
Падари таърих Ҳеродот дар бораи форсҳо чунин мегӯяд:
– Форсҳо аз панҷ то бистсолагӣ фарзандонашонро се чиз меомӯхтанд: аспдавонӣ, тирандозӣ ва ростгӯӣ;
– Форсҳо дуруғгӯиро бадтарин хислати инсон мешуморанд ва аз қарз гирифтан худдорӣ менамуданд, зеро қарздодагон метавонанд онҳоро ба дурӯғгӯй водор созанд;
– Форсҳо дар кӯчаҳо туф ва наҷосат намекунанд, ахлот намепартоянд, дастурӯяшонро бо оби равон намешуянд то обро ифлос накунанд.
– Форсҳо аз қадимулайём ҷавононашонро ба варзиш, давидан, аз сарди ва гармӣ тоқатфарсоӣ, истифода бурдани яроқу аслиҳа, аспсаворӣ меомӯхтанд. Хислати асосии онҳо далерӣ, мардонагӣ ва диловарӣ мебошад;
– Форсҳо бачаҳояшонро ба судҳо мебурданд то онҳо ҷараёни судро бубинанд ва асоси адлияро донанд;
– Форсҳо ҳамсояҳои худро ҳурмат мекарданд. Онҳое, ки барои нигаҳ доштани мамлакат хизмат мекарданд бо мукофоти бузург қадрдони мешуданд;
– Форсҳо ҳеҷ гоҳ пора намегирифтанд, даст ба дузди намезаданд ва моли бегонаҳоро азхуд намекунанд. Аз пурхурӣ худдорӣ менамоянд.
© Озод Ҳодизода


