Иҷрои ин 10 тавсия хушбахтӣ меорад

2

Ин 10-гонаро дар зиндагиатон амалӣ кунед, то хушбахт бошед.


  1. Чизеро, ки тағйираш дода наметавонед, қабул кунед. Агар тағйир дода тавонед ва хоҳед, пас тағйираш диҳед.

  2. Шахсонеро, ки таркатон мекунанд, барои нарафтан зорӣ накунед, гузоред, то раванд.

  3. Мусиқии дӯстдоштаатонро гӯш кунед ва бо овози баланд баробараш сароед, рақс кунед.

  4. Давиданро шурӯъ намоед. Дави хуб, дароз. Давед, то он замоне, ки худро хуб ҳис накунед. Дар охир Шумо ба қадри кофӣ монда мешавед, ки ин эҳсосоти бадро кам мекунад. Боз чӣ гуна варзишҳо барои оғози кор вуҷуд доранд?  Ин ҷо бихонед: “3 машқи осони субҳгоҳӣ”

  5. Ашхосеро, ки дӯсташон медоред, занг занед. Танҳо шунидани овозашон рӯзи шуморо беҳтар мекунад.

  6. Ба шахси ношинос лабханд бизанед. Ин ба табассуми ҳардуятон сабаб хоҳад шуд.

  7. Таъриф (комплимент)-и махфиву беном фиристед.

  8. Номи чизе ё касеро, ки бад мебинед, дар варақе нависед. Даронедаш. Сӯзонедаш.

  9. Филми дӯстдоштаатонро тамошо кунед.

  10. Ба худ бовар дошта бошед! Зиндагӣ якранг нахоҳад монд.  Рӯзҳои хуб интизори Шумоянд.

Тавсияи дигаре медонед, гӯед, то омӯзем. 😉

4 тавсияи олӣ барои хушҳолӣ

Мақолаи қаблӣҲеҷ гоҳ ин амалҳоро ба худ раво набинед 2.
Мақолаи баъдӣДарси кӯтоҳе аз равоншиносӣ

2 ШАРҲ

  1. Хар субх бо рухи болида аз хоб бедор шавед ва хар шаб аз худ бипурсед чи корхои хубро анчом додед.
    Чунон нафас кашед ки гуе он охирон нафаси шумо бошад,шахсе ки маргро фикр мекунад аз бади нафрат дорад.

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед