6 иморати баландтарини ҷаҳон

0

Салом дӯстон ва корбарони сомонаи “Сӯйи ДОНИШ”. Имрӯз баҳри шумо 6 иморат ва ё бинои баландтарини ҷаҳонро гирдоварӣ намудем, барои зиёд кардани ин гуна маводҳо сомонаи моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоед.

Бурҷи Халифа. Аз ҳама бинои баландтарин дар ҷаҳон Бурҷи Халифа мебошад, ки дар Дубай ҷойгир аст. Бино соли 2010 кӯшода шуда, баландиаш 828м мебошад.

Бино дорои меҳмонхона, ширкатҳо, майдончаҳову толорҳои  варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаҳои тамошобоб аст. Ҳамарӯза ба ин ҷо аз тамоми кишварҳои ҷаҳон сайёҳон барои тамошо меоянд. Аҷибии бино дар ин аст, ки дар танаи иморат видеороликҳо намоиш дода мешаванд. Инчунин ин ягона биноест, ки аз тамоми гӯшаву канори шаҳр ба чашм намоён аст.


Манораи Шанхай. Дуюмин бинои баландтарин дар ҷаҳон Манораи Шанхай мебошад, ки дар Ҷумҳурии халқии Чин ҷойгир аст. Баландии манора 632м буда, аз 128 ошёна иборат астбаландтарин ширкат савдо ва яке аз гушаҳои беҳтарину тамошобоби Хитой ба ҳисоб меравад.

Манбаи даромадноки сайёҳии Хитойро низ,  маҳз ҳамин иморат ташкил медиҳад, зеро сафи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин ҷо кам нестанд.



Абрат –ал – Бейт.
 Ҷойи сеюмро бинои Абрат – ал- Бейт, ки дар Арабистони Саудӣ махсусан дар паҳлӯи Макка ҷойгир аст, ташкил менамояд.

Дар қисмати болои иморат  манораи соати шоҳона қомат афрохтааст,  ки диаметраш 43 м мебошад. Дар он ҷо ҳуҷраҳо барои шаҳрвандоне, ки аз тамоми мамлакатҳои дунё ба Хонаи Худо зиёрат мераванд, ба иҷора дода мешавад.


Маркази байналмилаллии молияи Пинан. Дар мақоми чорум маркази байналмиллалии молияи Пинан қарор дорад, ки ин иморат  дар шаҳри Шэнчжени Хитой ҷойгир аст.

Баландии бино 600м буда, аз 115 ошёна иборат аст ва соли 2017 ба истифода дода шудааст.


Lotte World Tower. Дар руйхати баландтарин биноҳои ҷаҳон мақоми панҷумро иморати Lotte World Tower ташкил мекунад, ки Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ қомат афрохтааст. Баландии бино 555м буда, дорои 123 ошёна мебошад.

Дар ошёнаҳои 1 то 6 мағозаҳои фурӯши маҳсулотҳои бо талаботи мардум ниёзманд, аз 7 то 60 ширкатҳо, аз 61 то 85 ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва аз 86 то 119 меҳмонхонаҳо ҷойгир аст. Ошёнаҳои 120 -123 кушода ҳастанд ва яке аз минтақаҳои зебоманзару тамошобоби Кореяи Ҷанубиро ташкил мекунанд.


Маркази байналмиллалии савдои  №1  ё Манораи Озодӣ. Дар мақоми шашум манораи озодӣ ва  ё калонтарин маркази савдои ҷаҳон,  ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгир аст, қомат афрохтааст.

Бино дар шаҳри Ню- Йорк ҷойгир буда, баландиаш 541,3 метр аст ва дорои 103 этаж мебошад. Соли кушодашавиш 2013 аст.


Барои зиёд кардани ин гуна маводҳо сомонаи моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоед. Барои ин кофист, ки ба тугмаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳои зери мақола пахш кунед.

5 донишгоҳи бузургтарини ҷаҳон


баландтарин манора, бинои баландтарин

Мақолаи қаблӣ19 кг вазну 16 метр дарозии мӯй
Мақолаи баъдӣРоҳкориҳо барои муваффақ шудан

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед