Мохи шарифи Рамазон 2026 (ният, таквим)

2

Таквими мохи шарифи Рамазон 2026, тақвими моҳи шарифи Рамазон. Дар ин мавод маълумот дар бораи мохи Рамазон, руза, фарзхои руза, нияти руза гирифтан ва ифтор, инчунин таквими мохи шарифи Рамазон барои соли 2026 оварда шудааст.


Мохи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад.

Мусулмонони тамоми ҷаҳон дар ин моҳ рӯза мегиранд. Рӯзаи моҳи шарифи рамазон ин аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб нахурдан ва наошомидан аст. Шахсонеро рӯзагирӣ фарз мебошад, ки аз мардон аз 12-сола боло бошад ва аз занон аз 9-сола боло башад.

Руза аз се фарз иборат аст:

  • Аввал ният кардани рӯзагиранда аст аз шаб, ки фардо рӯза мегирад.
  • Дуввум аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ кардан аст.
  • Саввум аз заношӯӣ кардан дар ин муддат бозистодан аст.

Нияти руза гирифтан

Нияти субҳгоҳии руза (арабӣ): “Валисавми ғаддин мин шаҳри  рамазоналлазӣ фаризатан навайту.”

Нияти шомгоҳии руза (араби): “Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту.”


Нияти субҳгоҳии руза (точики): “Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.”

Нияти шомгоҳии рӯза (тоҷикӣ): “Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.”


Тақвими моҳи шарифи Рамазон – 2026

Мувофиқи тасдиқи Шӯрои уламо аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026 рӯзи 19-уми феврал (панҷшанбе) мебошад. Аз бегоҳии 18-уми феврал намози таровеҳ хонда мешавад.

Дар поён тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2026 дар шакли ҷадвал оварда шудааст. Агар дар телефони шумо пурра нишон надиҳад, онро дар шакли амудӣ  бинед.


Тақвими моҳи Рамазон барои шаҳри Душанбе (2026)

Ҳафта Рӯз Рамазон Субҳи содиқ Шом
Панҷшанбе 19.02.2026 01 5:41 18:14
Ҷумъа 20.02.2026 02 5:40 18:15
Шанбе 21.02.2026 03 5:39 18:16
Якшанбе 22.02.2026 04 5:38 18:17
Душанбе 23.02.2026 05 5:37 18:18
Сешанбе 24.02.2026 06 5:35 18:20
Чоршанбе 25.02.2026 07 5:34 18:21
Панҷшанбе 26.02.2026 08 5:32 18:22
Ҷумъа 27.02.2026 09 5:31 18:23
Шанбе 28.02.2026 10 5:29 18:24
Якшанбе 01.03.2026 11 5:28 18:26
Душанбе 02.03.2026 12 5:27 18:27
Сешанбе 03.03.2026 13 5:26 18:28
Чоршанбе 04.03.2026 14 5:24 18:29
Панҷшанбе 05.03.2026 15 5:22 18:30
Ҷумъа 06.03.2026 16 5:20 18:31
Шанбе 07.03.2026 17 5:19 18:32
Якшанбе 08.03.2026 18 5:17 18:33
Душанбе 09.03.2026 19 5:16 18:34
Сешанбе 10.03.2026 20 5:14 18:35
Чоршанбе 11.03.2026 21 5:13 18:36
Панҷшанбе 12.03.2026 22 5:11 18:37
Ҷумъа 13.03.2026 23 5:10 18:38
Шанбе 14.03.2026 24 5:08 18:39
Якшанбе 15.03.2026 25 5:07 18:40
Душанбе 16.03.2026 26 5:05 18:41
Сешанбе 17.03.2026 27 5:04 18:42
Чоршанбе 18.03.2026 28 5:02 18:43
Панҷшанбе 19.03.2026 29 5:01 18:44
Ҷумъа 20.03.2026 30 5:00 18:45

Тақвим мувофиқ ба шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти шаҳри Душанбе аст: Истаравшан – 1 дақиқа, Кӯлоб – 4 дақиқа, Ҳамадонӣ-3 дақиқа, Хуҷанд – 3 дақиқа, Рашт – 6 дақиқа, Конибодом – 6 дақиқа, Исфара – 7 дақиқа, Ашт – 6 дақиқа, Хоруғ – 11 дақиқа, Мурғоб – 20 дақиқа, Ш. Шоҳин – 5 дақиқа, Муминобод – 3 дақиқа

Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти шаҳри Душанбе аст: Панҷакент – 5 дақиқа, Шаҳритус – 3 дақиқа, Айнӣ – 1 дақиқа, Н. Хусрав – 4 дақиқа, Турсунзода – 3 дақиқа.


  1. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 64000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 1600 сомонӣ закот дода мешавад.
  2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ муайян карда шудааст.
  3. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст.

Намози таровеҳ

Дар моҳи шарифи Рамазон баъди намози хуфтан намози таровеҳ дар масҷидҳо баргузор мегардад. Оиди тарзи хондани намози таробеҳ, ният ва тасбеҳи таробеҳ дар ин мақола маълумот оварда шудааст >>Намози таробеҳ

Шояд ин мақолаҳо ҳам ба ШУМО писанд оянд:


рамазон, рамазон 2026, мохи рамазон, мохи шарифи рамазон, рамазон ойи 2026, мохи рамазон 2026, мохи шарифи рамазон 2026, рамазон таквими 2026, рамазон кай, иди рамазон, руза рамазон, 2026 йил рамазон, мохи рамазон кай, моҳи рамазон, рамазон 2026 кай, расписание рамадан, рамазон на таджикистане, мохи рамазон дар Точикистон, нияти рузаи Рамазон, нияти руза, Таквими мохи шарифи Рамазон

Мақолаи қаблӣМаърифати рӯза – мохи шарифи Рамазон
Мақолаи баъдӣ8 март рузи Модарон – табрикот

2 ШАРҲ

комментарии закрыты.