Дар олам бисёр минтақаҳои тамошобобе ҳастанд, ки ҳамагон орзӯи ба он ҷойҳо сафар карданро доранд ва ё бисёр чизҳое ҳастанд, ки барои ҳамагон донистанашон аҷиб мебошад. Ҳоло якчанд факти аҷибро аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон пешниҳоди Шумо мегардонем.

Оё медонед, ки дар Хитой омӯзгорон ба кӯдакон имконият медиҳанд, ки 20 дақиқа дар давоми дарс хоб раванд, то дарсҳои минбаъдаро хубтар омӯзанд.
Муҳаққиқони илми равоншиносӣ исбот кардаанд, ки ҳар амалеро агар тӯли 21 рӯз ҳамарӯза иҷро кунед, шумо бар он одат мекунед. Дигар барои иҷро кардани он амал шумо танқисӣ намекашед.
Ҳунарпеша Ширли Хендерсон замоне, ки 40 сол дошт, дар кинои Гарри Потер нақши духтари мактабхони 13 соларо бозидааст.
Оё медонистед, ки Россия аз сайёраи Плутон калонтар мебошад. Маҳз калонии масоҳати ин сарзамин боис гардидааст, ки Россия ҳамчун давлати калонтарини ҷаҳон шинохта шавад.
Колибра ягона паррандае мебошад, ки метавонад ҳам ба пеш ва ҳам ба қафо парвоз кунад.
Ҷон Рокфеллер дар айёми ҷавонӣ орзӯ карда буд, ки дар зиндагӣ 100 ҳазор доллар кор кунад ва тӯли 100 сол зиндагӣ кунад. Ӯ пайи ин орзӯяш амал намуда, 192млн доллар кор кард ва ҳамагӣ 97 сол умр дид. Афсӯс орзӯи кардаи ӯ амалӣ нагашт.
Дар Токио боғи ҳайвонотро дар як сол муддати 2 моҳ махкам мекунанд, то ҳайвонот тавонанд дар ин муддат аз одамон дур бошанд ва истироҳат кунанд.
Александр Греям Бел – ихтироъкунандаи телефони мобилӣ ҳеҷ гоҳ бо модар ва ҳамсараш тариқи телефони мобилӣ ҳарф назадааст. Сабабаш дар он ки модар ва ҳамсари ӯ ҳарду кар будаанд.
Аз ҳама ибора ва ё калимаи машҳур дар Google ва Яндекс ибораи «Интересные факты» ба шумор меравад.
Оё медонед, ки фурӯзонак кай ва аз тарафи кӣ ихтироъ шудаашт? Не? Пас бидонед, ки аввалин маротиби олими машҳури англис Гемфри Дэви дар соли 1806 фурӯзонакро ихтироъ намудааст.
Шумо низ метавонед, фактҳои аҷиби медонистаатонро дар шарҳ нависед.



“Оё медонед, ки фурӯзонак кай ва аз тарафи кӣ ихтироъ шудаашт? Не? Пас бидонед, ки аввалин маротиби олими машҳури англис Гемфри Дэви дар соли 1806 фурӯзонакро ихтироъ намудааст.”
Аввалин маротиба нанависед, боз маротибаи дуюм онро ягон кас ихтироъ кардааст? Бе “аввалин маротиба” нависед)))
Ҷолиб