Амалҳои оддие, ки хушбахтатон мегардонад

0

Ҷаҳон бо ҳама аҷибияти худ баъзан вақт ҳамагонро дар ҳайрат мегузорад. Бисёриҳо  аз баъзе навгониву фактҳои аҷиби дунё огаҳ ҳастанд , вале фактҳое ҳаст, ки барои ҳамагон аҷибтаранд. Агар дар хондани матлаби  бисёр дилгир шавед, пас ҳоло мавриди  корҳое, ки шуморо хушбахт ва болидарӯҳ месозанд, ҳарф мезанем. Дар ҳақиқат  ҳамаи инсон  ҳаёти хуш гузаронданро мепазирад, вале баъзеҳо намедонанд, ки чӣ гуна ҳаёташонро хуш гузаронанд. Идомаи матлаб ба манфиати шумост, пас шуруъ кунед.


Ҳар саҳар давидан ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба хуш гузаронидани рӯз ба Шумо кӯмак мекунад. Барои ҳамин кӯшиш кунед, то ҳар саҳар каме ба давидан организматонро одат кунонед. Шумо  аз иҷрои ин амал пушаймон намешавед ва ҳам умри дароз ва саломатии дурустеро ба даст хоҳед овард.


Ҳеҷ чиз ва ё амали дигаре ба ғайр аз сайёҳат бо дустон дар хотироти Шумо қавитар боқӣ намемонад. Агар дар хона дилгир шуда бошед, бо дӯстони наздикатон ба сайёҳат бароед. Ҳатман барои болидарӯҳии Шумо беҳтарин тавсия мебошад.


Агар ба тамошои филм шавқ надошта бошед, пас китобҳое ҳастанд, ки аз филмҳо дида аҷибтаранд. Дар ҳолати ғамгиниву бекорӣ,  хондани китобҳои шавқовар ба рӯҳияи Шумо манфиат меоварад ва ҳам вақти Шуморо хуш ва мафкураатонро васеъ месозад.


Шаваду  дар хона бисёртар дилгир шудед, метавонед бо дӯстон якҷоя бозии футбол гузаронед. Ҳам аз дидори дӯстонатон шод мегардед, ҳам ба саломатиатон фоидае меоваред ва ҳам вақтатонро хуш мегузаронед. Аз Шумо фақат ҳаракат зарур асту бас.


Магар медонед, ки бори охир кай ва аз ҷониби кӣ  Шумо латифае шунида будед? Агар ба хондани китоб ҳамагон завқ надошта бошанд ва ё аз тамошои филм ҳамагон лаззат набаранд, албатта ки аз шунидан ва ё дидани навори ҳазломезе ҳамагонро хушашон меояд. Худат ҳам нахоҳӣ вуҷудат барои бартараф кардани ғаму андӯҳ  ба ҳазлу шӯхиҳо ниёз дорад.  Барои ин ба Шумо тамошо ва ё хондани беҳтарин латифаҳои ҳаҷвиро тавсия медиҳем.


Аз ҳама арзишмандатарин чиз барои ҳар як кас дар зиндагӣ оилааш ба шумор меравад. Оё боре бо тамоми аҳли оилаатон якҷоя хӯрок хурдаед ва ё сӯҳбате оростаед? Ҳади ақал дар як ҳафта ё дар як моҳ як – ду маротиба кӯшиш кунед то оилаатонро сари як миз ҷамъ оваред. Ин албатта меҳри тамоми аъзои оилаатонро ба якдигарӣ зиёд мегардонад ва  барои ҳал намудани мушкилиҳои оилавӣ низ тавсияи хубе ҳаст.


Боз чӣ метавонад Шуморо хушбахт созад? Агар гуфтание дар ин маврид дошта бошед, дар шарҳ нависед, то дигарон низ аз гуфтаи Шумо бархурдор шаванду онҳоро  сармашқи кори худ анҷом диҳанд.

Амалҳое, ки иҷрои онҳо ҳеҷ гоҳ дер нахоҳад буд

Мақолаи қаблӣМардони беришу занони ришдор (ё чаро баъзе мардон риш надоранд?)
Мақолаи баъдӣХОБ | давомнокӣ, арзиш, далелҳои ҷолиб

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед