Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Зарбулмасалу маколхо. Зарбулмасал ва маколхои точики. Зарбулмасалхои точики. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ.

1. Аз дусти нодон душмани зирак беҳ.
2. Аз барф гурехта ба борон вохӯрдам.
3. Аз бекорӣ – кадукорӣ.
4. Аз бекор Худо безор.
5. Аз захми сухан захми табар беҳ.
6. Аз кори дӯстон,
Гул кунад гулистон.
7. Аз мор мор мерӯяд,
Аз гаждум гаждум.
8. Аз одами бекор, ҳама безор.
9. Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ.
10. Аз хубон шарофат;
Аз бадон касофат.
11. Аз чумчуқ тарсӣ, арзан накор.
12. Аз як даст садо намебарояд.
13. Аз ҳар калла як садо.
14. Ба аспи хуб як қамчин,
Ба аспи бад сад қамчин.
15. Ба болои сухта намакоб.
16. Ба кори гузашта салавот.
17. Ба доно ишорат, ба нодон калтак.
18. Ба дуои калламуш борон намеборад.
19. Ба кордон кор осон.
20. Чоҳкан зери чоҳ.
21. Ба курпаат нигоҳ карда пой дароз кун.
22. Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ,
Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.
23. Ба сарат шамшер ояд ҳам, рост гӯй.
24. Аз худат эҳтиёт шав, ҳамсояро дузд магир.
25. Бе меҳнат роҳат нест.
26. Бе меҳнат роҳат муяссар намешавад.
27. Бе ранҷ ганҷ нест, бе меҳнат роҳат.
28. Бехи давлат, тани сиҳат.
29. Беша бе шер нест, дарё бе моҳӣ.


