Кӯли Натрон дар Африқо дар қисмати шимолии Танзания ҷойгир буда, ҳамчун даҳшатноктарин кӯл дар олам шинохта шудааст. Ин кӯл дорои миқдори зиёди минерали натрон аст, ки ба он шакли даҳшатнокро додааст. Сатҳи кӯл камтар аз 3 метр аст. Ҳарорат дар ин минтақаи олам то ба 60° гармӣ мерасад. Аз сабаби зиёд шудани ҳарорат ва пайдошавии чанд навъи бактерияҳо оби ин кӯл ранги сурхро мегирад. Дар давраи ҷуфтшавӣ парандаҳои навъи фламинго ба ин минтақа меоянд. Ин кӯл фламингоро аз хатари ҳуҷуми ҳайвоноти дигар ҳимоя мекунад, вале оби он боиси марги ин намуди паранда мегардад. Минерали натрон тамоми мавҷудоти ин минтақаро ҳалок гардонда, ҷисми онро мепӯшонад, ки дар натиҷа аз мавҷуди занда танҳо пайкара боқӣ мемонад. Соли 1995 аксбардори маъруф Ник Бранд силсилаи аксҳоро аз ин минтақа паҳн намуд, ки боиси машҳур шуданаш гашт.








Инчунин хонед:


