Коркарди чарм (пуст) барои истеҳсоли пойафзол

0

Тарзи коркарди чарм – пуст

Қабл аз он ки пойафзол истеҳсол карда шавад, пӯсти ҳайвонотро ба ин мақсад тайёр (коркард) мекунанд. Аввал онро бо белчаи махсус тарошида ҳамвор мекунанд.

Сипас онро ба зарфи силиндршакли чархзананда ҷо карда, ба он об ва намак мерезанд, то даббоғӣ шавад (ош дода шавад), баъд онро чанд рӯз дам медиҳанд.

Вақте онро аз зарфи силиндршакл берун гирифтанд, ин акнун пӯсти коркардшуда аст. Барои он ки пӯст кашидаву хушк шавад онро дар бинои барҳаво овезон мекунанд.

Сипас онро бо қайчиҳои махсус барои тайёр намудани пойафзол ба порчаҳо тақсим мекунанд.


Инчунин хонед >>

Мақолаи қаблӣПойафзолро аз чӣ тайёр мекунанд?
Мақолаи баъдӣСабаби кам шудани шир дар модар