Ҳеҷ гоҳ ин амалҳоро ба худ раво набинед 2.

0

Зиндагӣ бароятон пурарзиш аст? Мехоҳед то охир ҳамон хел давом ёбад? Пас, аз иҷрои  амалҳои  зерин  даст кашед, зеро ки инҳо ояндаатонро  хароб ва  нуфӯзи Шуморо миёни дигарон аз байн мебаранд. 


Дурӯғ умри дароз надорад. Дер ё зуд ошкор мегардад. Барои ҳамин кӯшиш кунед, то аз ин амал даст кашед.


Барои худатонро сафед кардан ҳеҷ гоҳ дигареро зери хиҷолат нагузоред.


Туҳмат кардан оқибати хуб надорад. Шахси туҳматчӣ монанди шағол дар байни шерон аст. Даст кашидан аз ин амал ба фоидаи шумост.


Фиребгар касест, ки барои барори кори худ аз ҳама роҳу усулҳо истифода мебарад. Беҳуда фиребгарро рӯбоҳ ва ё маккор намегӯянд. Оё мехоҳед рубоҳ бошед?  Ин амал ба Шумо намезебад. Ислоҳи ин ба Шумо хушбахтӣ меорад.  Пас,  шитобед.


Хиёнат кардан ба мисоли касеро ба оташ партофтан аст. Шахси хиёнаткорро хоин мегӯянд. Аз хиёнат ба ватан, ба дӯстон, ба наздикон ва умуман ба тамоми одамон даст кашед, зеро обрӯятонро аз даст медиҳед.


Чаро Шумо дигареро дашному суханҳои қабеҳ мегӯед? Оё бароятон  манфиате меорад? Ё табъатон хуш мегардад. Агар табъи шуморо хуш кунад, донед, ки табъи  чандин каси дигарро хира мегардонад. Дар вуҷудатон агар заррае мардӣ дида шавад, аз ин амал даст кашед.


Ғайбат карданро дуст медоред? Оё медонед, ки ғайбат аз дурӯғ дида амали пасттар мебошад. Пас чаро ғайбат мекунед? Агар одами дурӯғгуро ҳамагон бад бинанд, одами ғайбатчиро Худо бад мебинад. Ин амал шарафи шуморо заиф месозад. Аз имрӯз шурӯъ кунед, то дигар  ғайбат накунед.


Барои баланд бардоштани нуфузатон дар байни дигарон аз содатарин чизҳо шурӯъ кунед. Зеро ба инобат нагирифтани як амали хурд метавонад,  рафтори шуморо дигар кунад. Аз имрӯз шурӯъ кунед, чунки фардо дер мешавад.

Ин амалҳоро ҳеҷ гоҳ ба худ раво набинед!

Мақолаи қаблӣ11 далели аҷиби Олмон
Мақолаи баъдӣИҷрои ин 10 тавсия хушбахтӣ меорад

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед