Ин мақола барои мардон аст. Ба зан кадом суханҳо маъқул нест. Бояд мо – мардҳо аз гуфтани ин калимот, ки ба назар содда менамоянд, худдорӣ кунем. Чунки метавонанд муҷиби сард шудани робитаи мард бо зан шаванд. Мардҳо бихонанд…

Лутфан аз гуфтани ин калимаҳо ба хонумҳо ба шиддат бипарҳезед, чун муҷиби аз ҳам пошидани авотиф ва коҳиши эҳтиром миёни тарафайн мешавад!
Воқеан фикр мекунӣ хеле ҷаззобӣ?
Бирав шавҳардориро аз зани фалонӣ ёд бигир!
Ту тақсир надорӣ ҳама занҳо як дандашон кам аст.
Роҳ боз аст ва ҷода дароз бифармоед… (чаҳор тарафат қибла…)
Ту бояд ё манро интихоб кунӣ ё хонаводаатро
Ҷойи таассуф аст, ки чунин падару модар дорӣ
Аз қадим гуфтаанд: ақли зан камтар аз мард!
Дастпухти ту маро ёди даврони сарбозиам меандозад.
Чанд бор бояд дар ин бора ҳарф бизанем?
Ту агар харҷи хонаро медодӣ чи мешуд?
Ҳама зан доранд мо ҳам зан дорем.
Хонадорӣ ва тарбияи кӯдакон кори ман нест
Ҳеҷ маълум аст тамоми руз машғули чи корҳои беҳудаӣ?
Дар ҳамин хона чи кор аст?
Ин ҷумлаҳо мумкин аст хеле сода ва пеши по афтода ба назар ояд ва ё мумкин аст худи шумо ҳам мутаваҷҷеҳ нашуда бошед, вале таъсироти амиқе рӯйи равобити шумо бо ҳамсару хонаводаатон дорад.!
Зану шавхар, бо забони точики масоили оилави


