِيه عَن جده عَن النَّبِي صلى الله عَلَيْهِ وَسلم، قَالَ: هِيَ اللوطية الصُّغْرَى، يَعْنِي وَطْء النِّسَاء فِي أدبارهن، أخرجه الطَّحَاوِيّ بِإِسْنَاد صَحِيح،

“Пайғамбар (с) онро (расидани дар қафои занонро) лутии суғро, яъне ливотаи хурдтар гуфт”.

Пайғамбар (с) барои баёни аҳкоми шариъат фиристода шудааст ва дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади ҳасан ливотаи мардону занонро дар як ҳукм қарор дода чунин гуфтааст:

“وفي سنن الترمذي ت شاكر -3/ 461/ 1165 – عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَا يَنْظُرُ اللَّهُ إِلَى رَجُلٍ أَتَى رَجُلًا أَوْ امْرَأَةً فِي الدُّبُرِ» (هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ غَرِيبٌ. وحكم المحقق : حسن)

“Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба сӯи шахсе, ки дар қафои марде ё дар қафои зане алоқаи ҷинсӣ карда бошад, бо назари раҳмат назар намекунад”.

Чуноне медонем маътуф дар ҳукми маътуфун алайҳи мебошад  ва дар ин ҳадиси шариф Пайғамбар (с) бо ъатф кардани ливотаи занро ба ҷои ливотаи мард, онро дар масъалаи маҳрум шудан аз назари раҳмати Аллоҳ таоло дар ҳукми ливотаи мард қарор додааст ва дар байнашон ҳеҷ фарқеро нагузоштааст.

Мақолаи қаблӣОн, ки лутфи хешро изҳор кард … – шарҳи Чоркитоб
Мақолаи баъдӣСӯи ӯ хасме, ки тир андохтӣ, Пашшае кораш кифоят сохтӣ.