Зодруз муборак, тарикнома ва шеърхо барои зодруз дар ин саҳифа оварда мешаванд.
Муборак зодрӯзат эй бародар,
Расад умри сарат бар сад баробар.
Ба толеъи ҳама ин ёру дӯстон,
Ту боши доимо чун тоҷ бар сар.
Хоҳарҷон умри дарё хоҳамат,
Куҳмононд пойбарҷо хоҳамат.
Ғам наёбад роҳ бар бому дарат,
Кам нагардад лутфи Аллоҳ аз сарат.
Сари сабзат илоҳо дар амон бод,
Дилат аз зиндагонӣ комрон бод.
Насиби ту бувад шодии дунё,
Ғами дунё насиби душманон бод.
Рӯзи мавлуд бод муборак бар шумо,
Бахту иқбол ҳамқадам бод бо шумо.
Дар раҳу пайроҳаҳои зиндагӣ,
Файз резад аз қадамҳои шумо.
Табрикнома барои зодруз танҳо ва танҳо дар сомонаи Суи ДОНИШ – www.DONISH.su

Рафиқи муҳтарам, дусти гиромӣ,
Сазовори сипосу эҳтиромӣ.
Муборак бошадат рӯзи таввалуд,
Суруру ҷашни пирузи таввалуд.
Дар ин рузи фируз аз дилу ҷон,
Туро ҳастам камоли бахт хоҳон…
Ҳамеша хураму дилшод бошӣ,
Накуфаслу хушу обод бошӣ.
Шукуфонрӯ ба мисли лола гардӣ.
Дуоят мекунем сад сола гардӣ!
Моро пайгирӣ кунед шеърҳои нав ва табрикнома барои зодруз дар ҳамин саҳифа боз оварда мешаванд. Ё метавонед худи шумо Зодруз муборак табрикнома дар шарҳи ҳаминҷо нависед.
ИНЧУНИН ХОНЕД >>


