Мустаҳабот ва одоби Таҳорат

0

Дар ин мақола оиди Мустаҳабот ва одоби Таҳорат маълумот оварда мешавад. Оиди чӣ тавр таҳорат кардан қадам ба қадам дар ин мақола маълумот овардаем: Тарзи Таҳорат кардан (Чӣ тавр таҳорат кунем?)

тахорат кардан, тарзи тахорат, тахорат килиш, тахорат тартиби, тарзи тахорат кардан бо забони точики

Мустаҳабот ва одоби Таҳорат инҳо мебошанд:

1.Аз рост сар кардани ҳар аъзо дар вақти таҳорат кардан. (Аввал дасти рост ва баъд дасти чап).

2.Масҳи гардан намудан.

3.Таҳоратро пеш аз намоз кардан.

4.Оби таҳоратро худи таҳораткунанда муҳаё намудан.

5.Дар вақти таҳорат сухани дунё нагуфтан.

6.Дар вақти таҳорат рӯй ба ҷониби қибла нишастан,

7.Исроф накардани об ва вақт.

8.Обдастаро баъди вузӯъ холӣ нагузоштан.

9.Дар вақти шустани пой обдастаро бо дасти рост гирифта рехтан ва бо дасти чап молиш додан.

10.Дар ғар-ғара кардани даҳон ва дар ҳолати дар бинӣ об гирифтан неку муболиға кунад, то ки даҳон ва бинӣ покиза шавад. Аммо шахси рӯзадор ғар-ғара ва ба бинӣ об кашиданро сусттар кунад, то ки ба ҳалқ ва димоғаш об наравад.

11.Дуои ба хилоҷо даромадан ва аз он баромаданро хондан. Дар хилоҷо бо пои чап даромадан ва бо пои рост баромадан.

12.Дар вақти таҳорат кардан калимаи Таййиба ва шаҳодатро хондан.

13.Дар ваҳти рӯйро пок кардан сураи “Қадр” (“Инно анзалноҳ”)-ро хондан.

Баъди таҳорат, агар вақтҳои макруҳ набошад, ду ракаъат намози шукри вузуъ хондан.

Инчунин хонед:

Шиканандаҳои Таҳорат

Мустахабот ва одоби Тахорат, тахорат мустахаб, чи тавр бояд намоз хонд, мустахаб дар тахорат.

Мақолаи қаблӣСуннатҳои Таҳорат
Мақолаи баъдӣМакруҳоти Таҳорат