Зодруз муборак Пешвои миллат! – Табрикот ва шеър

0

Зодруз муборак Пешвои миллат! – Табрикот ва шеър

ЗОДРӮЗ МУБОРАК ПЕШВОИ МИЛЛАТ

________ бо беҳтарин орзуҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни шукӯҳманду фархундаи мавлудашон самимона табрику таҳният гуфта, ба эшон бақои умр, сиҳатмандии комил дар ин вазифаи пурмасъулият, маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдбориҳои бузургу беназирро таманно дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун кафили  сулҳу субот бори дигар собит кард, ки мардуми сарфарози тоҷик дар посдошти истиқлолияти комили давлатӣ, озодӣ ва тақвияти иқтидору амнияти миллӣ  аз ҳеҷ талоше даст нахоҳад кашид ва дар масири таҳкими амният ва суботи минтақа низ пеш хоҳад рафт.

Умедворем, ки давлати тоҷикон бо тадобир ва иқдомоти бузурги Пешвои муаззами миллат боз ҳам ободтару зеботар мегардад  ва дар саҳнаҳои дохилию байналмилалӣ  мавқеи хосеро ишғол менамояд.

Бигзор мавлуди шарифатон маншаи хайру баракати кишвари азизамон бошад.


Фархуда бод, рӯзи мавлуди пешво!

Дар ниҳоди тоҷикият нангу номуси Ватан,
Бахшидӣ бар миллатат ҳар пора умри хештан.

Ин туӣ, ки ханда овардӣ ба тоҷик аз дигар,
Хандадарлаб, хандазор аст ҳар канори ин Ватан..

Тоҷике, ки Тоҷикистон аст барои ӯ азиз,
Мекунад шукронаат дар қалбу дар ёду сухан.

Умри ту бодо дароз, эй Пешвои муътабар!-
Орзу дорам ману пайванду фарзандони ман.

Н.Ёдгорӣ.


Эмомали Рахмон – Пешвои миллат

Шеър дар бораи Пешвои Миллат

Мақолаи қаблӣРузи муаллим муборак! Рузи Омузгор – Табрикот ва шеър
Мақолаи баъдӣИншо ва шеър дар бораи иди Мехргон – ҷашни Меҳргон