Рузи муаллим муборак! Рузи Омузгор – Табрикот ва шеър

0

Табрикот ва шеър барои рузи муаллим! Рузи Муаллимон муборак!


Рузи Муаллим муборак

МЕЪМОРИ ҚАЛБҲО

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Устод ҳамчу борон бар замини хушки андешаҳо меборад, инсонро аз зулмату ҷаҳлу нодонӣ наҷот мебахшад. Гулҳои илмро дар гулистони вуҷуд мепарварад ва шаҳди ширини донишро ба коми ташнагони илм мерезад. Воқеан устод ситорапардоз аст, ситораҳоро нақш мебандад, ҷило медиҳад ва дар осмони зиндагӣ раҳо месозад.

__________ тамоми устодону омӯзгоронро бо ин рӯзи саид, рӯзи гиромидошти илму маърифат ва хираду ақлу андеша, яъне Рӯзи муаллимон табрику таҳният намуда, ба онҳо саодати зиндагӣ, сарбаландӣ ва хушии рӯзгорро таманно дорад.

Идатон муборак, муаллимони азиз!


Адиберо гуфтанд:
Чаро муаллимро зиёда аз падар ситойиш мекунанд?
Гуфт: падар моро аз осмонҳо ба замин оварда вале муаллим моро аз замин ба осмонҳо мебарад.

Рӯзи муаллим муборак!


Пешгарду раҳнамою бофару заҳматқарин,
Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.
Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,
Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.

Хонаободии мо – Омӯзгори пуршараф,
Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.
Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,
Шодмон бошед доим, ғамгусорони азиз!


Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ассалому алайкум муаллимон ва мураббиёни олиқадр, равшанкунандагони олами маърифат, сарчашмагони маънавияти воло. Ҳамаи шумо устодони гиромиро бо ин рӯзи фархундаатон муборакбод мегӯям. Бароятон тамоми хушиҳои оламро таманно намуда аз даргоҳи Парвардигор барои касби пурмашаққататон қувваву ғайрати нотамомро таманно дорам.

З-инрӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам раҳбар, муаллим.


Шеър барои рузи муаллимон

Муаллим ба манзалати падар аст! – Муаллим иншо

Мақолаи қаблӣРуйхати Сураҳои Қуръон – Тафсири осонбаён
Мақолаи баъдӣЗодруз муборак Пешвои миллат! – Табрикот ва шеър