Факту далелҳо дар бораи МОР

0

Бисёриҳо майли тамошои барномаҳои олами ҳайвонотро доранд, вале аксарияти дигарон аз ҳароси зиёд аз тамошои чунин барномаҳо даст мекашанд. Олами ҳайвонот дар ҳақиқат оламест, ки дар он тамоми зиндагии ҳайвонот  ба куллӣ тасвир ёфтааст. Ҳама гуна ҳайвонот, хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳое, ки имрӯз дар бисёр минтақаҳои олам умр ба сар мебаранд ба худ зарару фоида ва аҷибиятеро доро мебошанд.

Мор – аз шунидани ин ном қариб ҳамагон ҳарос мекунанду агар ин хазандаро бинанд бисёриҳо ҳушашон аз сарашон мепарад, чунки аз хавфи доштаи ӯ дар ҳаросанд. Бале, мор хазандае мебошад, ки бо як нигоҳи аҷиби худ ҳуши аксариятро аз сар мепаронад.  Бисёриҳо морро ҳамчун хазандаи кушанда меҳисобанд. Дар бораи ин хазанда бисёр аҷибиятҳо аст, ки  мо ҳоло   шуморо бо якчанд фактҳои аҷиби ин хазанда шинос хоҳем кард.


Ба ҷуз Антарктида ва Зеландияи Нав дигар дар тамоми минтақаҳои сайёра навъҳои гуногуни ин хазанда мавҷуд аст. Аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳии мамалакати мо низ бештар дар фасли гармо мардум бо ин хазанда вомехӯранд.


Андозаи морҳо гуногун аст. Онҳо аз 10 см сар карда,  ба ҳисоби миёна то 9-метр дарозӣ доранд.


Дар рӯйи замин наздикии 3400 намуди мор мавҷуд аст.


Яке аз намуди морҳо –ин политсефалия ном дорад, ки баъзан вақт  наслаш бо ду сар тавлид мешавад. Ин гуна морҳо ба худ зиндагии аҷиберо доро мебошанд ва ҳеҷ гоҳ аз даҳони якдигар луқмаро гирифта намехӯранд.


Мамбии сиёҳ яке аз намуди хатарноктарини мор нисбати инсон ба ҳисоб меравад. Дар ҳолати ҳуҷум ба инсон дар муддати 45 дақиқа заҳри ӯ метавонад инсоро ба ҳалокат расонад ва ё инсон хотираашро аз даст диҳад.


Дар Бразилиа соҳиле мавҷуд аст, ки “Змейны” ном дорад ва аз ҳама бештари морҳои ҷаҳон дар ин ҷо дида мешаванд. Ба ҳисоби миёна дар як метри квадратӣ як мор дар ин минтақа рост меояд.


Аз намудҳои мор бештар анакондаи сабз дарозтар ва вазнинтар мешавад. Ба ҳисоби миёна ин навъи морҳо то 9 метр дароз ва то 227 кг вазнин мешаванд. Ин навъи морон бештар дар ҷангалзорҳои Америкаи Ҷанубӣ дида мешаванд.


Тайпани ғарбӣ – ин як навъи морест, ки то ҳол заҳри ҳеҷ море ба заҳри ӯ аз ҷиҳатти қувватнокӣ баробар шуда наметавонад. Ин мор бештар дар Австралия дида мешавад. Гарчанде ин хурд ҳам бошад, аммо як қатра заҳраш имкони куштани 100 одами солимро доро мебошад.


Оё медонистед, ки морҳо низ парвоз мекунанд? Дар ҳақиқат миёни навъҳои морон навъи море ҳаст, ки дар як парвоз имкон дорад то  ба баландии 100 метр парвоз кунад. Ин навъи моронро бештар дар Осиёи Ҷанубӣ вохӯрдан мумкин.


Аксарияти морҳо имкони то ду сол бе хурок зиндагӣ карданро доро мебошанд. Организми онҳо ба ин мутобиқ мебошад.


Дар ҳақиқат  тамоми хазандаҳову паррандаву ҳайвоноте, ки дар рӯйи замин мавҷуданд, ба мардум ҳам зарар ва  ҳам фоидаовар мебошанд. Инсон новобаста аз ҳама,  бояд худро аз тамоми намуди ҷонварон ҳимоят кунад, зеро саломатии ҳар кас дар дасти худаш мебошад.


      Шумо дар бораи морон боз чиҳоро медонед? Дар шарҳ нависед,  то дигарон низ донанд.

https://donish.net/11-daleli-jolib-az-miyoni-hayvonot/

Мақолаи қаблӣ10 роҳ барои рӯзи хуб доштан
Мақолаи баъдӣФактҳои аҷиб аз шоҳи ҳайвонот

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед