Дар намоз 12 фарз аст, ки иҷрои ин амалҳо барои намозгузор ҳатмӣ мебошанд. Хотиррасон мешавем, ки мо Тарзи хондани Намозҳои панҷвақтаро дар ин мақолаҳо қадам ба қадам нишон додем, ки фарзҳои намозро низ дар бар мегиранд: Намозҳои Панҷвақта

Фарзҳои намоз ба Фарзҳои берунии намоз ва Фарзҳои дохили намоз ҷудо мешаванд.
Фарзҳои беруни намоз
- Оби пок. Тоҳир будани бадани намозгузор ва либоси ӯ.
- Ҷои пок. Маконе, ки намозгузор мехоҳад, дар он намоз бигузорад, аз ҳар гуна наҷосат бояд пок бошад.
- Ҷомаи пок. Авраташро пӯшонад. (Аврати мард, ки пӯшонидани он фарз аст, аз зери ноф то зери зону мебошад). Аммо миқдори аврати зани озод тамоми баданаш ба истиснои рӯ, дастҳо ва пойҳояш мебошад.
- Вақт. Ҳар намозеро дар вақти худаш ба ҷо оварад.
- Қибла. Рӯ ба қибла намудан.
- Ният. Бо ният дохили намоз бишавад, бояд бидонад, ки кадом намозро мехонад ва онро ҳамчу фармони Худованди олам ба ҷо оварад.
Фарзҳои дохили намоз
- Такбир. Такбири таҳрима (дохил шудан ба намоз бо гуфтани “Аллоҳу Акбар”)
- Қиём. Дар намоз рост истодан.
- Қироат (агарчи ба миқдори як оят) дар ҳар кадом ду ракаъати намозҳои фарз ва дар ҷамиъи ракаъатҳои витр ва нафл.
- Рукӯъ. То миён хам шудан
- Саҷда. Пешониро бар замин ниҳодан
- Қаъдаи охир (бо миқдори хондани ташаҳҳуд).
Адои фарзҳои номбаршуда барои намозгузор ҳатмӣ мебошад. Дар сурати тарк кардани яке аз ин фарзҳо чӣ қасдан бошад ва чӣ аз рӯи фаромӯшӣ намозаш саҳеҳ намешавад ва бояд намозашро аз нав бихонад.
Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.
| Дигар маводҳо: |
дар намоз чанд фарз, дар намоз чанд фарз аст, намоз чанд фарз дорад, дар намоз чанд фарз ҳаст, фарзхои намоз, намоз фарзхо, фарзи намоз.



Фарзи беказо