Дар бораи Олмон чӣ медонед? Мехоҳед аз фактҳои аҷиби ин давлат огаҳ шавед. Пас, ин мавод барои шумост.
Дар Олмон дар рӯзи якшанбе тамоми мағозаҳо ба ҷуз аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ кор намекунанд? Ин рӯзро ҳамагон бо истироҳат мегузаронанд.
Нӯшокии беҳтарини Олмон “Фанта ” ба ҳисоб меравад, ки махсусан ин нӯшокӣ дар ин давлат пайдо шудааст.

Бо забони олмонӣ дар тамоми сайёра қариб 105 млн одам сӯҳбат мекунад.
Олмон аз ҷиҳати истеҳсоли “пиво” – “оби ҷав” дар ҷаҳон мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Дар сархати ин руйхат Ирландия қарор дорад.
Дар Олмон қисмати зиёди ронандаҳои таксӣ аз нақлиётҳои истеҳсолнамудаи ширкати Мерседес истифода мебаранд. инчунин қариб тамоми нақлиётҳои истифоданамудаи кормандони амнияти ин давлатро нақлиётҳои ширкати Мерседес ташкил медиҳад.
9-ноябр дар Олмон барои мардумаш бисёр рӯзи муқаддас ба шумор меравад, чунки дар ин рӯз аниқтараш 9-ноябри соли 1918 давлат ҷумҳурӣ эълон шудааст ва ҳамчунин дар соли 1989 дар ин рӯз девори Берлин аз байн рафтааст.
Машҳуртарин намуди варзиш дар Олмон футбол ба ҳисоб меравад.
Аз ҳама калимаи дарозтарин дар забони олмонӣ калимаи “Donaudampfschifffahrtselektrizitätenhauptbetriebswerkbauunterbeamtengesellschaft” мебошад. Ин калима аз 79 ҳарф иборат аст ва ба забони англисӣ “Danube steamboat shipping electricity main engine facility building sub clerk association” тарҷума мешавад.
Номи Мюллер дар Олмон бисёр маъруф гардидааст. Дар ин давлат зиёда аз 320 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд, ки насабашон Мюллер аст.
Аввалин маротиба китоби чопӣ дар Олмон пайдо шудааст, ки Библия ном дошта, аз 42 саҳифа иборат будааст. Инчунин мошинаи чопӣ низ бори аввал аз тарафи Иоган Ҳутенберги олмонӣ ихтироъ шудааст.
Дар Олмон занон аз синни 65 ва мардон аз синни 67 солагӣ ба нафақа мебароянд.
Дар бораи ин давлат боз кадом фактҳоро медонед? Дар шарҳ навиштанро фаромӯш насозед.
Мавод бо истифода аз сомонаҳои русӣ тарҷума ва пешниҳоди Шумо гардидааст.
Дар бораи Олмон Германия бо забони точики, Маълумотхо, фактхои чолиб бо забони точики.



Салом бачаҳо. Инҷо хатое ҳаст, хоҳиш ислоҳ кунед. 9-уми ноябри соли 1989 девори Берлин бунёд наёфтааст, балки аз байн рафтааст. Чапа карда буданд.
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад!
Ҳамон калимаи дарозтаринро ба тоҷикӣ тарҷума мекардед, хуб мешуд. Ба назарам аҷиб намуд…