4 тавсияи олӣ барои хушҳолӣ

0

“Димоғи чоқ” ё худ табъи хуш доштан мехоҳед? Вақти мо хеле арзиши баланд дорад, онро бо “рӯйи турш” барбод додан аҳмақист. Инсонҳое ҳам вуҷуд доранд, ки бо сабабҳои гуногун хушҳол буда наметавонанд. Агар шумо аз зумраи онҳоед, пас ин тавсияҳо барои шумост.


1. Бахшанда бошед. Гуноҳи дигаронро бубахшед. Фаромӯш насозед, ки дар дил гирифтани кина аввалан ба худи шумо таъсири манфӣ мерасонад.


2. Ҳар вақте ки хаста мешаведу дилмонда, бо дӯстонатон вохӯред. Олӣ мешавад, агар дар вохӯрӣ нафарони зиёд иштирок намояд. Равоншиносон исбот намудаанд, ки дар миёни дӯстон табъи хира ва ҳоли бад вуҷуд надорад.


3. Шуғли ҷадид аз худ кунед. Давоми ҳафта касб, ҳунар ва ё амалеро ки бароятон бегона аст, аз бар намоед.


4. Кӯшиш кунед, ки матолиби хандадор мутолиа намоед. Наворҳои ҳаҷвӣ, расмҳои хандаовар ва ё латифаҳо барои хушҳол намудани шумо таъсири хеле хуб мерасонанд.


Инҳо чанд тавсияе буданд, ки амалӣ карданашон ба шумо хушҳолӣ мебахшад. Боз чӣ роҳҳоро барои доштани руҳи болида медонед? Марҳамат, нависед.

Иҷрои ин 10 тавсия хушбахтӣ меорад


Дар таҳияи матлаби боло китоби “Қоидаҳои зиндагӣ”-и Евгений Шишков истифода шудааст.

Мақолаи қаблӣ6 рафтори ҷоҳилона
Мақолаи баъдӣЧанд донистанӣ оид ба “Hollywood”

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед