Дар ин мақола маълумот дар бораи амалҳои машруъ, яъне фарз, вочиб, суннат, мустаҳаб ва мубоҳ маълумот гиред. Ба саволҳои Фарз чист? Сунат чист? Фарз аз суннат чи фарқ доранд? Намудхои фарз ва суннат кадомхоянд? Ва дигар саволҳо дар ин мақола ҷавоб мегиред.
Амалҳои машруъ ва ғайри машруъ
Амалҳои машруъ 5-то ва ғайримашруъ 3-то мебошанд.
Амалҳои машруъ:
- Фарз
- Воҷиб
- Суннат
- Мустаҳаб
- Мубоҳ
Амалҳои ғайримашруъ:
- Ҳаром
- Макруҳ
- Муфсид
Фарз чист?
Он чизест, ки ба далели қатъӣ собит шудааст ва шубҳае дар ҳамон далел нест. Ҳукми фарз ба сабаби кардан савоб аст, ба сабаби тарк кардан иқоб аст ва ба сабаби инкор (рад) кардан куфр аст.
Амали фарз мисли намоз хондан, руза доштан ҳаҷҷи Байтуллоҳ кардан, закоти мол додан, амри маъруф ва наҳйи мункар кардан
Воҷиб чист?
Он чизест, ки ба далели гумоне собит шудааст, ки шубҳае дар ҳамон далел ҳаст. Ҳукми воҷиб ба сабаби кардан савоб аст аз рӯи амали фарз, ба сабаби тарк кардан иқоб аст, ба сабаби инкор (рад) кардан адами (набудани) куфр аст.
Амали воҷиб мисли намози витр, дуои қунут, намозҳои ид, садақаи фитр, қурбони кардан.
Суннат чист?
Қавл, амал ва иқрори пайғамбарамон салаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва он чизест, ки пайғамбарамон салаллоху алайҳи ва саллам дар ҳамаи ҳаёти худ мудовамат карданд, як ду маротиба тарк карданд. Ҳамаи суннат ба сабаби кардан савоб аст ва ба сабаби қасдан тарк кардан иқоб аст. Амали суннат мисли риш мондан, мисвок кардан ва ғайра.
Мустаҳаб чист?
Он чизест, ки пайғамбарамон салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳамаи ҳаёти худ онро як ё ду маротиба карданд ва онро аҳли салаф дӯст доштанд. Ҳукми мустаҳаб ба сабаби кардан савоб аст ва ба сабаби тарк кардан адами (набудан) иқоб аст.
Амали мустаҳаб ибтидои ҳар корро бо Бисмиллоҳ… cap кардан, намозҳои нафлии пеш аз аср ва пеш аз хуфтан, рузаи нафл, садақаи нафл ва ғайра.
Мубоҳ чист?
Он чизест, ки бандаро байни кардан ва нокардани амал мухайяр гузошта шудааст.
Амали мубоҳ мисли зиёда хурдан барои зарурат ва ё зиёда хоб кардан.
Намудҳои фарз ва суннат
Фарз ду хел мешавад: фарзи айн ва фарзи кифоя.
Фарзи айн он чизест, ки то худи банда ба ҷо наорад, аз гарданаш соқит намешавад. Мисли намоз хондан.
Фарзи кифоя он чизест, ки як кас ба ҷо оварад аз дигарон соқит мешавад. Мисли намози ҷаноза ва ҷавоби салом.
Суннат ду хел мешавад: суннати муаккада ва суннати мустаҳабба.
Суннати муаккада он чизест, ки пайғамбарамон салаллоҳу алайҳи ва саллам тарк накардаанд. Мисли суннати намози бомдод, пешин, шом ва хуфтан.
Суннати мустаҳабба он чизест, ки пайғамбарамон салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳаёти худ як ё ду маротиба кардаанд. Мисли суннати намози аср ва чаҳор ракаъат суннати пеш аз намози хуфтан.
Амалҳои номашруъ – ҳаром, макрӯҳ ва муфсидро дар инҷо хонед >> Амалҳои номашруъ